Дар додгоҳи вилояти Хатлон мурофиаи гурӯҳи 8-нафараи сокинони маҳаллӣ шурӯъ шуд, ки дар таблиғи ақидаҳои гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” мутаҳҳам мешаванд. Темур Бойзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон ва ҳамзамон додраси ин парвандаи пурсару садои гурӯҳи ҷавонон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ шурӯи мурофиаи додгоҳии ин гурӯҳро рӯзи 12 октябр тасдиқ кард.
Як-ду нафари онҳо ба Сурия роҳакӣ ҳам будаанд, боз нафарони дигарро талқин кардаанд.
Нозирҷон Иброҳимзода, муфаттиши ин парванда аз додситонии вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин гурӯҳ аз рӯи се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне рақами 189 - “ташкили иттиҳодияи экстремистӣ”, моддаи 307 – “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ва ё динӣ” ва моддаи 403 – “барқасдона вайрон кардани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, ки дар ҷараёни низои мусаллаҳона содир шудааст”, мутаҳҳам мешаванд.
Вакил: Тафтишот гуноҳҳои муттаҳамонро собит кард
Ҳамаи муттаҳамон сокинони ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Қубодиён буда барои таблиғи дигарон ба хотири пайвастан ба созмони “Давлати исломӣ” ва ширкат дар амалиёти низомӣ дар Сурия ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ин нафарон тобистони соли ҷорӣ аз сӯи ниҳодҳои амниятӣ аз маҳалли зисташон боздошт шуда ва аз манзили онҳо наворҳои видеоиву аудиоӣ, компютеру ноутбукҳо бо таблиғи ақидаҳои “Давлати исломӣ” кашф ва мусодира шудааст.
Вакили дифои чаҳор тан аз муттаҳамон Исмоил Иброҳимов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 12 октябр танҳо гуфт, ки мақомоти тафтишотӣ ҷинояти содиркардаи ин ҷавононро собит кардааст. Ин вакили дифоъ гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки мурофиаи додгоҳӣ тоза оғоз шудааст, то эълони ҳукм аз тафсилоти он худдорӣ мекунад. Ӯ нагуфт, ки муносибати вакилони дифояш ба ин иттиҳомот чист ва то куҷо иттиҳомоти ворида болои онҳоро эътироф мекунанд ё на.
Айни замон, ҷониби тафтишот мегӯяд, ки гуноҳи боздоштшудаҳо дар даъвати ширкат дар ҷангҳои Сурия аз ҷониби додситонҳо тасдиқ ва баъди натиҷагирии парванда он ба додгоҳ фиристода шуд.
Нозирҷон Иброҳимзода ба Радиои Озодӣ гуфт: “Як-ду нафари онҳо ба Сурия роҳакӣ ҳам будаанд, боз нафарони дигарро талқин кардаанд. Нисбати баъзеашон, ки ташкилкунанда будаанд, бар асоси 3 модда парванда боз шудааст, як нафараш аз пайвандони Шербековҳо аст, ки дар Сурия ҳастанд”.
Аз оилаи Шербековҳо се бародар дар Сурия қарор доранд
Яке аз нафарони боздоштшуда Одилҷон Шербекови 30-сола аст. Ӯ аз аъзои хонаводаи Шербековҳоест, ки се бародари узви ин хонавода ҳоло дар Сурия ҳастанд.
Мақомоти тафтишот мегӯяд, ки Одилҷон аз тариқи Интернет ба се амакбачааш, ки ба ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар Сурия пайвастаанд, робита барқарор карда, бо онҳо суҳбатҳо мекард ва наворҳои видеоии муҳорибаҳои онҳоро ба мардум нишон дода, онҳоро ба ҷанг даъват мекард. Тасдиқи дурустии ин иттиҳом аз роҳи манобеи мустақил феълан имкон надорад. Вале тафтишот мегӯяд, се нафар аз аъзои хонаводаи Шербековҳо бо шумули чанд кӯдак соли 2015 дар Русия ба созмони “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Аввали соли ҷорӣ мақомот 3 занро аз ҳамин хонавода, ки қасди рафтан ба Сурия доштанд, боздошт намуданд.
Орифҷон Шербеков, сокини деҳаи Фрунзе, падари Одилҷон Шербекови боздоштшуда ва амаки 3 ҷавоне, ки ҳоло дар Сурия ҳастанд, дар мавриди боздошти писари худ танҳо гуфт, мақомот як субҳи тобистон омада писарашро аз хона бурданд. Орифҷон Шербеков гуфт: “Писарам ҳоло дар боздоштгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа аст. Ба Сурия нарафтааст. Омада гуфтанд, ки намозхониат дигаргуна аст. Одилҷон 4 кӯдак дорад. Боздоштгоҳ хеле сард аст, намедонам тақдири писарам ва саломатияш чӣ мешавад”.
Роҳи тоҷикон ба ҷанг: Тоҷикистон-Русия-Сурия
Аксарияти волидайни, ки ин ҷавонон, ки майли суҳбат бо журналистонро надоранд, танҳо мегӯянд, ки гунаҳгор ё бегуноҳ будани фарзандонашонро намедонанд.
Ноҳияи Қубодиён, ки дар чанд соли ахир ҷавонони зиёдаш ба гурӯҳҳои тундрави террористӣ пайвастаанд, баъди он мавриди таваҷҷӯҳи вижаи сохторҳои амниятӣ қарор гирифт, ки якбора 11 сокинаш ин маконро ба хотири Сурия тарк кард. Қизилнишон, як деҳаи узбакнишини Қубодиён аст ва соли 2008 чанд ҷавони сокини маҳаллӣ бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо ҳаракати Ҷунбиши Исломии Узбакистон боздошт шуданд. Дар зарфи 5 соли охир беш аз 30 сокини танҳо як деҳа бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои ифротӣ равонаи зиндон шуданд. Ҳамзамон аксарияти 30 тан аз онҳое, ки ҳоло дар Сурия ҳастанд, аз ҳамин деҳаи Қизилнишон мебошанд.
Дар маҷмӯъ аз Тоҷикистон 1100 нафар ба ҷангҳои Сурияву Ироқ барои пуштибонӣ аз ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” рафта, марги беш аз 300 нафари онҳо тасдиқ шудааст. Мақомот мегӯянд, ки 90 дар сади онҳое, ки ба ҷангҳои Сурия мераванд, аз бекорӣ ба хотири муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд ва дар он ҷо бо мусоидати гурӯҳҳои таблиғгар ба Туркия ва баъдан ба Сурия роҳ меёбанд. Гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро Тоҷикистон як ташаккули террористӣ ва мамнӯъ эълон кардааст.
ВИДЕО аз 23 сентябри соли 2015: Шариф Шербеков қиссаи ба ДИИШ рафтани наздиконашро мегӯяд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад