Мақомоти интизомии вилояти Суғд марди муттаҳам ба таҷовуз ба номуси духтари ноболиғашро боздошт кардаанд. Ин мард рӯзи 24-уми феврал, ҳангоми бозпурсӣ дар бинои Досдитонии шаҳри Гулистон бо баҳонаи инки ба ҳоҷатхона меравад, фирор карда буд. Мақомот барои боздошти ӯ “Амалиёти аланга”-ро ба роҳ монданд.
Ҳодиса баъди ҳомила шудани духтар ва муроҷиат ба пизишкон ошкор шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки боздошти марди 40-сола рӯзи 25-уми феврал дар дохили таксие дар назди бозори "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, боздоштшуда зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон буда, дар шаҳри Гулистон зиндагӣ мекард.
"Ба таҷовуз ба номуси духтараш гумонбар аст"
Дар ҳоли ҳозир Додситонии шаҳри Гулистон алайҳи ин мард бо иттиҳоми таҷовуз ба номус парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва тафтиши онро пеш мебарад. Гулчеҳра Ғоибназарова, аз масъулони бахши иттилоотии Додситонии вилояти Суғд, рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мард ба таҷовуз ба номуси духтари ноболиғаш гумонбар аст. Як манбаи Радиои Озодӣ аз марди гумонбар Мирзо Алимов ном бурд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа рӯзҳои шанбеву якшанбе хабар дод, ки дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он теъдоди зиёди маъмурони пулисро мушоҳида кардааст. Як сокини Хуҷанд ҳам гуфт: “Маъмурони пулис бештар мошину мусофирбарҳоеро, ки аз шаҳри Гулистону Хуҷанд берун мераванд, нигоҳ дошта, тафтиш мекунанд. Дар дасти баъзеи онҳо акси як марде ҳаст.”
"Вақте пизишкон хабардор шуданд..."
Манобеи ҳифзи ҳуқуқи Суғд мегӯянд, айбнома алайҳи падаре, ки ба гумони таҷовузи духтари худ дастгир гардид, баъд аз ташхиси духтари ӯ эълон хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин манобеъ, ин мард дар шаҳри Гулистон муваққатан зиндагӣ мекард ва эҳтимол ба номуси духтари ноболиғи худ дастдарозӣ кардааст.
Ба қавли ин манобеъ, ҳодиса баъди ҳомила шудани духтар ва огоҳии модарашу муроҷиат ба беморхона ошкор шудааст. Вале мақомот феълан ин ҷузъиётро пурра тасдиқ ё рад намекунанд ва мегӯянд, тамоми ширкатдорони қазия мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд.
Дар сурати тасдиқ шудани иттиҳоми зидди ин мард, ӯро мӯҳлати тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.
Дар гузашта аз зиндонҳои шаҳри Хуҷанд чанд нафар фирор карда, баъзеи онҳо дубора боздошт ва баъзеашон дар ҷараёни амалиёти боздошт кушта шудаанд.