Марзбонҳои украинӣ дар сарҳад бо Лаҳистон як зани тоҷикро ҳамроҳ бо духтараш бо гумони убури ғайриқонунии марз боздошт карданд. Масъулини идораи марзбонии Украина мегӯянд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон 48 сол дошта, духтараш 9-сола аст ва ин ҳарду дар ҳудуди қитъаии марзии Лвов бо кишвари аврупоии Лаҳистон ошкор ва боздошт шудаанд.
Андрей Демченко, раҳбари дафтари матбуоти хадамоти марзбонии
Эҳтимолан онҳо ба хотири дарёфти шароити беҳтари зиндагӣ талош карданд ба Аврупо роҳ ёбанд. Андрей Демченко
Украина рӯзи 28-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 26-уми август ба ҳангоми кӯшиши убури марзи Украина ва талоши ворид шудан ба Лаҳистон дар наздикии мавзеи Бутсев (Украина) аз ҷониби марзбонон боздошта шуд”.
Ба гуфтаи ӯ, модару духтар дар як ҷангалзори ноҳияи Мостийскаи вилояти Лвов, ки бо Полша ҳамсарҳад аст, боздошт шудаанд. Вай гуфт, ки ҳодисаи боздошт тахминан соатҳои 18:00 рӯзи 26 август дар наздикии хати марз бо Полша рух дод. Ба гуфтаи ӯ, онҳо визаи Полша ё дигар кишвари аврупоиро надоштанд ва макони боздошташон ҳам каме дуртар аз як посгоҳи марзӣ буд. Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудаҳо ният надоштанд, ки аз посгоҳи расмии марзӣ убур кунанд.
Ҳуввият ва шахсияти ин зану духтараш то шоми 28 август барои Радиои Озодӣ маълум шуд, аммо пайвандонаш нахостаанд ному насаби ӯ расонаӣ шавад. Гуфта мешавад, як нафар аз фарзандони ин зан дар гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ ба тундӣ аз ҳукумат танқид мекард, ду сол инҷониб нопадид аст.
Пас аз ин зоҳиран зан талош кард бо убури марзи Украинаву Полша худро ба назди пайвандонаш дар кишварҳои аврупоӣ бирасонад.
Муҷозоти марзшиканӣ - то 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ
Демченко гуфт, дар нисбати ин зан тибқи банди 2-уми моддаи 204-уми Кодекси маъмурии Украина “Убури ғайриқонунӣ ва ё кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Украина” парванда тартиб дода шуда, ба додгоҳ ирсол шудааст. Ин модда пардохти ҷарима ваё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати то 15 шабонарӯзро дар бар мегирад. Дар сурати аз ҷониби шаҳрванди хориҷии мӯҳтоҷи кӯмаки амниятӣ поймол шудани ин модда муҷозот пешбинӣ намешавад.
Модару духтар бо вакил дифоъ таъмин шудаанд. Мурофиа рӯзи 29 август дар додгоҳи ноҳияи Мостийска баргузор мешавад. Демченко гуфт, ки ҳуввияти ин зан ва фарзандаш барои органҳои тафтишотӣ мушаххас шудааст, вале феълан онҳо аз ошкор шудани ин ҷузъиёт барои матбуот худдорӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки тафтишот идома дорад ва сарнавишти баъдии модару духтар баъди мурофиаи додгоҳӣ мушаххас мешавад, мақомоти марзбонии Украина мегӯянд, ки дар давоми 6 моҳи аввали соли ҷорӣ аз 10 ҳодисаи убури ғайриқонунии марз аз ҷониби шаҳвардони Тоҷикистон ҷилавгарӣ кардаанд.
Шумори паноҳҷӯёни тоҷик дар Полша “чандсад баробар афзоиш ёфтааст"
Украинаву Беларус бо Полша – як кишвари Аврупои Шарқӣ ва узви Иттиҳодияи Аврупо марзи муштарак доранд. Дар давоми ду-се соли охир даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ин қаламравро бо ҳадафи роҳ ёфтан ба Аврупо ва ироаи аризаи паноҳандагӣ истифода кардаанд. Дар миёни онҳое, ки бо мақоми паноҳандагӣ ва ҳам номзад ба паноҳандагӣ дар Аврупо ба сар мебаранд, собиқ аъзои гурӯҳ ва созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯи сиёсӣ, назири “Гурӯҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошанд.
Ин афрод бо макони зисти муваққаттӣ, маблағи муайян ва дарсу курсҳои омӯзишӣ таъмин мешаванд, бархе бо аъзои оилаашон ба сар мебаранд. Мақомоти Полша гуфтаанд, ки соли 2016 - 539 шаҳрванди Тоҷикистон дар Полша ё Лаҳистон соҳиби паноҳгоҳ шуда, дархости беш аз 3000 нафари дигар рад шудааст. Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, рӯзи 4 август дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, "аксари онҳое, ки аз Аврупо дархости паноҳандагӣ мекунанд, муҳоҷирони кории тоҷиканд, ки дар гузашта ё дар Русия ё Украина кор мекарданд."
Августи порсол Ализода таъкид кард, теъдоди онҳое, ки аз Лаҳистон паноҳандагӣ хостаанд, ба 500 нафар мерасад. Моҳи маи соли ҷорӣ дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ сафири Полша дар Тоҷикистон Петр Ивашкевич ҳам гуфт, ки дар ду соли охир шумори паноҳҷӯёни тоҷик дар Полша “чандсад баробар афзоиш ёфт”. Вай гуфт, “сабаби чунин амр мухталиф аст. Фикр мекунам, як сабаби асосӣ коҳиш ёфтани имкони кор дар кишварҳои суннатии муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон, яъне дар Русия, Қазоқистон ва Беларус мебошад. Ин ҳама паёмадҳои таҳримҳои зиддирусиягӣ, бӯҳрони молӣ ва коҳиши қурби рубли русӣ аст.
Ба ин хотир, муҳоҷирони кории тоҷик табиатан шароити беҳтареро ҷустуҷӯ мекунанд. Наздиктарин кишвар Лаҳистон аст”. Аз сӯи дигар, дипломати баландпоя гуфт, ҳар фарде, ки аз назорати сохторҳои дахлдори Полша гузашта, ба ҳайси фарди паноҳҷӯ ба қайд гирифта мешавад, мувофиқ бо мақомаш бо санадҳои зарурӣ таъмин ва будубоши баъдии ӯ дар ин кишвар қонунӣ мешавад.