"Ба роҳи дур меравам"... Дар Кӯлоб хонандаи мактаб худкушӣ кард

Дар шаҳри Кӯлоб ҷасади як хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнае ошкор шуд, ки бовар меравад, худро ба дор овехтааст. Мақомот мегӯянд, зоҳиран духтари наврас даст ба худкушӣ задааст.

Як манбаъ аз шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб рӯзи 6-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади як хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи маҳаллӣ рӯзи душанбе ошкор шуд.

Ба гуфтаи полис, ин ҳодиса ба худкушӣ монанд аст ва зоҳиран соатҳои тақрибан 16 ба 17-и рӯзи 5 феврал дар деҳаи Саричашмаи ҷамоати Кӯлоб иттифоқ афтодааст. Ба гуфтаи манбаъ, Оимхол Одинаева қабл аз худкушӣ, ба волидонаш мактуб гузошта хайрухуш кардаааст, ки "ба роҳи дур" хоҳад рафт.

“Хайр, оча, паноҳат ба Худо, ман рафтам он дунё”

Як ходими полис, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки ҷузъиёти баъди марги духтари наврасро додситонии маҳаллӣ мавриди таҳқиқ қарор додааст:

"Ин талабаи мактаби рақами 10 аст ва рӯзи гузашта худро дар хонаашон ба дор овехтааст. Пеш аз худкушӣ кардан, ба волидайнаш мактуб гузошта гӯёбо онҳо видоъ кардааст. Аммо ҷузъиёти мактубаш дар додситонӣ ҳаст", - афзуд манбаъ.

Ҳодисаи пайдо шудани ҷасади духтари наврас бо нишонаҳои худкуширо дар додситонии Кӯлоб низ ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Вале намояндаи додситонӣ гуфт, азбаски таҳқиқи ҳодиса шурӯъ шудааст, феълан аз ироаи ҷузъиёти бештар, аз ҷумла мазмуни номаи духтари наврас худдорӣ мекунанд.

Дар маркази ташхиси судию тиббӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баъди ташхис маълум карданд, ки духтар ҳеҷ нуқсе надошт ва дар бадани духтар ягон захм мушоҳида намешавад.

Модари Оимхол: духтарам дар орзуи таҷлили Наврӯз буд

Аммо Парвина Раҳимова, модари мотамзадаи Оимхол рӯзи 6-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бо духтараш рӯзи якшанбе ҳамроҳ кулчаву нон пухтанд ва то бегоҳ дар як хона қарор доштанд. Ба қавли модар, духтараш гуфтааст, ки ҳамсинфонаш барои ҷашни Наврӯз омодагӣ мегиранд ва ҳар кадоми онҳо мехоҳанд либоси чакан ба бар кунанд. Ӯ мегӯяд, ки рӯзи 5 феврал соатҳои 16 аз хона берун рафт, вале вақте баргашт, ҷасади духтарашро дар як кунҷи анҷомхона пайдо кард. Модар гуфт:

“Ҳамон рӯз чанд ҳамсояам нон пухта истода буданд. Яке аз онҳоро рафта кӯмак карда баъдан гуфтааст, ки “сари додараму хоҳарамро мешӯям ва номозамро мехонам” гуфта, рафта додару хоҳарашро оббозӣ дарондааст. Сари худашро шуста, рафта дар анҷомхона бо руймолаш худро ба дор кашидааст. Омадем, ки мӯйи сараш тар буд”, гуфт модари Оимхол.

Парвина Раҳимова дар идомаи суҳбаташ гуфт, ки духтараш батақво ва барои даргузашта бобояш зиёда аз 200 саҳифаи Қуръонро қироат карда буд.

Ҳамдеҳагону ҳамсинфонаш аз ӯ як духтари хубу шӯх тавсиф карданд. Ба гуфтаи ҳамсинфонаш, рӯзи ҷумъаи гузашта тақрибан бо ҳама аксбардорӣ кард, аммо касе намедонист, ки ду рӯз баъд ин фоҷеа рух медиҳад.

Зулқада Ҳусайнова, яке аз ҳамсинфони Оимхол Одинаева дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи шанбе бо ҳамсинфаш дар як парта нишаста дарс хонданд ва рӯҳияаш хуб буд. Зулқада аз Оимхол Одинаева тавсиф кард, ки як духтари хубу шух дар миёнӣ ҳамсинфонаш буд. Ӯ мегӯяд, ки ҳамсинфи ҷавонмаргаш як духтари хубе буд ва аз марги ӯ ҳама ғамзада шуданд:

“Рӯзи шанбе бо ман дар як парта нишаста дарс хонд. Рӯзи ҷумъа як аксбардор оамда ҳама акс гирифт ва ман нагирифтам, вале имрӯз Оимхол Одинаева дар байни мо нест. Ростӣ, як духтари хандорӯ ва шӯх буд ва ҳеҷ бовар намекардем, ки ӯ рӯзе даст ба худкушӣ мезанад”, - гуфт ҳамсинфаш.

Оимхол Одинаева ягона ҷавондухтаре нест, ки қасд ба ҷони худ мекунад. Хабарҳо дар бораи қасд ба ҷони худ кардани шаҳрвандон тақрибан ҳар моҳ пахш мешавад.

Аз ҷумла рӯзи 17-уми январи соли ҷорӣ як духтари 18-сола, ки аз ӯ М.Н. ном бурда мешавад, худро ба дарёи Душанбе андохта, аз ҷониби аҳолӣ наҷот дода шуд. Мақомот мегӯянд, тибқи оморҳои ахир, қисми зиёде нафароне, ки қасд ба ҷони худмекунанд ҷавондухтарони ба балоғат расида ва ё наздик ба балоғат ҳастанд.

Тибқи иттилои додситони минтақаи Кӯлоб дар як соли 2017 - 71 худкушӣ ба қайд гирифта шуда, нисбати соли гузашта се ҳолат зиёд будааст.