Маърифат Саидова, сокини 46-солаи ноҳияи Ҳисор, барои супоридани охирин либоси кӯдаконаш ба бозори кӯҳнафурӯшон омадааст. Ӯ кӯҳнаҳояшро ба савдогарон месупорад, то маблағи ночизе барои пешбурди рӯзгори сангинаш ба даст орад.
Чанд ҳафта шуд, ки сахтиҳо ӯро ба ин бозори кӯҳнафурӯшӣ меорад. Ягона ноновари хонаи Маърифатро чанде пеш аз Русия ронданд ва зиндагиаш аз он замон бадтар шудааст.
"Ду моҳ қабл, ҳангоме ки писарамро аз Русия ихроҷ карданд, зиндагӣ хеле душвор гардид. Дигар ягон шароити зиндагӣ набуд, кӯдакон гурусна монданд. Баъд, ҳамаи чизи хонаро оварда дар ҳамин бозор фурӯхтам. Вақте писарам фаҳмид, ки либосҳои ӯро мефурӯшам, худашро овехтанӣ шуд," - нақл кард Маърифат ба Озодӣ.
Маърифат Саидова он ҷиҳозеро ба бозор меорад, ки тавони бардоштанашро дорад. Ашёи дигаре, мисли яхдону телевизорро ӯ ин ҷо танҳо тарғиб мекунад, то кӯҳнахарон худашон ба манзилаш рафта бигиранд. Маърифат мегӯяд, агар манбаи дигаре барои даромад наёбад, дигар дар хонааш чизе нахоҳад монд.
"Ҳамаи ашёи рӯзгорро қариб фурӯхта тамом кардам. Ҳар чизе, ки доштам... қолин, диван... Намедонам, чӣ гуна зиндагиамро пеш барам пули иҷораи хонаамро диҳам? Роҳгум задаам... Ана, ҳозир бо ин савдогарон маслиҳат мекунем ва яхдони кӯҳнаи аз падарам ба мерос мондаро оварда мефурӯшам," - афзуд ӯ.
Маърифат Саидова бо ҳамроҳии писару келин ва ду кӯдаки хурдсол, дар як хонаи нимсохт дар деҳаи Коммунизми ноҳияи Ҳисор ба сар мебаранд. Азбаски писари ягонааш аксаран дар пайи ҷустуҷӯи дарёфти ризқу рӯзист, тамоми кору бори зиндагӣ ба дӯши модар афтодааст. Борону селҳои рӯзҳои ахир зиндагии сахти ӯро сахттар кард: "Шаш моҳ мешавад, ки дар ҳамин хона зиндагӣ мекунем. Барои иҷорааш 300 сомонӣ мусупорам. Дирӯз сел омад ва як қисмати хонаро вайрон кард. Соҳибхона моро муваззаф кард, ки деворашро сохта диҳем."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, Маърифат Саидова танҳо нафаре нест, ки ба хотири кашидани аробаи зиндагӣ ҷиҳози хонаашро ба фурӯш гузоштааст. Тибқи як пажӯҳиши Бонки Ҷаҳонӣ, ки охири соли гузашта оғоз гардида ва то ҳанӯз идома дорад, шуморе аз занони тоҷик ба хотири пешбурди зиндагиашон ба фурӯши либосу дигар ашёи хона шурӯъ кардаанд.
Бар асоси ин пажӯҳиш, "ҳиссаи занони хонанишин, ки ашёи худро барои қонеъ гардондани талаботи асосӣ мефурӯшанд, пайваста меафзояд ва аз моҳи октябри соли гузашта то моҳи марти соли равон беш аз 17 фисадро миёни 40 дарсади аҳолии камбизоат ташкил додааст."
Бо вуҷуди сахтиҳо, Маърифат Саидова ба оянда хушбин аст. Ӯ умед дорад, ки рӯзе вазъи зиндагиаш тағйир меёбад ва ҷои ҷиҳози кӯҳнаи фурӯхтааш ҷиҳози нав харидорӣ мекунад. "Ҳамсояҳо медонанд, ки камбизоат ҳастем ва дар хона кӯдаки маълул ҳам ҳаст, аз аҳволи ман хабар доранд ва барои кумак баъзан вақт ба хонаашон даъват мекунанд. Бо кумаки ҳамсоя ҳоло зиндагии худам ва наздиконамро пеш бурда истодаем.," - гуфт ӯ.
Маърифат аз қишри осебпазир дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, вале аз ҳукумат кӯмакҳои иҷтимоӣ намегирад, ҳарчанд дастгирии занони муҳтоҷ яке аз масъулиятҳои он ба ҳисоб меравад.
Касоне, ки имкони дасти ёрӣ дароз карданро доранд, метавонанд бо шумораҳои 901 01 53 69 ва 915 85 09 50 бо Маърифат Саидова тамос гиранд.