Раҳбари Коллеҷи хореографии Тоҷикистон ба номи Малика Собирова фармони худ дар бораи аз кор озод намудани Саида Рустамова -- омӯзгореро, ки барои гӯш накардани паём аз кор ронда шуд, бекор кардааст.
Кенҷаев фармонашро пас гирифт
Кенҷа Иброҳимов, раҳбари ин муассиса дар пайи як амрномаи Иттифоқи касабаи Тоҷикистон ахиран бо як фармони худ Саида Рустамова, устоди шӯъбаи рақси классикиро ба ҷои кори қаблӣ барқарор кард. Кенҷа Иброҳимов, раҳбари Коллеҷи хореографӣ ҳам рӯзи 16-уми феврал дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба созиш омаданд. Ӯ нахост дар ин бора зиёд сӯҳбат кунад.
Пас аз ронда шудани Саида Рустамова, ду фарзанди ин омӯзгор ҳам, ки дар Коллеҷи хореографӣ мехонданд, ба мактабҳои дигар гузаштанд.
Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ дар пайи таҳқиқи қазияи рондани устоди коллеҷ барои тамошо накардани паёми президент ба ин хулоса омадааст, ки амали роҳбари муассисаи таълимӣ ғайриқонунӣ буд. Муҳаммад Қурбонов, нозири ҳуқуқи ин кумита мегӯяд, талаботи роҳбари Коллеҷи хореографӣ барои ширкати тамоми кормандон дар ҷараёни тамошои паёми президент, дуруст буд. Аммо тартиби хориҷ кардани корманд, ки бидуни огоҳӣ ва танбеҳ сурат гирифтааст, ғайриқонунӣ аст.
"Корфармо ба иштибоҳ роҳ дод"
Муҳаммад Қурбонов дар ин робита гуфт, "Саида Рустамова барои поймол шудани ҳуқуқаш аз сӯи корфармо муроҷиат кард. Дар асоси ариза бо раҳбарияти коллеҷ вохӯрдем. Маълум шуд, ки корфармо дар пайи надонистани санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ба иштибоҳ роҳ додааст. Фармоиши ғайриқонунии раҳбари муассисаро бекор ва Саида Рустамоваро ба ҷойи кор барқарор кардем. Маблағи ӯ аз 15-уми январ то рӯзи барқарор шудан ба кор ҳам пардохт мешавад."
Аммо Саида Рустамова мегӯяд, то ҳанӯз фармон ва даъват ба корро ба даст нагирифтааст ва интизори посухи вазорати фарҳанг аст: "Ман омодаам ба кор баргардам, аммо ҳоло ҷавоби ман дар ин ниҳод омода нест. Ва касе ҳам маро ҳоло ба кор даъват накардаст."
Саида Рустамова беш аз 20 сол аст, ки дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекунад. Ду маълумоти олии мусиқӣ дорад ва Донишкадаи санъат ва Консерваторияи миллии ба номи Талабшоҳ Сатторовро бо тахассуси мусиқишинос хатм кардааст. Мегӯяд, модари танҳо аст ва барои таъмини ду фарзанд дар чанд ҷой кор мекунад, вале кори аслиаш дар Коллеҷи хореографӣ буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Гуфтам, чӣ гуноҳ кардам, кӣ ронда шудам?"
Бо ёдоварӣ аз қазия ронда шуданаш аз кор гуфт, рӯзи ироаи паёми президент ба порлумон, ба далели набуди ҷойи нишаст баъди ним соати интизорӣ, ба кори дигараш рафт. "Дар коллеҷ беш аз 100 нафар таҳсил мекунд ва 90 нафар корманд дорем. Толори нишаст хурд буд ва ҷой барои нишастан наёфтам. Рӯзи 4-уми январ дар маҷлиси омӯзгорон роҳбар маро сарзаниш кард, ки чаро то охир набудам. Ман сабабро гуфтам",-мегӯяд Рустамова.
Баъдан дар ин ҷаласа ба Рустамова гуфтаанд, ки ӯ аз кори асосӣ ба шартномавӣ гузаронида мешавад. Ба ин тасмим ӯ розӣ нашуд ва аз кор ронда шуд. “Ман ба назди роҳбар даромадам, оромона гуфтам, оё ин аз рӯи қонун аст магар? Ман чӣ гуноҳ кардам? Гуфтам, вақте шартномавӣ шудам, дар моҳҳои таътил бачаҳои ман бе кӯмакӣ молӣ мемонанд. Аммо ӯ гуфт, ман садто консертмейстер меёбам, куҷое шикоят мекунӣ бикун.”
Ин ҳам дар ҳолест, ки ин омӯзгор мегӯяд, давоми 4 сол дар ин муассиса масъулияти худро содиқона иҷро мекард ва ба ҷои ду омӯзгор кор кардаву маоши як нафарро мегирифт. Ҳоло мехоҳад, маоши яксолаи ӯ ҳам ба ҷои омӯзгори дигар пардохт шавад.
Пас аз ронда шудани Саида Рустамова, фарзандон ин омӯзгор ҳам, ки дар Коллеҷи хореографӣ мехонданд, ба мактабҳои дигар гузаштанд. Духтари ӯ дар синфи 10 ва писараш дар синфи 6 таҳсил мекард. Рустамова мегӯяд, фарзандонаш баъди дидани имзои омӯзгорон дар санад, ки зидди модарашон навишта шуда буд, нахостанд таҳсилро идома диҳанд. “Санаду гузоришҳои бардурӯғ навиштанд. Имзо монданд. Фарзандон ман гуфтанд, дар ҷое ҳақиқат нест, мо намехонем.”
Ӯ мегӯяд, даъвои асосиаш бо раҳбари мактаб ин аст, ки ғайриқонунӣ ва бидуни огоҳӣ бо тӯҳмат аз кор ронда шуд. Ин омӯзгор, ки мегӯяд, дар кишвар ба садҳо шогирд дарс гуфтааст, намехоҳад фардо бо як тасмими ғайриқонунии раҳбари муассиса номаш доғдор шавад. “Вақте дар зери гузориш оид ба ронда шуданам дар расонаҳо дидам, ки садҳо нафар ба ҷонибдории ман навиштаанд, хеле хушҳол шудам. Ман ба ҳамаи онҳое, ки аз ҳақиқат ҷонибдорӣ мекунанд, миннатдорӣ мекунам.”
Саида Рустамова мегӯяд, ӯ ҳеҷ гоҳ зидди давлату президент ҳарфе нагуфтааст ва нисбат ба раиси ҷумҳур ҳам эҳтиром дорад.
"Чунин мутахассисон хеле каманд"
Ронда шудани устоди шӯъбаи рақсҳои классикӣ ҳам дар ҳолест, ки гуфта мешавад чунин мутахассисон дар муассисаҳои таълимӣ-фарҳангӣ каманд. Нусрат Исломов, мудири кафедраи санъати сарояндагии эстрадӣ дар Консерватория миллӣ, ки Саида Рустамова ҳам қаблан он ҷо кор кардааст, мегӯяд, “муаллима як сол бо мо шартномавӣ кор кард. Ба ду муаллим кӯмак кард. Омӯзгори ҳалим ва ватандӯст аст. Чунин мутахассисон каманд ва лоиқи дастгирӣ ҳастанд.”
Кенҷа Иброҳимов, роҳбари Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Саида Рустамова дастуру супоришҳои коллеҷро иҷро намекард ва бо ҳамин шева аз чанд муассисаи дигари таълимӣ ҳам аз кор ронда шудааст. Иддаое, ки худи омӯзгори рондашуда рад мекунад.
Ҳодисаи монанд ба ин дар Тоҷикистон соли гузашта ҳам рух дода буд. Баъд аз сафари президент ба ноҳияи Хуросон, раиси кумитаи занони ноҳия барои ташкили нодурусти ҳунарнамоии гурӯҳи бонувони доиранавози “Очаҷонҳо”, аз кор озод шуд. Ҳодиса 9-уми август рух дода, 24 август Зиёда Саломова дар мақомои раиси кумитаи занони Хуросон барқарор шуд ва раиси ноҳия аз сӯи президент танбеҳ гирифт.