Саида исми мустаори занест, ки солҳо боз розеро дар дил пинҳон медорад -- розе, ки аз он, ба гуфтааш, фарзандону наздиконаш ҳам хабар надоранд. Ин зан 44- сола аст ва мегӯяд, 14 соли охири умраш берангу беҳадаф ва танҳо дар талоши дарёфти истеъмоли маводи мухаддир сипарӣ шуд.
Вақте шавҳараш иҷоза надод кор кунад...
Ӯ мегӯяд, аввалин бор дар 30-солагӣ ба нишони эътироз ба шавҳари мӯътодаш, ки озору азияташ медод, нашъа кашид. Нигоҳубини чаҳор фарзанд бо шавҳари нашъаманд барояш осон набуд: аз як сӯ бепарвоиву бемасъулиятии шавҳар, аз сӯи дигар хоҳиши раҳо шудан аз фикру мушкилоти зиндагӣ, ӯро ҳам мӯътод кард. Саида гуфт, Омӯзишгоҳи тиббиро хатм карда буд, аммо шавҳари нашъаманду бадрашк иҷоза надод, ки кор кунад. Ниҳоят як рӯз талоқашро дод.
Аксар равоншиносоне, ки бо занони мӯътоди маводи мухаддир кор мебаранд, мегӯянд, 99% занони мӯътод касоне ҳастанд, ки ҷойи кор надоранд ва мӯътодӣ барои онҳо талоши фирор аз ғам, мушкилоти зиндагӣ ва дастнигарӣ аст.
"Он замон ман 30-сола будам. Дар маъракае бо дугонаҳоям шиштам ва аз ман даъват карданд, ки як бор таъми нашъаро чашам. Ҳамин тавр, ин кор барои ман одат шуд. Ё назди дугонаҳоям мерафам ё онҳоро ба хона даъват мекардам. Вақте нашъа ё ҳероинро истифода мекардам, тамоми рӯз асабам ором буд. Ба кӯдакҳо аҳамият намедодам, чун асабам дигар ором буд ва ман мушкилиҳоро нодида мегирифтам. Ин ҳолат қариб даҳ сол давом кард".
Саида модари чаҳор фарзанд ва бибии ду набера аст. Ҳоло, аз баландии замону синну сол майлу мӯътодӣ ба маводи мухаддиро як хатои калон дар зиндагӣ меномад. Мегӯяд, нашъамандӣ ӯро ба роҳе бурд, ки дигар бозгашт аз он барояш сахту номумкин шуд. Ба андешаи Саида, ҳар шахсе, ки як бор ин маводро месанҷад, гирифтори он мешавад. Ӯ замоне иштибоҳашро дарк карда, хост тарки одат кунад, ки аллакай дер шуда буд. Саида ҳоло дар як маркази тиббию машваратӣ барои нашъамандон табобат мегирад.
Сарнавишти талхи Зулфия
Сарнавишти модари дигар, ки ҳамсоли Саида аст, ба маротиб талхтар аст. Зулфия модари ду писар аст ва пас аз 20 соли нашъамандӣ, акнун боҳасрат мегӯяд, ки фарзандонашро аз навозишу муҳаббат ва тарбияи дуруст маҳрум кард. Саргузаштҳои талхи Зулфия замоне шурӯъ шуд, ки ҳамсари маҳбубаш хонаро тарк кард ва комилан беному нишон шуд. Чанде баъд худи ӯ бо ҷурме ба зиндон рафт ва давоми панҷ сол фарзандонаш дар ятимхона бузург шуданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зулфия мегӯяд, вақте аз шавҳари якумаш бо як фарзанд ҷудо шуд, муддате бехонаву дар монд ва зиндагиро дар як хобгоҳи канораҳои Душанбе ихтиёр кард. “Вақте бо як кӯдак дар хобгоҳ зиндагӣ мекардам, бо як ҷавон шинос шудам. Муносибатҳоямон хуб буд, бо гузашти вақт оиладор шудем ва соҳиби писари дигар шудам. Шаш сол зиндагии осуда доштем, аммо баъдан ҷанҷол сар шуд. Аввал ӯ ба ман пешниҳод кард, ки нашъаро бичашам, баъдан меъёрашро зиёдтар кард. Ман мӯътод шудам, баъдан аз ҳам ҷудо шудем. Барои кӯдаконам хӯрок лозим буд, аз ин хотир се сол бо гадоиву оворагардӣ гузашт. Баъдан писарҳоямро ба хонаи кӯдакон супоридам".
Ин зани гирифтори ҳероин дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бехудӣ ва беҳушие, ки аз истеъмоли ин мавод рӯй дод, ҳолати кӯтоҳмуддат буд ва баъдан ӯро бо воқеияти ба маротиб мудҳиштару вазнинтар рӯбарӯ кард. Ӯ ҷойҳои буридашудаи дасташро нишон дода гуфт, вақте ҳероинро пайдо намекард, ҳушу ақлашро аз даст медод ва борҳо дар ин ҳолати васвосу асабоният бо алмос рагҳои дастонашро буридааст.
"Ҳолате буд, ки худам ба милисахона рафта иқрор шудам, ки ман нашъаманд ҳастам ва маро боздошт кунед. Зиёд мехостам ақалан барои як моҳ маро боздоранд. Аммо онҳо маро гӯш накарданд. Ҳатто метавонистанд, ки маро ба маркази нашъамандон ё марказҳое, ки бо ин беморон кор мекунанд, бурда супоранд".
Ин зан мегӯяд, борҳо хост аз ин одат даст кашад, аммо нашуд. Мегӯяд, иродаи қавӣ надошт, ки тарки одати бад кунад. Дар ҳамин асно буд, ки, ба гуфтааш, шавҳари дуюмаш моли дуздиро дар назди ӯ амонат гузошта фирор кард ва Зулфияро барои шарикӣ дар дуздӣ пушти панҷара андохтанд. Панҷ соли дигараш дар зиндон гузашт.
Ӯ гуфт, баъди панҷ соли бидунимаводи мухаддир дар зиндон, бо азми қавӣ ба озодӣ баромад. "Хостам зиндагиамро ба назм дарорам, бачаҳоро аз хона-интернат гирифтам, ба мактаб додам. Зиндагӣ гӯё ба роҳи хуб мерафт, аммо боз дард авҷ мегирифт. Боз ба ин роҳ рафтам. Натавонистам тарк кунам. Куҷое мерафтам, мегуфтанд, ки зиндонӣ омад ё нашъамандро бин. Ҷои кор пайдо кардан мушкил буд",-гуфт ӯ.
Зулфия мегӯяд, ҳоло писари калонияш барои кор ба муҳоҷират рафта, писари дуюмаш ҳамроҳаш аст. Талош дорад миқдори истифодаи ҳероинро кам кунад ва ивазкунандаи маводи нашъадорро истифода мекунад. Тавре худаш мегӯяд, "агар дар як рӯз се маротиба ҳероин истифода мекардам, ҳоло бошад, як маротиба истифода мебарам. Касе, ки дар ин чоҳ афтид, ба осонӣ наметавонад берун ояд",- мегӯяд ӯ.
Занони мӯътод дар ҷомеаи Тоҷикистон
Занони муътод ба маводи муходир дар Тоҷикистон мегӯянд, зиндагии соягӣ ва ҳамеша озурдаву хиҷолатӣ доранд, медонанд, ки мардум ба онҳо эҳтиром намекунад ва ҳади аксар талош мекунанд, ки ин асрори худро пинҳон кунанд.
Пизишконе, ки ба муолиҷаи нашъамандон машғуланд, мегӯянд, агар мӯътодии ҳар инсон ба сари худ як ваҳшат бошад, нашъамандии занон, бахусус занони тоҷик дар як ҷомеаи суннатии аксар мусалмоннишин, фоҷиаи ба маротиб бузургтар аст, чун ба фарзандону наздикон таъсири амиқ мегузорад.
Дар Тоҷикистон, бино бар иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 450 занони мӯътоди маводи мухаддир сабтином шудаанд. Соли гузашта шумори заноне, ки дар бораи нашъамандии худ хабар доданд, 163 нафар буд.
Дар умум дар кишвар теъдоди нашъамандон ҳудуди 11 ҳазорро ташкил медиҳанд, ки 3600 тани онҳо занон будаанд. Вале созмонҳои мустақил мегӯянд, дар асл шумори мӯътодон ба маротиб бештар аст, чунки на ҳамаи гирифторон сабти ном мешаванд. 80 дарсади занони нашъаманд аз 18 то 34-солаанд ва мақомот мегӯянд, аксари онҳо аз фоҳишахонаҳои махфӣ ва марказҳои дилхушӣ ба бемористонҳои наркологӣ фиристода шудаанд.
Равоншинос: "Мӯътодӣ беморӣ аст"
Як равоншиноси тоҷик мегӯяд, масъала на дар зиёд шудани шумори мӯътодони маводи мухаддир, балки дарки ин воқеият аст, билохира мӯътодӣ беморӣ аст ва ин мараз бояд бо ёрии мутахассисони соҳа муолиҷа шавад.
Ботир Золимов, равоншиноси созмони ғайридавлатии “Спин-плюс” дар Душанбе мегӯяд, шахси мӯътод ду роҳ дорад: дарду азоби мӯътодӣ ва марг ва ё ошкор кардани дарди худ ва муолиҷаи ин беморӣ. Золимов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир он заноне мӯътоди маводи мухаддир ҳастанд, ки дар солҳои пеш, масалан дар солҳои нобасомониҳои Тоҷикистон гирифтор шудаанд ва то ҳанӯз наметавонанд аз ин одат даст кашанд.
Золимов мегӯяд: "Як теория ҳаст, ки агар зан ба ин роҳ равад, назар ба мардон ӯро аз ин роҳ гардондан хеле душвор аст. Организми зан фарқ дорад. Дар баробари се мард танҳо як зан метавонад табобат шавад".
Аксар равоншиносоне, ки бо занони мӯътоди маводи мухаддир кор мебаранд, мегӯянд, 99 дарсади занони мӯътод касоне ҳастанд, ки ҷойи кор надоранд ва мӯътодӣ барои онҳо талоши фирор аз ғаму ғусса, мушкилоти зиндагӣ, дастнигарӣ ва бечораҳорӣ аст.