Марги муфоҷои яккаписар, пас аз як моҳи таҳсил. ВИДЕО

Субҳи панҷшанбеи 10-уми октябр дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ёди Дилмурод Фозилов, донишҷӯйи соли аввали ин донишгоҳ лавҳаи хотира гузошта шуд. Дар зери акси ин ҷавони 17-сола устодону донишҷӯён изҳори таассуф ва ба наздикониаш ҳамдарӣ намудаанд. Мақомоти донишгоҳ пули шартномаи солонаи ин ҷавонро ба хонаводааш баргардонд.

Дилмурод Фозилов, ки ҳамагӣ як моҳ қабл бо орзуву нақшаҳои зиёд таҳсилро дар ин донишгоҳ шурӯъ кард, субҳи 8-уми октябр дар роҳ ба дарс аз захми корд кушта шуд. Мақомот дар ин кор донишҷӯйи дигари Донишгоҳи тиҷорат Убайдулло Қурбонови 18-соларо гумонбар медонанд. Бино ба иттиилои Раёсати корҳои дохилаи шаҳри Душанбе, куштор дар пайи муноқишаи ду ҷавон сар задааст.

Шоҳидон мегӯянд, ҷанҷоли ҷавонон, ки зоҳиран ҳарду ба донишгоҳ меомаданд, аз дохили мусофирбар шурӯъ шуда, дар тангкучаи байни кӯчаи Борбад ва Чортут идома кардааст. Ҷисми дар ғун оғуштаи Дилмурод Фозиловро, Фарҳод Шарифов, донишҷӯи дигари Донишгоҳи тиҷорат дар ҳамин ҷо пайдо карда, фавран ба кӯмакашон шитофт. Дар ин роҳ ҳанӯз доғи хун мушоҳида мешавад.

Фарҳод Шарифов, мегӯяд, "ҳамин ҷо фуромадам, дидам, ки ду кас хоб аст. Яктааш ғарқи хун ва якеаш ҳам беҳол. Одамон бисёр буданд, аммо касе кумак намекард. Гуфтам, кумак кунед, то беморхона барем онҳоро. Ҳамин ҷо як мошини Опел истода буд, одамони ӯро фаровардем ва ҷавони кордазадаро ба мошин савор карда, ба беморхона бурдем".

Фарҳод мегӯяд, дар роҳ ба беморхона Дилмурод зоҳиран зинда буд ва талош кард ба ӯ чизе бигӯяд, аммо натавонист. Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, агар ба ҷавони фавтида каме зудтар кумак расонида мешуд, имкон дошт наҷот ёбад. Дар сару руйи ҷавони дигар, ки ҳамроҳи Дилмурод буд, низ осори лату куб мушоҳида шудааст. Фарҳод меафзояд, "дар бағалам гирифтам, захми дилашро ба дастам зер кардам, ки хунравӣ кам шавад дар роҳ чизе ишора кард ва чизе гуфтан мехост, ки дигар натавонист, ҷон дод".

Мақомот Убайдулло Қурбонов, донишҷӯи гумонбарро дар ҷараёни як амалиёт дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дастгир карданд. Зидди ӯ бар асоси моддаи "авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард" ва "одамкушӣ" парванда боз шудааст. Гумонбар дар ҳабси пешакӣ аст.

Мақомот аз 3 нафари дигар ҳам ном мебаранд, ки дар ин занозанӣ иштирок доштанд. Убайдулло Қурбонов хатмкардаи мактаби рақами 60 ва Дилмурод Фозилов хатмкардаи мактаби рақами 46-и ноҳияи Синои Душанбе будаанд.

Тафтишоти ибтидоии мақомот маълум кардааст, ки зоҳиран ду ҷавон "аз даврони мактабӣ ба ҳам хусумат доштаанд". Ин фарзия ҳам ҳаст, ки баҳси байни ду ҷавон сари як духтаре шурӯъ шудааст. Аммо дӯст ва ҳамсабақи мактабии Дилмурод, Акмал Сангов мегӯяд, ин воқеият надорад ва Дилмурод ягон дӯстдухтар надошт.

Пайвандону дустони Дилмурод мегӯянд, дар бораи баҳсу хусумати ӯ чизе намедонанд ва ҷавони гумонбарро ҳам намешиносанд. Ба таъкиди онҳо, Дилмурод ҷавони ҷангҷӯ набуд ва бештар дар вақти холӣ дар пешбурди зиндагии миёнҳолона ба модараш кӯмак мекард.

Мавҷигул Расулова, холаи Димурод мегӯяд, "бепадар ба воя расид, аммо ҷангҷӯ набуд. Дар куҷое ҷанг мешуд, давида хона меомад. Чӣ баҳс кардаанд, аз рӯйи чӣ ҷанг шудааст, намедонем. Модар ба дандонҳояш ӯро қапида калон карда буд, ки нагӯянд, бепадар аст".

Дилмурод ягона писари хонавода дар тарбияи модари танҳо ба воя расидааст. Ба гуфтаи наздикон, ӯ ҳар рӯз то рафтан ба донишгоҳ бо модараш, ки дар беморхонаи Қарияи Боло фаррош буд, кор мекард. "Намегуфт, ки ман бачаи калонам, айб аст. Аз соати 4 то 5 ва 6-и субҳ бо модараш роҳ меруфт ва омада чой хурда, мактаб мерафт. Кудак буд, вале тамоми ин хонаро бо дастони худаш сохтааст",- мегӯяд, Мавҷигул Расулова.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар занозании донишҷӯён дар Душанбе як нафар кушта шуд

Субҳи рӯзи ҳодисаи куштор ҳам ба гуфтаи Мавҷигул Расулова, Дилмурод аз кор баргаштаву ба дарс шитофта буд. Ба гуфтаи пайвандони ҷавони кушташуда, аз ҷониби наздикони гумонбар Убайдулло Қурбонов, касе барои ҳамдардӣ ба назди онҳо наомадааст.

Мақомоти Донишгоҳи тиҷорат мегӯянд, дар бораи ин ду ҷавон, ки ҳарду дар соли аввал, аммо факултаҳои мухталифи ин донишгоҳ таҳсил мекарданд, маълумоти зиёд надоранд. Ин ду донишҷӯ давоми як моҳи таҳсил дар дарсҳо пурра ширкат кардаанд.

Қатли ҷавони 17-сола, дар пайи муноқиша дар ҳолест, ки дар гузашта низ чандин низои маргбори муҳассилин дар кишвар сабт шудааст. Ҳодисаи ахир ва бо худ корд доштани як донишҷӯ ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин мавзуъро дубора доғ кард. Раёсати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе мегӯяд, натиҷаи як амалиёти онҳо муайян кард, ки имрӯз муҳассилини аксар муассисаҳои таълимӣ бо худ корд ё ашёе бо номи финка доранд.

Мақомот дар сар задани чунин ҳодисаҳо волидонро гунаҳкор медонанд, ки фарзандони худро беназорат гузоштаанд. Волидон дар навбати худ омӯзгоронро муқассир мехонанд.Таҳлилгарон бадҷаҳлу ҷангҷӯ шудани хонандагони макотибро дар зери муҳити саросар аз таблиғи хушунату куштор мондани онҳо медонанд.