Мавсими нави муҳоҷират. Раҷабмурод 13 сол боз ба Русия меравад

Раҷабмурод Сатторов, сокини ноҳияи Ваҳдат.

Раҷабмурод Сатторов, сокини 60-солаи шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ки 13 сол боз ҳар баҳор ба Русия мераваду тирамоҳ ба Ватан бармегардад.

Оғози баҳор дар Тоҷикистон ба маънои оғози мавсими муҳоҷират ба Русия низ ҳаст. Дар ин фасл садҳо афроди қобили кор роҳ сӯи Русия пеш гирифта, дар онҷо ба корҳои сохтмонӣ ҷалб мешаванд ва тирамоҳ дубора ба ватан, ба назди пайвандон, бармегарданд.

Меҳриннисо Саидова, сокини деҳаи Суғдиёни шаҳри Ваҳдат, ин шабу рӯз ҷиҳози сафари шавҳари муҳоҷирашро омода мекунад. Шавҳараш Раҷабмурод Сатторови 60-сола, инак соли 13-ум аст, дар фасли баҳор ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, тирамоҳ ба хонааш бармегардад.

Раҷабмурод Сатторов ягона ноновари ин хонадон аст. То соли 2003 ӯ ҳабдаҳ сол дар автобазаи 16­-ум ба ҳайси ронанда кор кардааст. Аммо ин автобаза фурӯхта шуд ва ӯву даҳҳо ронандаи дигар бекор монданд.

Ин соикни шаҳри Ваҳдат қиссаи ба муҳоҷират рафтани худро чунин ёдоварӣ кард: "Мо маҷбур шудем ба муҳоҷират равем. Бори аввал барои харидории билети поезд (қатор) пул надоштам ва ба як роҳбалад каме пул додам, ки маро пинҳонӣ (зайчик) ба Маскав барад. Дар истгоҳи Оренбург тафтишгарон бе билет будани маро фаҳмиданд. Пул надоштам, ки ба онҳо диҳам ва онҳо маро дар Оренбург аз қатор фароварданд. Дар вокзали Оренбург бо як нафари дигар ғамгин менишастем, ки як рус омада пурсид ин ҷо чӣ кор мекунед? Гуфтем кор меҷӯем..."

Ин марди рус молики як хоҷагии деҳқонӣ будааст ва инак 13 сол мешавад Раҷабмурод Сатторов дар ин хоҷагӣ тарбуз парвариш мекунад. Бинобар уфти қурби рубл ва душвор шудани шароити кору зиндагӣ дар Русия, Сатторов қасд дорад имсол низ оилашро бо ду фарзандаш танҳо гузошта ба муҳоҷират биравад.

Раҷабмурод Сатторов мегӯяд, ки "дар Русия ҳар моҳ 20 ҳазор рубл маош мегирам, хурду хӯрок, ҷойи хоб ва харҷи ҳуҷҷатҳоро кордеҳ пардохт мекунад. Ин пул бо қурби имрӯза тақрибан 2 ҳазору 100 сомонӣ аст. Лекин агар дар ҳамин ҷо коре ёбам, ки 1,5 ҳазор сомонӣ маош дошта бошад, ба Русия намеравам... Аммо нест".

Ӯ дар посух ба суол, ки чандин сол дар Русия парвариши тарбузро таҷруба кардааст ва оё имкон надорад, дар инҷо ба ҳамин кор машғул шавад? гуфт: "Ҳама заминҳоро чанд нафар хусусӣ кардаанд, ман дар ин ҷо замин надорам. Агар замин медоштам, албатта, ба муҳоҷират намерафтам."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раҷабмурод Сатторов 13 сол боз муҳоҷир аст

Тайи ин муддат Раҷабмурод Сатторов то ба ҳадде ба муҳити Русия одат кардаст, ки сиёсатмадорони Русияро аз Тоҷикистон дида хубтар мешиносад. Бори охир аз сафар ӯ даҳ дафтар савғо ба фарзандонаш овардааст, ки муқоваи онҳоро акси Владимир Жириновский, роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия зеб медиҳад. Сатторов Жириновскийро хуш надорад, аммо чун дафтарҳо бепул дода шудаанд, ҳамаро оварда ба кӯдакони худу ҳамсоя тақдим кардааст.

"Ман Жириновскийро хуш надорам, гапҳои бемаъно мегӯяд. Тарафдори роҳбари Ҳизби коммунист Зюганов ҳастам, ҳамеша аз коргарҳо дифоъ мекунад… Ӯ тарафдори арзон шудани нархи патент аст," - мегӯяд Сатторов.

Хонаи навбунёди Раҷабмурод Сатторов.

Меҳриннисо Саидова, ҳамсари Раҷабмурод, аз муҳоҷирати шавҳараш хушнуд нест, чунки бо рафтани ӯ ҳама кору ташвиши хона ба дӯши ӯ меафтад. Аммо боз ҳам медонад, ки ризқи оилаи начандон калони ӯ аз ҳисоби муҳоҷирати шавҳараш ба даст меояд. Меҳриннисо мегӯяд, ки "зиндагӣ ҳамин хел душвор асту пастиву баландиҳо дорад. Чӣ кор кунем, агар Русия нараванд, аз куҷо пул ёфта рӯз мегузаронем? Маҷбур аст, ки равад. Мо навхона ҳастем, боз хонаро таъмир карда, иморатҳои нав сохтан зарур аст."

Сенздаҳ сол боз дар набудани шавҳараш бори рӯзгор ба дӯши Меҳриннисо бор аст ва ӯ мегӯяд, ки ин бор дар назди шавҳараш шарт гузошт, ё дар Тоҷикистон кор ёбад ва ё ӯву фарзандонашро ба назди худ ба Русия барад. Ин мавсим Раҷабмурод имкон надорад ин ду хоҳиши завҷаашро ба ҷо биёрад. Аммо умедаш ба ваъдаи кордеҳи русаш аст, ки гуфтааст соли оянда манзилеро, ки Раҷабмурод дар он тӯли ин солҳо зиндагӣ мекард, ба ӯ тӯҳфа хоҳад кард ва ӯ имкон пайдо мекунад, оилаашро ба Русия бурда, ба кору зиндагӣ якҷоя идома бидиҳанд.