Дар Хуҷанд сохтани қабрҳои бетонӣ ва дар рӯи заминро мухолифи меъёру муқаррароти беҳдоштӣ ва динӣ дониста, аз сокинон хостанд, ки наздиконашонро ба чунин шакли хонаи охират нафиристанд. Намунаи қабрҳои бетонӣ ва дар рӯи замин дар гӯристони “Муродбахш”-и маҳаллаи Пахтакори Хуҷанд тарқибан 15 соли охир таҷриба мешуд. Ин қабрҳо аз гӯрҳои оддӣ ба куллӣ фарқ доштанд.
Мо аз хок шудем, бӯйи мурдаро хок мегирад. Вақте зерашро бетон мекунанд, гирду атрофашро семент мекунанд, дар ин вақт мурда бӯй мегирад, ки ҳатто ба берун мебарояд.
Агар барои гӯручӯби мурдаҳо заминро кофта, ҷасадро зери хок ё лаҳад гузоранд, дар қабрҳои нав мурдаҳо дар рӯи замин гузошта шуда, чаҳор тарафашон бо хишт ва семент маҳкам карда мешуд. Сокинони маҳаллаи Пахтакори Хуҷанд мегӯянд, азбаски дар гӯшаи мазори “Муродбахш”, як замон партовгоҳ будааст ва кандани гӯри маъмулӣ имконнопазир шудааст, аз соли 2001 иҷоза додаанд, гӯр дар рӯи замин сохта шавад.
Аммо баъзеҳо дар сохтани чунин гӯр ба ифрот даст задаанд, ки ба қавли сокинон, дуруст набуд. Ин баҳс пойи мақомотро ҳам дар миён кашид. Абдушукур Ашӯров, раиси шӯъбаи маросими дафни Хуҷанд, рӯзи 6 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар гӯрҳои болои замин ҷасад бисёр бӯй мекунад ва аз наздаш гузаштан тақрибан имконнопазир аст.
“Мо аз хок шудем, бӯйи мурдаро хок мегирад. Вақте зерашро бетон мекунанд, гирду атрофашро семент мекунанд, дар ин вақт мурда бӯй мегирад, ки ҳатто ба берун мебарояд. Аз пеши гӯри рӯи замин гузашта намешавад”, гуфт ӯ. Дар як гӯшаи оромгоҳи “Муродбахш” ҳанӯз ҳам гӯрҳои бетонӣ ё дар рӯи замин вуҷуд доранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дари бисёрии онҳо пӯшида шудааст, вале дари яке аз онҳо холист, чун мақомот дафни марҳум дар чунин гӯрҳоро мамнӯъ кардаанд. Гӯркан Абдураҳмон Додобоев ҳоло ба кандани қабрҳои маъмулӣ машғул аст, ки қиматаш ба 400 сомонӣ баробар аст. “Аз ҳукумат омада, иҷозат надоданд ва гуфтанд, ки дигар гӯрҳои болои замин насозед. Гуфтанд, ки дигар қабри рӯякӣ сохта нашавад,” гуфт ӯ.
Дар даромадгоҳи қабристони “Муродбахш” ҳам расман навишта шудааст, ки сохтани қабрҳо дар рӯи замин аз ин ба баъд мамнӯъ аст. Ҷумъабой Холматов, як сокини маҳаллаи Пахтакор мегӯяд, дар оромгоҳи онҳо, ки сол ба сол ҷой барои кандани гӯрҳо тангтар мешавад, муқаррарот сахт аст ва аз ҷумла агар касе ду сол оромгоҳи азизонашро нигоҳубин накунад, дигар нишоне аз ӯ нахоҳад ёфт.
Оромгоҳе, ки на камтар аз 200 сол доштааст, ба гуфтаи ин сокини Пахтакор, то 15 сол пеш гӯри рӯи заминӣ надошт. “Аз сағона ягон фоида нест барои мурда. Барои мурда фақат бояд дуову фотиҳа кунед, фақат тиловат карда бахшидан даркор аст. Аз ҳамин дуои набераҳо баҳра мебарад”, гуфт ӯ.
Дар рӯи замин ё зери замин гӯрондани мурдаҳо аз басҳи камсобиқа дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон будааст. Дар аксар манотиқи Тоҷикистон шеваи ба хонаи охират фиристодани мурдаҳо яксон аст. Яъне, онҳо заминро мекобанд ва мурдаро дар зери хок гузошта болояшро мепӯшонанд. Як рӯҳонии тоҷик, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, сокинони мусалмони Тоҷикистон беҳтар аст аз ҳамон шеваи гӯручӯбе пайравӣ кунанд, ки солҳо боз роиҷ аст ва наметавонад ихтилоф эҷод кунад.
Дар Тоҷикистон дар ҳар деҳаву ҷамоат ва шаҳру навоҳии кишвар даҳҳо қабристон вуҷуд дорад, ки солҳои тӯлонӣ боз ҷасадҳоро дар худ ҷой медиҳанд. Сокинон мегӯянд, баъзе аз ин қабристонҳо бо гузашти 20 сол ва бештар аз он ҳамвор карда шуда, дувумбора барои қабули ҷасадҳо омода мешаванд.