Эмомалӣ Бозоров -- донишҷӯи соли дувуми Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб буд ва гуфта мешавад, дар пайи як баҳси хонаводагӣ худро ба дор кашидааст. Масъулони Коллеҷи тиббӣ ва ҳамсабақҳои ин ҷавон, ки аз ӯ ҳамчун як инсони меҳрубони зиндадил ситоиш мекунанд, боварнакарданист, ки ҷавоне бо ин хислатҳои хуб ин гуна осон аз зиндагӣ даст бикашад.
Яке аз дӯстони Эмомалӣ Бозоров, ки нахост, номаш ифшо шавад, рӯзи сешанбеи 9-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “баҳси хонаводагӣ бо падараш буд ва ӯ дар байни чаҳор дақиқа худро ба дор овехтааст. Ӯ бачаи бисёр фаъол буд ва мо ҳайронем, ин чӣ баҳсе буд, ки ӯро ба худкушӣ водор кард?”-- Мегӯяд шарикдарси Эмомалӣ Бозоров.
Пулис сабабҳои худкушии ҷавони 20-соларо таҳқиқ мекунад.
Ин аввалин ҳодисаи ихтиёран аз зиндагӣ даст кашидани ҷавонони минтақаи Кӯлоб нест. Аммо ин ҳодисаҳо ҳеҷ гоҳ аз зовияи равоншиносӣ дуруст баҳогузорӣ нашудаанд ва маълум нест, ки асабоният ва рӯҳшикастагии ин ҷавонҳо масъалаи хусусии онҳост ё таъсири муҳите, ки дар он ба сар мебаранд.
Соли равон Олимҷон Назаров, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, ки дар хобгоҳи донишгоҳ ба сар мебурд, ба дунболи гум кардани ҳуҷҷати ронандагии бародараш бо як миқдор пул аз тарси бародар даст ба худкушӣ зад, вале бо амри тасодуф зинда монд. «Чанд бор кордро гирифта, хостам худкушӣ кунам, аммо ҳамроҳонам дидан баробар, пеши роҳамро гирифтанд. Билохира кӯшиш кардам ва чашми ҳамзистонамро гурезонда, кордро дар бадани худ задам, аммо эҳсос накардам, ки ба ҷони худ қасд кардам. Ин корро ба он хотир кардам, ки пулу ҳуҷҷати ронандагии бародарамро гум кардам,» -- гуфт Олимҷон Назаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.
Ҳодисаи дигаре, ки дар Кӯлоб сару садои зиёд ба бор овард, худро ба дор овехтани Дӯстмурод Асламхонов, донишҷӯи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб буд.
Дӯстмурод шоми 26-уми апрел худро бо рўймоли духтари дӯстдоштааш дар дарахти дӯлона, дар мавзеи Хучаки ноҳияи Мӯъминобод ба дор овехт.
Дӯстмурод дар ҳоле худро ба дор овехтааст, ки хонаводааш ӯро ба издивоҷ бо духтари дигар маҷбур кард. Дӯстдухтараш аз ин ҳодиса бохабар шуд ва бо ҳадафи худкушӣ доруи зиёд хурд. Ҷавон аз тарси он, ки духтари дӯстдоштааш ҳалок мешавад, худро ба дор овехт.
Бар пояи омори расмӣ, дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ, 41 сокини Кӯлоб қасди ҷони худ кардааст, ки аксари онҳо ҷавонҳо будаанд.