Навмедии ду ҳазор тоҷике, ки то Саудӣ нарасиданд

Насрулло Замонов

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Насрулло Замонов, раҳбари ширкати "Замони Юнус"-ро дар қаллобӣ гунаҳкор кард.
Ҳукми додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе дар мавриди раиси ширкати «Замони Юнус» муштариёни ин ширкатро, ки барои муҳоҷирати корӣ ба Арабистони Саудӣ ҳазорҳо доллар дода буданд, ноумед кард ва онҳо то дер намехостанд, саҳни додгоҳро тарк кунанд. Онҳо умед доштанд, ки ҳукми додгоҳ манфиати онҳоро низ дар назар хоҳад дошт ва акнун намедонанд, маблағи ба ин ширкат додаашонро чӣ гуна бозпас гиранд.

Сарвари ширкати «Замони Юнус» Насрулло Замонов моҳи апрели соли ҷорӣ дар ҳоле боздошт шуд, ки зиёда аз 90 муштарии ширкаташ ӯро ба қаллобӣ айбдор карда ва гуфтанд, ин шахс аз 400 то 4,5 ҳазор доллари онҳоро рабудааст.

“Замони Юнус» ягона ширкате буд, ки хоҳишмандонро барои кор ба Арабистони Саудӣ интиқол медод ва пас аз имзои созишномаи дуҷонибаи байнидавлатӣ таъсис ёфта буд. Масъулони ширкат мегуфтанд, ки 3,5 ҳазор нафарро ба кор дар Арабистони Саудӣ ҷалб хоҳанд кард. Акнун гуфта мешавад, наздик ба 2 ҳазор муштарии ин ширкат қурбонии қаллобӣ шудаанд.

Яке аз онҳо Саъдулло Саъдуллоев аст, ки мегӯяд, 3 сол пеш Насрулло Замонов раиси ширкати «Замони Юнус» бо ваъдаи кор дар Арабистони Саудӣ ба ҳайси ронанда аз ӯ наздик ба 7 ҳазор доллар гирифтааст. Ӯ афзуд, «ин маблағро аз бонк қарз гирифтаам ва акнун қариб мондааст, ки бонк хонаамро кашида гирад. Ӯ аввал мабалғи моро гардонда медод, баъд ӯро суд мекарданд. То ин замон дар Русия кор мекардам, аммо се сол инҷониб на ба Русия рафта метавонам ва на ба ягон кор дилам гарм аст. Тамоми пайвандони Замонов ҳуқушиносанд ва боз мехоҳанд моро фиреб карда пуламонро надиҳанд. Мо маҷбур мешавем, то ба президент муроҷиат кунем.»

Дар ҳамин ҳол, Муқим Ҳабибуллоев, яке аз ҷабрдидаҳои дигари ширкати «Замони Юнус» гуфт, ӯ ба Насрулло Замонов барои таҳияи раводиди сафар ба Арабистони Саудӣ 1000 доллар додааст. Ин мусоҳиби мо мегӯяд, барои ӯ, ки бознишаста аст ва ҷое кор намекунанд, ин маблағи кам нест. Муқим Ҳабибуллоев ҳамчунин гуфт, «то ҳамин рӯз хешу табор ва фарзандонаш мегуфтанд, ки аризаҳоятонро бозпас бигиред, мо маблағи Шуморо гардонда медиҳем. Мо ба хотири он ки вай пули моро баргардонад, аз суд хиҳиш кардем, ки манзилашро аз ҳабс озод кунад. Вале то ҳол онҳо ягон тин ба ҳеҷ кас надодаанд. Баъди ин мурофиа ҳамаи мо парешон ҳастем, ки тақдири ҳамаи мо, ки ба доми ин қаллоб афтодаем, чӣ мешавад.»

Сулаймон Қосимов

Муқим Ҳабибуллоев мегӯяд, акнун аксари онҳо, ки то имрӯз бо кӯмаки чунин ширкатҳо мехостанд барои кор ба кишварҳои хориҷӣ бираванд ва ё зиёрати хонаи Худо бикунад аз ин тасмимашон гаштаанд. Сулаймон Қосимов, додраси ин парванда ҳангоми эълони ҳукм гуфт, «ба Замонов Насрулло аз рӯи моддаи 247, банди 4, ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати даҳ сол бо мусодираи молу мулк ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати панҷ сол таъин карда шавад.»

Бори аввал нест, ки мардуми Тоҷикистон ба ин ё он ширкат бовар карда, сармояҳои бузургеро аз даст медиҳад. Аммо ин ширкат ҷойгоҳи махсус дошт, зеро ҳазорон нафар бо сабаби вазъи мушкили иҷтимоӣ орзуи кор дар хориҷаро мекунанд ва зимни хабарҳои нохуш аз Русия сафар ба як кишвари мусулмонӣ онҳоро сахт ҷалб кардааст. Аммо дар ҳоли ошкор шудани қаллобӣ додгоҳ аҳёнан ба масъалаи ҷуброни зарари ҷабрдидаҳо рӯ меорад.

Маҳмадалӣ Ватанов, вакили Маҷлиси намояндагон, мегӯяд,қонунгузории Тоҷикистон барои машғул нашудани афроди тасодуфӣ ба чунин фаъолиятҳо тамоми шартҳоро муайян кардааст. «Агар онҳо тибқи талаботи қонун амал мекарданд ва бо шахсе сару кор мекарданд, ки ӯ барои иҷрои ин фаъолият ҳуқуқ дорад, ҳеҷ вақт чунин проблема ба вуҷуд намеомад. Зеро тибқи шарти қонун нафароне, ки ба чунин фаъолият машғул мешаванд, бояд иҷозатнома дошта бошанд. Яъне дар ин инҷо қаллобон аз соддагии мардум истифода мекунанд. Аммо ҳатто дар ин маврид ҳам тибқи қонун нафари қаллоб вазифадор аст, ки ҳам зарари моддӣ ва ҳатто маънавии ҷабрдидагонро пардохт кунад»,-мегӯяд ӯ.

Маҳмадалӣ Ватанов

Аммо дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, аксари ин ширкатҳо ҳам иҷозаи расмии фаъолият доранд, вале набуди назорат боиси он мешавад, ки онҳо ба тақаллубӣ роҳ медиҳанд. Баҳодур Ҳабибов, раиси Иттиҳодияи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, мегӯяд, роҳи ягонаи ҷуброни зарардидаҳо дар ин ҳолат ба фурӯш гузоштани амволи ширкат мебошад. Бо ин ҳама, ҳуқуқшиносони тоҷик бар инанд, ки шаҳрвандон қабл аз муроҷиат ба чунин ширкатҳо бояд дар хусуси фаъолияти онҳо маълумот ҷамъ кунанд ва хушбовар набошанд.

Навор аз бойгонии Озодӣ: Тасмими "Замони Юнус" барои бурдани муҳоҷирони тоҷик ба Саудӣ (моҳи апрели соли 2010)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Саудӣ