Куштор дар бозор. Мард барои қатли ҳамсар 12 сол зиндонӣ шуд

Қурбоналӣ Раҳмонов барои қатли ҳамсараш ба 12 сол зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) Қурбоналӣ Раҳмонов, сокини ҷавони ин минтақаро, ки тобистони имсол ҳамсараш Бибизиёдамоҳ Муҳсиддинова​ро аз "рашк" кушта буд, 12 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳодиса рӯзи 22-юми июл дар яке аз ошхонаҳои қисмати фурӯши маводи кишоварзии бозори "Ҳоҷӣ Шариф" рух дод. Бибизиёдамоҳ Муҳсиддинова дар онҷо ба ҳайси пешхидмат кор мекард.

"... пушаймон шуд"

Хусрав Холдорзода, додраси Додгоҳи шаҳри Бохтар, рӯзи 19-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Қурбоналӣ Раҳмонов бар асоси моддаи "одамкушӣ" муҷрим шинохта шудааст. "Ӯ дар ҷараёни мурофиа ба гуноҳаш иқрор кард ва изҳорӣ пушаймонӣ намуд. Давраи адои ҷазоро дар зиндони низомаш сангин хоҳад гузаронд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ин куштор пурсарусадо дар пеши чашми даҳҳо харидору фурӯшандаи бозори "Ҳоҷӣ Шариф" -- яке аз бузургтарин бозорҳои ҷануби Тоҷикистон, сар зад.

Исмоил Иброҳимов, вакили Қурбоналӣ Раҳмонов ҳам тасдиқ кард, ки нафари таҳти ҳимояташ дар додгоҳ гуноҳро ба гардан гирифтааст. Вай афзуд, ҳаққи шикоят бурдан аз болои ҳукми додгоҳро доранд ва ҳафтаи оянда дар ин бора тасмим хоҳанд гирифт.

Наздикони Бибизиёдамоҳ -- ҳамсари Қурбоналӣ Раҳмонов чандон майли сӯҳбат карданро надоранд ва танҳо яке аз хешовандонаш бидуни зикри ном гуфт, ки зиндагии ин ҷуфт чандон хуб набуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Баҳси хиёнат ё амвол? 22 сол ҳукми Бердиев барои қатли Нигора

Куштор дар бозор

Афроди огоҳ аз қазия мегӯянд, гумони робита доштани Бибизиёдамоҳ Муҳсиддинова бо мардони дигар шавҳари ӯро чанд дафъа ба маҳалли кори ҳамсараш бурда буд. Тафтишот мегӯяд, Қурбоналӣ Раҳмонов рӯзи 22-юми июли имсол ба ҷои кори ҳамсараш рафт ва ба пушти ҳамсараш 5 зарбаи корд зад. Зан бар асари хунравии зиёд дар бемористон ҷон додааст.

Мушкили хонаводагӣ аз чӣ сар мезананд?

Огоҳони масоили иҷтимоӣ мегӯянд, аксар низоъҳои хонаводагӣ, ки бо фоҷеа ё осеб расондан ба саломатӣ дар хонаводаҳо рух медиҳад, бинобар рашк, мушкили иқтисодӣ ва ҷой доштани хушунат сар мезанад ва гоҳе ба фоҷеа меанҷомад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 20 соли зиндони Файзиддин Ҳабибуллоев барои куштори ҳамсару кӯдак. ВИДЕО

Райҳона Ҳақбердиева, як масъули созмони "Дилафрӯз", ки миёни занони ҷабрдида ва хонаводаҳои вориди низоъ кор мекунад, гуфт, вақте як мард мушкили бекорӣ дорад ё ҳолати равонияш бад мешавад, наметавонад худро контрол кунад ва даст ба ҷиноят мезанад.

Қатли Бибизиёдамоҳ дар натиҷаи рашки шавҳар, аввалин қатли ҳамсар ба дасти шавҳар нест ва дар соли ҷорӣ ҳодисаи дуюм аст. Авоили соли ҷорӣ марде аз ноҳияи Кушониён ҳамсарашро ба чанд зарбаи корд кушта буд.

Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар 9 моҳи ахир ҳудуди даҳ ҳолати қатл дар Хатлон сурат гирифтааст, ки ваъзи бади равонӣ, кинаю адоват ва моҷароҳои хонаводагӣ аз сабабҳои он гуфта мешавад.