Ёқубҷон Назаралиев, сокини 21-солаи деҳаи Қизилюлдузи ноҳияи Бохтар, дар пайи фалаҷ шудани пойҳояш натанҳо роҳ гашта наметавонад, балки барои ҳаракат додани аробаи маъюбӣ низ нерӯи дастонаш камӣ мекунанд. Вале ӯ ба тақдир тан доданӣ нест ва мехоҳад, ки қолаби рӯзгори маъмулии маъюбиро бишканад.
Ӯ дар оғоз бо ёрии созмони "Ғамхорӣ" дар вилояти Хатлон кашфдӯзиро аз худ карда ва бо нӯги сӯзану ришта хонаводаи худро таъмин намудааст. Ҳоло Ёқубҷон Назаралиев худро дар симои як тоҷири муваффақ озмуданист ва барои ҳамин ба парвариши чорво шуруъ кардааст.
Ӯ мегӯяд, дар ивази нафақаи якмоҳаи маъюбияш ду сол қабл як буз харида буд ва ҳоло ин шумора ба нуҳ расидааст. "Мурғ ҳам дорам. Як бузи мо имсол сегоник ба дунё овард. Як гӯсфанд ҳам доштам, ки онро фурӯхта, баъзе ҷои хонаамонро таъмир кардам. Дар умум, бекор нестам ва нақшаҳо зиёданд," – афзуд Ёқубҷон Назаралиев.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин сокини маълули ноҳияи Бохтар дар як моҳ 200 сомонӣ нафақаи маъюбӣ мегирад. Вай мегӯяд, бар замми ин аз кафшдӯзӣ дар як рӯз то панҷ сомонӣ фоида медид ва ҳоло мехоҳад, ки тиҷораташ зиёдтар шуда, натанҳо ба кӯмаки дигарон муҳтоҷ бишавад, балки ба дигарон дасти ёрӣ дароз кунад.
То синфи се Ёқубҷон дар мактаб мехонд ва мисли кӯдакони дигар зиндагии маъмулӣ дошт, вале ба тадриҷ пойҳояш фалаҷ шуданд. Парчамоҳ Назаралиева, модари Ёқубҷон мегӯяд, ки ҳамаи кор аз дасти фарзандаш меояд, вале қуввати кор карданро надорад. “Даркаш хуб аст. Ба ҳамаи масъала сарфаҳм меравад. Ҳунар ҳам дорад, вале Худованд барояш ин рӯзҳоро насиб дидааст, чора чист?” – гуфт ӯ.
Ёқубҷон то чанд соли қабл тамоми корҳоро бо даст анҷом медод, аммо дарди фалаҷ рӯз ба рӯз, ба қавлаш, аз қуввати дастонаш мекоҳад. Дигар аробаи худро ҳам мустақилона ҳаракат дода ва барои бузҳо алаф даравида наметавонад, аммо ҳанӯз фикри танзими зиндагиро дорад. Модараш мегӯяд, ки “Ёқубҷон пеши худ нақша гузоштааст, барои чорвояш як оғили калонтар созад.”
Ин тоҷири навкору маълули тоҷик ҳоло дар пайи ҷамъ кардани сармоя аст. Мехоҳад аробаи барқӣ дошта бошад, ки ҳаракаташ осонтар шавад ва муҳтоҷи кумаки каси дигар набошад. Ӯ гуфт, “орзу дорам, як аробае бошад, ки худаш ҳаракат кунад. Бо аробае, ки ҳоло дорам, мустақилона ҳаракат карда наметавонам. Дар ин ҳолат бояд як кас барои чархиши аробаи ман ёрӣ кунад.”
Афзудани шумораи бузу мурғ ва сохтани оғили калон талоши як ҷавони 21-сола аст, ки бо вуҷуди маълул будан намехоҳад, зимоми зиндагии баъдиашро аз даст диҳад.