Як ҷавонзани тоҷик муйи сари худро, ки ҳудуди 2 метр дарозӣ дорад, ба маблағи беш аз 1000 доллар ба фурӯш гузоштааст.
Шифо Исмоилова, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе рӯзи ҷумъаи 28 феврал зимни сӯҳбат дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки "мушкилоти зиндагӣ - маҳз бехонагӣ ӯро водор кардааст, то муйи сарашро фурӯшад."
Зеро ба гуфтаи Шифо, вай, шавҳару се фарзандаш солҳои зиёд аст, ки дар манзили иҷора ба сар мебаранд ва ҳамакнун қитъа заминеро дар пойтахт гирифта, мехоҳанд хона бунёд кунанд. Аммо ба таъкиди Шифо, барои бунёди манзил дар ин қитъаи замин маблағи кофӣ надоранд. Шифо мегӯяд, харидорони муйи сараш зиёданд, аммо маблағи пешниҳодии онҳо, ниёзи ӯро бароварда намекунад.
Вай гуфт, «Албатта зебогии ман мӯйи сарам аст, вале ҳоло, ки дар зиндагӣ камбудиҳо зиёд аст, хона надорем, барои сохтмони хона маблағамон камӣ мекунад ва чун талабот ба мӯй ҳам ҳаст, хостам онро фурӯшам. Боз ман, ки се фарзанди хурдсол дорам, ҳоло дар нигоҳубини мӯйи дароз мушкилӣ мекашам. Бо нархи нағз мехоҳам фурӯшам, яъне болотар аз ҳазор ё то ду ҳазор доллар.»
Ин ҳам дар ҳоле, ки Шифо бо мӯйи дарози худ дар ҷашнвораҳои "Чакомаи Гесу" ҳам ширкат кардааст ва мегӯяд, дар гузашта чандин пешниҳодҳо аз Тоҷикистону берун аз он барои харидории мӯйи сараш шуда буд, аммо он замон ӯ аслан намехост мӯйи худро кӯтоҳ кунаду бифурӯшад.
Ҳатто як шаҳрванди хориҷӣ дар ивази пардохти 15 ҳазор доллар хостааст, мӯйи сари Шифоро харидорӣ кунад, аммо ин ҷавонзан мегӯянд, он замон ҳомиладор буд ва суннатҳо инро иҷоза намедод ва пешниҳоди фарди хориҷиро рад кардааст.
Наздикону пайвандони Шифо, ки он вақт ба фурӯхтани гесӯи дарози ӯ зидд буданд, ҳоло умедворанд, ки агар ӯ мӯяшро занад ҳам, ба зудӣ боз соҳиби кокули дароз хоҳад шуд: “Шавҳарам, албатта, ошиқи мӯйи дарозам ҳаст, аммо чун мебинад, ки дар хона бо кӯдакон мушкил мекашам розӣ ҳаст, ки мӯяро кӯтоҳ кунам. Мӯйи мо авлодан ҳамин хел пурамал аст. Борҳо онро қайчӣ задам, аммо боз зуд дароз мешавад.»
Шифо дар ҳоле чунин тасмим гирифтаву мӯяшро ба фурӯш гузоштааст, ки ҳоло дар Тоҷикистон доштани гесӯ ё мӯйи дароз миёни духтарон мӯд шудааст. Барои амалӣ кардани ин орзӯи худ аксаран духтарон аз мӯйҳои сунъӣ, ки дар кошонаҳои ҳусн ё фурӯшгоҳҳо бо нархи гарон фурӯхта мешаванд истифода мекунанд. Махсусан бо фарорасии фасли баҳор ва дар арафаи иду ҷашнҳо ба гуфтаи Гулнора Мирзоева, як корманди кошонаи ҳусни «Амина» воқеъ дар маркази шаҳр, талабот ба мӯйҳои изофа хеле зиёд шудааст.
Гулнора дар ҳоле, ки ба мӯйи духтаре мӯйи сунъӣ илова мекард, гуфт, доштани мӯйи дароз ва хариду фурӯши мӯй дар Душанбе аз 6 соли қабл шурӯъ шуд. «Зиёданд духтароне, ки мӯйи кам доранд, ё мӯйи сарашон дер дароз мешавад ва онҳо бештар аз ҳамин мӯйҳои иловагӣ ё сунъӣ истифода мекунанд. Бо мӯйи дароз, албатта, хеле зебо мешаванд духтарон ва агар мӯй зиёду дароз бошад, мешавад мӯйро ба шакли мухталифу зебо ороиш дод. Ҳоло чанд навъи мӯйи иловагӣ гузошта мешавад. Масалан як пачкаи мӯйи коркардшудаву тайёр, ки 100 грам аст беш аз 100 доллар фурӯхта мешавад. Ин навъи мӯйгузорӣ муваққатӣ аст ва одам метавонад ҳар лаҳзае, ки хост онро аз сараш бигирад ва боз бархе дар сари худ мӯй мегузоранд, ки нархи он гаронтар аст ва вобаста ба донаи мӯй ҳисоб мешавад, ва дусад мӯй масалан, бо нархи тақрибан 500 доллар гузошта мешавад.»
Гулнора мегӯяд, мӯйҳои фурӯширо онҳо дар кишварҳои дигар, махсусан Чин фармоиш медиҳанд ва ё аз худи соҳибони мӯйҳои дароз харидорӣ мекунанд. Зимнан, мисли Шифо имрӯз занону духтароне ҳам, ки бо сабабҳои гуногун мӯи худро мефурӯшанд, кам набудаанд.
Онҳое, ки ё оҷилан барояшон маблағ лозим асту ё аз як «дарди сар» халос шудан мехоҳанд, ғолибан ба кошонаҳои ҳусн рафтаву ба харидорону ороишгарон мӯяи худро пешниҳод мекунанд. Мӯйҳо албатта аз соҳибони аслӣ вобаста ба дарозӣ бон архи арзонтар масалан 200-300 сомони харида мешаванд, аммо пс аз каме тағйиру ороиш додан, чанд маротиб гаронтар фурӯхта мешаванд.
Азиза, ҷавондухтаре, ки дар як дар "Кошонаи ҳусн" ба мӯйи кӯтоҳи худ мӯйҳои аз миён поинтар илова мекард гуфт, чанд моҳ қабл ӯ 3 бастаи хурдакаки мӯйро бар ивази 300 доллар харидорӣ карда буд ва ҳамеша дар рӯзҳои ҷашну идҳо бо ин мӯйҳои дарози сунъиаш худро оро медодааст: «Ба як зодрӯз омодагӣ мебинам, ва мӯйи худам кӯтоҳ аст, як вақт буридаму баъд пушаймон шудам, аммо хеле дер дароз мешавад бинобар ин мӯй харидам ва ҳар бор дар идҳо бо ин мӯйҳои худамро зебо мекунам (механдад). Мисли мӯйи табии аст, аз мӯйи сарам ҳеҷ фарқ намекунад, фақат ба кошонаи ҳусн меоям то онро нағзтар карда ба сарам часпонанду наафтад.»
Зимнан ҳоло мӯйи рехтаву кӯҳнаи занону духтарони тоҷик ҳам харидор дорад. Соҳибкорони чинӣ бо пешниҳоди як миқдор маблағ ва ё ашёҳои рӯзғор аз мардум мӯйи сар мехаранд.
Харидуфурӯши мӯй дар Тоҷикистон дар ҳоле густариш меёбад, ки муддати чанд соли ахир, ҳукумат аз тариқи созмон додани озмуну ҷашнвораҳо мӯйдарозиро таблиғ мекунад. "Чакомаи гесӯ" аз ҷумлаи ин гуна ҷашнвораҳост, ки дар он мӯйҳои занону духтарони тоҷик ва анъанаи ороиши мӯй ва дарозу шинам будани он барои бонуи тоҷик ба маърази тамошо гузошта шудаву ташвиқ мешавад.
Аз Шифо Исмоилова ҷавонзане, ки мехоҳад мӯйи сари ҳудудан 2 метраашро бифурӯшад, мепурсам, ки дар ҳоле аксар духтарон дар орзӯи мӯйи дароз ҳастанду бо маблағҳои «дандоншикан» мӯй мехаранд, оё ӯ аз ин амали худ пушаймон нахоҳад шуд?, вай дар посух гуфт, «Худо хоҳад соҳиби сарпаноҳ шаваму зиндагиам хуб шавад, мӯи сарам боз дароз мешавад.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад