Манобеъ: "Як чӯпони тоҷикро дар марз бо Афғонистон рабуданд"

Гурӯҳи ношиносе як чӯпони тоҷикро дар марз бо Афғонистон рабудааст. Манбаъҳои ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфтанд, ки Тӯрахон Нурматов дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон чӯпонӣ мекард. Ҳодиса рӯзи якуми январи имсол иттифоқ афтодааст ва ҳоло ҷустуҷӯи ӯ идома дорад.

Тӯрахон Нурматови 42-сола сокини ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аст, аммо чанд сол боз дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин кор мекунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қочоқбарон посбони "Тоҷиддин-командир"-ро рабуданд

Як манбаи Радиои Озодӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, "то ба ҳол сабаби рабуда шудани ӯ ва ҳамин тавр дар куҷо буданаш маълум нест. Назорат дар марз шадид аст ва дар навбати аввал сабабҳои дуздида шудани ӯ бояд маълум шавад".

Манбаъ гуфт, соҳиби чорвое, ки Тӯрахон Нурматов онҳоро бонӣ мекард, сокини ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Саймуддин Қурбонов буда, се сол пеш бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст.

"Инҳо ду чӯпон будаанд. Тибқи таҳқиқи ибтидоӣ, гуруҳи ношинос чӯпони ҷавонтарро бо худ бурдаанд ва чӯпони нисбатан пир дар чаро мондааст. Чӯпони дувум нақл кардааст, ки ин гуруҳ афғонҳо нимирӯзӣ ба онҳо наздик шуда нахуст обу нон талабиданд. Тӯрахон Нурматовро бегоҳӣ бурдаанд", - афзуд манбаъ.

Юсуф Табаров, раиси ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, рӯзи 3-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дирӯз ҳамроҳи сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ба ҷои нигоҳубини чорво рафта будем. Ба ҷуз онки ҳодиса рӯзи якуми январ иттифоқ афтодааст, феълан чизи дигаре ба мо маълум нест."

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Панҷ соли Ситора дар асорати Муҳаббат дар Афғонистон

Ҷузъиёти дигари ҳодиса маълум нест. Дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ин ҳодисаро на рад ва на тасдиқ накарданд. Танҳо гуфтанд, ки “агар хабаре шуд, бо расонаҳо дар миён мегузоранд”.

Дар гузашта ҳодисаҳои аз ҷониби сокинони Афғонистон ба он сӯи марз бурда шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ҷой доштааст. Бештари ин ҳодисаҳо ба “додугирифти маводи мухаддир" рабт мегирифт.