Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба ширкати мобилии «Билайн» дастур дод, ки номи ду тарофааш – «Чақ-чақ» ва «Панҷа парто»-ро иваз кунад. Масъулони ин кумита номи ин тарофаҳоро муғойир ба бандҳои қонуни забон донистанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тарҳи "Кишвари бехато"
Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, рӯзи 23-юми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «пас аз баррасии номҳои мазкур мутахассисони мо ба хулосае расиданд, ки он ба меъёрҳои қонуни забон мутобиқат намекунад. Барои ҳамин, дастур додем, ки номи ин тарифҳоро иваз карда, ба меъёрҳои забон мувофиқ кунанд».
Миёни Кумитаи забон ва ширкатҳои мобилӣ қаблан ҳам бар сари калимаҳои дар реклама истифодашуда баҳс сар зада буд.
Матробиён гуфт, ширкатҳо барои иҷрои дастури онҳо се моҳ муҳлат доранд ва дар сурати иҷро накардан, маводро ба Додситонии кулл барои андешидани чораҳои ҳуқуқӣ ирсол мекунанд. Ин мақоми Кумитаи забон гуфт, минбаъд рекламаҳоро низ дар тоблуҳои канори роҳ ва садову симо назорат хоҳанд кард.
Ба ин хотир кумита айни замон тарҳи «Кишвари бехато»-ро дар торнамои расмиаш роҳандозӣ кардааст. Тариқи ин равзана корбарон номи мағоза ва акси рекламаву овезаҳоро мефиристанд ва масъулон дурустии онро месанҷанд.
Аз Obi Zulol хостанд, номашро иваз кунад
Маҳз бо арзи корбарони торнамо Кумитаи забон номи чанд ширкат, мағоза ва қаҳвахонаро мухолиф ба меъёрҳои қонуни забон эътироф карда, амр додааст, ки онро ислоҳ кунанд. Аз ҷумла, Кумита ба қаҳвахонаи «Маzza”, мағозаи “Zaraman» ва ширкати Obi Zulol дастур додааст, ки номҳояшонро ба меъёри қонуни забон мутобиқ кунанд.
Аммо таҳиягарону офарандагони маводи тарғиботиву рекламавӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, бо онки ҷонибдори покизагии забони тоҷикӣ ҳастанд, талаботи беш аз ҳади Кумитаи забон набояд монеи рушди бозори реклама ва тахайюлу навгонӣ дар таблиғот шавад.
“Не тормози сникерсний”-ро чӣ тарҷума кунем?
Шералӣ Ҷӯрабоев, роҳбари як ширкати таблиғотӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ӯ низ ҷонибдори покизагӣ ва риояи қонуни забон аст, аммо тарзе ки онро Кумитаи забон иҷро мекунад, ба зиёни давлат аст.
Ӯ гуфт, “Кумитаи забон исрор меварзад, ки бренд ва слоганҳои ҷаҳонӣ низ ба забони тоҷикӣ тарҷума шавад. Фарз кардем, агар слогани Сникерс ё “Не тормози сникерсний”-ро ба тоҷикӣ тарҷума кунем, 18 калима мешавад. Он на дар табло меғунҷад ва на мазмуни аслашро медиҳад. Ин гуна талабҳо натанҳо ғайримантиқӣ ҳастанд, балки бар зиёни давлатанд, чунки ширкатҳои бузург аз ҷойгир кардани реклама дар тоблуҳои Тоҷикистон даст мекашанд. Фикр мекунам, кумита бояд ба масъалаҳои бевосита забон машғул шавад, на реклама”.
Аз меъёрҳои забон то андозаи юбка
Ҷӯрабоев афзуд, бозори рекламаи Тоҷикистон хусусиятҳои худро дорад, ки офарандагонро онро водор месозад, бо он канор оянд. Ӯ, ки таҷрибаи 15-солаи таҳияи рекламаҳоро дорад, мегӯяд, гоҳо ҳангоми пахши рекламаҳо дар талевизион баҳси марзи алхлоқ рӯ мезанад.
“Масалан, мо борҳо бо масъулони телевизион бар сари андозаи юбкаҳои қаҳрамонони ролики таблиғотӣ, ки бояд дар телевизиони давлатӣ пахш мешуд, баҳс доштем. Албатта, ин хел баҳсҳо мешавад. Ҳарчанд ман онҳоро мефаҳмам, чунки онҳо дар маҷмӯъ ба муҳтавои кулли барномаҳои телевизион ҷавобгар ҳастанд”, - иброз дошт ӯ.
Фирӯз Ҳакимов, таҳиягари дигари реклама мегӯяд, мушкил аслан на дар офарандагони реклама, балки дар худи забон аст. Вай афзуд, “таҳиягарони реклама пеш аз ҳама дар андешаи мухотабон ҳастанд ва кӯшиш мекунанд, онро тарзе таҳия кунанд, ки фаҳмо бошад. Масалан, ман як рекламаи интернетро дар ёд дорам, ки “Интернетба гап нест” ном дошт. Онро лаҳҷавӣ гуфта манъ карданд. Лаҳҷа як мушкили бузурги забони мост. Дигар ин, ки дар забони тоҷикӣ ҳоло як ҳарҷу марҷро мушоҳида мекунем. Як қисмати филологҳо калимаҳои арабӣ, қисмати дигар эронӣ ва дигарон ҷонибдори калимаҳои русиянд”.
Лермонтови тоҷик кӣ мешавад?
Фирӯз Ҳакимов мегӯяд, дар чунин шароит Кумитаи забон ба ҷои мубориза бо таҳиягарони реклама, дар фикри ба тартиб овардани забон ва муайян кардани як меъёри муайяне бояд бошад.
“Ҳама миллатҳо аз марҳилае, ки мо ҳоло ҳастем, гузаштанд. Масалан як замон Лермонтов дар Русия масъулиятро бар дӯш гирифту меъёрҳои забонро муқаррар кард ва гуфт, ана бо ҳамин забон минбаъд гап мезанем. Дар мо низ бояд ҳамин миссияро касе бар дӯш гирад. Дар мактабҳо таълими забони адабӣ бояд пурзӯр шавад, ки ҳама онро фаҳманд. Баъд дар ин ҳолат аз офарандагони реклама мешавад забони адабиро талаб кард”, - хулоса кард Ҳакимов.
Зимнан, миёни Кумитаи забон ва ширкатҳои мобилӣ қаблан ҳам бар сари калимаҳои дар реклама истифодашуда баҳс сар зада буд. Соли 2014 ин кумита аз ширкати “Билайн” хоста буд исми тарофаи “Любой ҷо”-ро иваз кунад. Баъдан Хадамоти зиддинҳисорӣ бинобар арзон будани нархи гуфтугӯҳо дар доираи ин тариф аз ин ширкат тақозо кард, онро комилан аз байн бубарад.