Додгоҳи Мирсаидов: Пурсиши шоҳидон анҷом ёфт

Бар хилофи интизориҳо, мавқеи масъулини санҷиши харҷҳои пулии Хайрулло Мирсаидов ва гурӯҳи КВН на рӯзии 20 июн, балки 25 июн шунида мешавад. То имрӯз назари ҳама шоҳидон пурсида шуд.

Додгоҳи Хуҷанд рӯзи 20 июн шунидани баёноти шоҳидони парвандаи Хайрулло Мирсаидовро анҷом дод. Дар парвандаи ӯ 25 шоҳид сабт шудаанд. 15 шоҳид дар толори мурофиа бозпурсӣ шуданд ва даҳ

Сармуҳосиби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд мантиқан тасдиқ кард, ки мушкили Мирсаидов пас аз он пеш омад, ки ӯ моҳи ноябр дар муроҷиатномае ба унвони раисҷумҳур Олим Зоҳидзода, раҳбари собиқи ин раёсатро ба маблағи 1 ҳазор доллари амрикоӣ ришвахоҳӣ муттаҳам кард

шоҳиди боқимонда бо сабабҳое ба додгоҳ ҳозир нашуданд ва чоршанбеи 20 июн раиси мурофиа нишондоди онҳоро қироат кард. Дар ин рӯзи мурофиа ҷабрдида - Олим Зоҳидзода, сардори собиқи раёсати ҷавонони Суғд ҳузур надошт ва бо дархости вакили мудофеаш мурофиа бе зерҳимояаш сурат гирифт.

Бо ҳамин додгоҳ идомаи мурофиаро ба рӯзи душанбеи 25 июн гузошт. Интизор меравад, рӯзи душанбеи 25 июн дар додгоҳи Хуҷанд масъулини анҷоми санҷиши харҷҳои пулии Хайрулло Мирсаидов ва гурӯҳи КВН пурсида шаванд. Бар асоси аудити ҳамин гурӯҳ, ҳудуди 125 ҳазор сомонӣ маблағи сарфшуда дар фаъолияти гурӯҳи ҳозирҷавобон ҳамчун "норасоӣ" ба қайд гирифта ва Мирсаидов боздошт шуд.

Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳии журналист ва раҳбари гурӯҳи ҳозирҷавобони КВН-и Тоҷикистон, рӯзи 19 июн зоҳиран як гардиши наве мушоҳида шуд.

Қарз на бештар аз 17,6 ҳазор сомонӣ буд

Сармуҳосиби раёсати ҷавонони Суғд гуфт, Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон то моҳи декабри соли 2017 қарзе бар дӯш надошт ва мушкил баъди боздошти ӯ пеш омад.

Нурӣ Турсунова, сармуҳосиби раёсати ҷавонон рӯзи 19-уми июн зимни бозпурсиаш дар додгоҳи Хуҷанд ба ҳайси шоҳид гуфт, ки Мирсаидов дар охири соли гузашта танҳо 17,6 ҳазор сомонӣ қарз дошт ва ваъда карда карда буд, ки ба зудӣ санадҳои хароҷоти он "қарз"-ро ҳам пешниҳод мекунад.

Вале моҳи декабр мақомот ӯро боздошт карданд ва дар пай бо санҷиш (аудит)-е ӯро ба азхуд кардан ё исрофи ҳудуди 125 ҳазор сомонӣ маблағҳои аз будҷа барои КВН-и Тоҷикистон ҷудогардид,а айбдор карданд.

Ҳамин тавр, сармуҳосиби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд мантиқан тасдиқ кард, ки мушкили Мирсаидов пас аз он пеш омад, ки ӯ моҳи ноябр дар муроҷиатномае ба унвони раисҷумҳур Олим Зоҳидзода, раҳбари собиқи ин раёсатро ба маблағи 1 ҳазор доллари амрикоӣ ришвахоҳӣ аз ӯ, муттаҳам кард.

Зоҳидзода ин иддаоро бепоя номид ва аз поймол шудани шаъну шарафаш аз сӯи Мирсаидов бо паҳн шудани ин хабари ба қавли ӯ "бардурӯғ", ба додситонии вилояти Суғд шикоят бурд. Мақомот ба таҳқиқи ин қазия пардохта, Мирсаидовро дастгир ва алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Рӯзи сешанбеи 19-уми июн ба ҷуз сармуҳосиби Раёсати ҷавонон ва варзиш, додгоҳ ҳамчунин як масъули собиқи раёсати ҷавонон, мутахассиси раёсати адлия ва як узви КВН-и Тоҷикистонро бозпурсӣ кард.

Пешниҳоди тарки кор "бо хоҳиши худ"

Нурӣ Турсунова, сармуҳосиби Раёсати ҷавонон ва варзиш, ки ба қавли худаш, расман ба ҳайси “мутахассис” адои вазифа мекунад, ҳамчунин гуфт, раҳбари собиқи раёсати ҷавонон Олим Зоҳидзода бидуни арзи сабаб ба ӯ пешниҳод карда буд, ки аризае нависад ва ба ихтиёри худаш ҷои корашро холӣ кунад.

Ӯ корманди наверо ба ҳайси "мутахассис" ба кор гирифта буд, ки амалан кори муҳосибиро иҷро мекард ва зоҳиран мехост ин муҳосибро, ки аз ӯ ном бурда нашуд, ба ҷои Турсунова сармуҳосиб таъин кунад. Баъди аз вазифа рафтани Зоҳидзода, ин хонум низ "бо хоҳиши худаш" аз кор рафтааст.

Аҳрорхон Хоҷаев, собиқ корманди Раёсати ҷавонон ва масъули ҳамкорӣ бо созмону маҳфилҳои ҷамъиятӣ, ки аз ҷумла ҳамкорӣ бо КВН-и Тоҷикистонро ӯ танзим мекард, низ баъди ба мақоми раҳбари раёсати ҷавонон расидани Олим Зоҳидзода "бо хоҳиши худ" аз кор рафтааст. Ӯ дар додгоҳ гуфт, мушкили Мирсаидов бо Зоҳидзода баъд аз рафтани ӯ пеш омад ва ӯ ҷузъиёти тозае гуфта наметавонад.

Мурофиаи Мирсаидов рӯзи 8 июн дар додгоҳи Хуҷанд шурӯъ шуд ва ӯ гуфт, ки худро аз рӯи моддаи "дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ" гунаҳкор намедонад ва аз рӯи моддаҳои "аз они худкунӣ ё исрофкорӣ" ва "сохтакорӣ" қисман гунаҳкор аст.

Қазияе, ки мавриди интиқоди ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд

Хайрулло Мирсаидов дар аввал бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла "барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ” муттаҳам буд. Аммо рӯзи 21-уми майи имсол додситонӣ гуфт, тафтишот ин моддаро бинобар сабаби исбот нашудан аз парвандаи Хайрулло Мирсаидов берун кард. Боздошти Хайрулло Мирсаидов боис ба интиқоди зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва дигарон шуд. Онҳо озодшавии билофосилаи журналисти маъруф ва ташкили додгоҳи озоду мунсифонаро талаб доранд.

Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир гардид, ки дар як изҳороти чопӣ дар интернет иддао кард, сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти дастаи КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода шаъну шарафи худро поймолшуда донист ва ба додситонӣ шикоят бурд.