Соли "ором"-и сокинони Дараи Об. ВИДЕО

Дар пайи аз маркази шаҳри Кӯлоб ба минтақаи Фахрободи ноҳияи Рӯдакӣ кӯч бастани Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар аввали соли 2016, сокинони деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оромиро ба даст оварданд. Сокинони ин деҳаи кӯҳистон гуфтанд, соли аввал сол аст, ки аз саҳро бе талафот ҳосили кишти худро ҷамъоварӣ карда ва ҳатто дар боғчаҳои ҳавлиашон ҷой барои истироҳат омода намуданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Гӯё дар ҷанг зиндагӣ доштем"

"Дар ҷанг зиндагӣ доштем"

Сулаймон Мирзоев, сокини деҳаи Дараи Об, рӯзи 27 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз ҳам бовар надорад, ки онҳо имсол аз мардуми бехавф буданд. Мирзоев, ки замини ӯ дар болои размоишгоҳи Мумирак -- маҳалли тамрини низомиёни Пойгоҳи 201-и Русия дар солҳои гузашта, воқеъ аст, мегӯяд, ҳангоми кишти маҳсулоти кишоварзӣ ҳамеша болои сарашон тиру гулӯла шилик мешуд ва садои тӯпу муҳимоти ҷангӣ онҳоро ором намегузошт.

Ба гуфтаи вай, замоне тамрини низомиёни рус оғоз меёфт, тасаввур мекарданд, ки дар ҷанг зиндагӣ доранд: "Дар поин размоишгоҳ буд ва дар болои он замини ман. Соле набуд, ки як қисмати замини ман оташ нагирад. Тир аз борои сарамон чунон мегузашт, ки ҳеҷ тасаввур накарданӣ. Аммо аввалин сол аст, ки мо орому осуда ба саҳро рафтем ва кишти саҳроиро ҷамъоварӣ карда ба хона овардем. Баъди чандсолаҳо мо тавонистем, ки дар боғчаи хона бо дили пур нишинем."

Ин пирамард дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки 8-сол қабл писари 19-солааш аз гулӯлаҳои низомиёни рус ҷони худро аз даст дода буд. Ба нақли Сулаймон Мирзоев, писараш замоне мехост як тирро боз намояд, таркиш ба амал омад ва ҷавон дар рӯи ҳавлӣ ҷон дод.

"Имсол мо хоб дидем ё ҳақиқат буд?"

Иқболбӣ Лашкарова, сокини дигари деҳаи Дараи Об низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз тасаввур карда наметавонад, ки ин ҳақиқат аст, ки дигар сарбозони рус онҳоро ташвиш намедиҳанд ё танҳо хобест, ки онҳо мебинанд.

Иқболбӣ Лашкарова.

Иқболбӣ Лашкарова афзуд, "ростӣ доим ман мегӯям, ки мардуми деҳаи Дараи Об хоб дида истодааст ё ҳақиқат аст, ки сарбозони рус аз Кӯлоб рафтанд."

Сокинони ин минтақаи марзии Тоҷикистон мегӯянд, бо он, ки низомиёни рус шаҳри Кӯлобро тарк карданд, аммо осори тиру гулӯлаҳои онҳо дар ин деҳа барои солҳо боқӣ мондааст. Дар деҳаи Дараи Об кам хонаводае ҳаст, ки аз тир ё гулӯлаи сарбозони рус осеб надида бошад.

"Пеш аз тирпаронӣ сокинонро огоҳ мекунанд"

Дар ҳамин ҳол, моҳе қабл, қисмате аз сарбозони пойгоҳи 201-и Русия ба размоишгоҳи "Ҳомиён", собиқ "Мумирак" баргаштанд.

Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳадафи бозгашти низомиёни рус ба ин минтақаро тамрин ва омӯзиши сарбозони Вазорати дифои Тоҷикистон унвон кард. Ба таъкиди ҷаноби Маҳмадалиев ҳузури сарбозони пойгоҳи низомии 201-и Русия дар тамрингоҳи “Ҳомиён", собиқ Мумирак" муваққатист.

Фаридун Маҳмадалиев.

Қосим Юсупов, вакили деҳаи Дараи Об дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аввалин маротиба аст, ки пас аз рафтани русҳо онҳоро огоҳ карданд, ки ба тарафи размоишгоҳ нараванд, чун дар онҷо тирпаронӣ сурат мегирад. Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, аммо дар муқоиса ба тамриноти солҳои пеши низомиёни рус, ин бор ҳеҷ садои тир низ набаромад ва тир низ ба сӯи деҳаи онҳо сарозер нашуд. Ӯ мегӯяд, расо як сол шуд, ки онҳо дар амн ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ соли 2016 фаромӯш нахоҳанд кард.

Зимнан, деҳаи Дараи Об дар даҳкилометрии размоишгоҳи “Ҳомиён”, собиқ «Мумирак» воқеъ буда, бо доштани 500 хоҷагӣ дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин), калонтарин деҳа ба шумор меравад.

Дар пайи шилики тиру гулӯлаи низомиёни рус дар деҳаи Дараи Об дар зарфи 15 соли ахир 11 нафар ҷони худро аз даст дода ва чандин тани дигар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд. Ҳамчунин садҳо сар чорпоёни сокинони Дараи Об талаф ёфтаанд.

Пойгоҳи 201-и Артиши Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа ҷойгир буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид шуд. Аммо охири соли 2015 ин дивизия пойгоҳи худро аз Кӯлоб ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонд.