Як ронандаи хайрхоҳ, ки ҳар рӯзи ҷумъа бо мусофиркаши худ ба сокинони Душанбе ройгон хизмат мерасонд, ҳоло худаш аз по афтодаву ба кӯмак ниёз дорад. Ҳӯҷамурод Гулмуродов, сокини ноҳияи Ваҳдат, ки соле пеш дар хатсайри раками 8 мусофиркашӣ мекард, ҳоло аз тарафи чапи бадан фалаҷ шудааст. Ӯ дигар наметавонад ронандагӣ кунад ва як рӯзи худро ба мусофирон бубахшад.
Хӯҷамурод бо ёдоварӣ ҳодисаи ба сараш омада мегӯяд, "ҳамон рӯз аз кор барвақт баромадам ва фардояш ҷумъа буд ва бояд ройгон ба мардум хизмат мекардам. Мошинамро дар автобаза гузошта, ба хона меомадам, ки дар роҳ як мошини майдаи сабукрав, мошини дигарро гузаштанӣ шуд, аммо натавонист, дар натиҷа тарафи мо ронд. Мо дар ҷоямон мондем. Вай назди мо мошинро дошт, аммо ба сари як кӯдак, ки бо модараш буд, бархӯрд, аз сараш хун баромад. Ронанда назди мо омад ва кӯдакро оҷилан ба беморхона бурд. Баъди ин ҳодиса ман ба хона омадам, аммо сарам хеле сахт дард мекард. Наметавонистам дигар аз ҷой хезам. Тарафи чапам тамоман фалаҷ шуда буд. Наздиконам духтуронро даъват карданд, танҳо баъди як рӯз дар беморхона ба худ омадам."
Табибон ӯро умедвор кардаанд, ки имкони дубора ба сари чанбари мошин нишастан вуҷуд дорад, аммо табобат вақт ва пули зиёд мехоҳад. Пуле, ки ҳамсари Хӯҷамурод наметавонад бо майдафурушӣ дар бозор ба даст оварад.
Хӯҷамурод, ки дар пайи ин садама ба ин ҳол гирифтор шудааст, зинда монданашро ҳам подоши хайри дар гузашта анҷомдодааш медонад. Вай гуфт, шояд дуои бархе мусофирон, ки дар рӯзҳои ҷумъа бар ивази роҳкиро аз Худо барояш дарозумрӣ мехостанд, мустаҷоб шуда бошад, зеро табибон ба зинда мондани вай умед надоштанд. Ӯ мегӯяд, духтурон гуфтанд, дар чунин ҳолат аз сад танҳо се нафар метавонист зинда монад.
"Шояд ҳамин хайрам буд, ки зинда мондам, кӣ медонам? Мегӯянд, ки ба мардум некӣ кун, Худои таоло бармегардонад. Мумкин чунин ҳам шуда бошад. Ба ҳар ҳол, ин кори Худост. Аммо агар Худо шифои комил диҳад, албатта боз барои Худо кор мекунам",-мегӯяд Хӯҷамурод
Ҳоло Ҳӯҷамурод тамоми рӯзашро дар сӯҳбат бо дӯстонаш сипарӣ мекунад. Рондани мошин барояш қатъиян манъ аст. Ноновари хона ҳам акнун Дилбар Юнусова, ҳамсари ӯст, ки дар бозор савдо мекунад.
Хуҷамурод мегӯяд, талошҳои ӯ барои гирифтани кӯмакпулӣ аз мақомоти дахлдор бенатиҷа будааст, зеро онҳо бо вуҷуди варақаи тиббӣ, ба маъюб будани вай шубҳа доранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ба ман гуфтанд, ки ту ба маъюб монанд нестӣ, одами маъюб одатан хоб аст ва дигарон барояш ғизо медиҳанд. Ман гуфтам, чунин гурӯҳ маъюбон дараҷаи якуманд, дараҷаи маъюбияти ман дигар аст. Шояд се ва ё ду бошам. Масхара мекарданд. Гуфтанд, ки рафта чарчинфурӯшӣ бикун."
Хӯҷамурод зиёда аз 30 сол дар ҷойҳои гуногун ба ҳайси ронанда кор кардааст. Давоми се соли охир дар хатсайри рақами 8 фаъолият мекард. Мегӯяд, баъд гирифтор шудан ба ин беморӣ, на ҳамкорон ва на роҳбарият аз ӯ суроғ накарданд: "Ягон кас хабаргирӣ наомад. Танҳо сармуҳандис як-ду маротиба занг заду халос. Намедонам чаро чунин шуд. Муносибаташон нағз буд, шояд вақташон набуд..."
Ин ронанда, ки ҳамеша дар хизмати мардум буд ва талош мекард ба ниёзмандон дасти кӯмак дароз кунад, ҳоло дар илоҷи дарди худ, ночор мондааст. Хӯҷамурод 53 сол дорад ва соҳиби чаҳор фарзанд аст. Духтурон ӯро умедвор кардаанд, ки имкони дубора ба сари чанбари мошин нишастан вуҷуд дорад, аммо табобат вақт ва пули зиёд мехоҳад. Пуле, ки ҳамсари Хӯҷамурод наметавонад бо майдафурушӣ дар бозор ба даст оварад.