Додгоҳи олӣ қарори суди пойтахтро дар мавриди баҳси манзил миёни Умаралӣ Саидов, як сокини шаҳри Душанбе бо ҳамсари бародарашро бекор кард. Агар бо оғози ин баҳс вай мегуфт, ки дигар “ба адолат дар Тоҷикистон бовар надорад”, вале ҳоло бо табассум мегӯяд, ки инак “адолат пирӯз шуд”.
Аммо Наботой Расулова, ҳамсари бародари Умаралӣ Саидов, ки аз ҳукми додгоҳ бисёр нороҳат шуд, ҳозир нашуд оид ба ин баҳс баъди бекор шудани таъиноти суди пойтахт изҳори назар кунад.
Умаралӣ Саидов ин манзилро ҳосили заҳматҳои сангини кораш дар Русия меномад. Бар асоси тавофуқ бо бародари марҳумаш он 15-16 соли пеш бо пули аз муҳоҷирати корӣ дар Русия ирсолкардаи ӯ бародаш ҳавлӣ мехарад, вале баъди марги бародар ҳамсари дуюм ва ғайриқонунии ӯ ин хонаро ҳамчун “мерос” азони худ мекунад. Тавре Умаралӣ Саидов мегӯяд, бародараш Саидалӣ Саидов дар соли 2007 ба хотири пул аз сӯйи афроде, ки бо вай машғули тиҷорат будаанд, кушта шудааст.
13 соли охири умри Саидов барои собит кардани қонунмандии ин хона ва соҳибӣ ба он сипарӣ шудааст.
Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи чоршанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мурофиаи имрӯз матни ҳалномаи Додгоҳи олӣ қироат карда шуд ва таъиноти додгоҳи Душанбе оид ба баҳси манзили шаҳрванд Умаралӣ Саидов бекор карда шуд. Умаралӣ Саидов гуфт, ки дар барқарор шудани адолат ва таваҷҷӯҳи мақомоти Додгоҳи олӣ ба қазияи ӯ нақши гузориши видеоии Радиои Озодӣ муҳим буд, ки моҳи апрел нашр шуд.
Ҳаминтавр Умаралӣ Саидов бо ин ҳалномаи додгоҳ соҳиби қонунии манзили зист дониста шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Қаблан Умаралӣ Саидов зидди Наботой Расулова барои куч доданаш аз ин манзил ба Додгоҳи шаҳри Душанбе муроҷиат намуд, аммо додгоҳ аризаи ӯро сарфи назар кард ва бидуни ширкати Саидов барои тақсими мерос қарор содир намуд. 11 декабри соли 2017 тақсими мерос анҷом ёфта хона ба Наботой Расулова тааллуқ гирифт.
Умаралӣ Саидов рузи 8 май пас аз бекор шудани қарори Додгоҳи пойтахт бо изҳори хушҳолӣ гуфт, “адолат ғалаба кард” ва заҳматҳои чандсолааш бо хубӣ анҷомид.
Вай мегуяд: “Наботой Расулова ҳамсари қонунии бародари ман набуд. Вақте дар Русия будам, маблағ фиристода манзили истиқоматиеро харидорӣ кардам ва дар ин хона бародарам бо ҳамсари дуввуми худ зиндагӣ мекард. Аммо вақте бародарам фавтид, ҳамсари дувуми ӯ ин хонаро ҳамчун мероси шавҳар аз худ намуд. Тамоми санадҳои хонаро дорам, ки аз кӣ ва кай харидаам, аммо ин зан санади ақди никоҳ сохта, “мероси шавҳар” ва “зани қонунӣ” гуфта, хонаи маро гирифтааст. Ҳол он ки бародари ман бо зани аввалаш ақди никоҳ ва фарзанд дошт ва то замони маргаш хатти талоқ ҳам нагирифта буд».
Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 8 май ба манзили даъвоӣ дар кӯчаи Афзалӣ 93 рафтанд, вале дарвозаи хона баста буд ва бо вуҷуди садо додан аз дохил посухе дода нашуд.
Умаралӣ Саидовро дар сохторҳои мухталифи додгоҳҳои Тоҷикистон хуб мешиносанд. Аризаҳои даъвоии ӯ ба хотири барқарор кардани ҳақаш ба манзил солиёни зиёд дар дасти баррасӣ буд ва замоне, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ дар саҳни Додгоҳӣ олӣ суҳбати видеоӣ доштанд, додрасҳое, ки аз назди камера мегузаштанд, бо ишора ба Саидов мегуфтанд, ки ӯро хуб мешиносанд.
Худи Саидов мегӯяд: “Ман 300 маротиба ба номи президент, 200 маробита ба Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагон, бештар аз 200 маробита ба додгоҳи олӣ ва конститутсионӣ муроҷиат ва 28 маротиба дар қабули Зариф Ализода собиқ омбудсмени тоҷик ҳузур доштам. Ҳоло фақат ду нафар мондааст, ки ман ба қабулашон нарафтам ва суҳбат накардам. Ин ҳам президент Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ”.
Ҳоло баъди содир шудани ҳукми додгоҳ Умаралӣ Саидов оҳи сабук кашида умед дорад, ки базудӣ зери боми хонаи худ мекӯчад. Ба назари коршиносон, таҷрибаи Тоҷикистон нишон медихад бекор кардани санадҳои судӣ аз тарафи Додгоҳи олӣ дар ҳолатҳои хеле кам рух медиҳад.
Баҳси меросу манзил дар додгоҳҳои Тоҷикистон солҳои охир зиёд шуда, ба маъмултарин даъвоҳо табдил мешавад.