"Бозрас"-и БДА барои шаҳодатномаи ронандагӣ пора мегирифт

Муҳаммадӣ Кенҷаев.

Пулис дар Қӯрғонтеппа як сокини шаҳри Кӯлобро барои таҳияи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ боздошт намудааст. Ин шахс худро мансабдори давлатӣ муаррифӣ намуда ва аз роҳи фиреб пули мардумро ба ҷайб мезадааст.

Шӯъбаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа як сокини шаҳри Кӯлобро, ки бо роҳи фиреб аз мардум барои таҳияи ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва зиёд намудани нафақаи бознишастагӣ пул меситонд, боздошт намудааст.

Аз Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯргонтеппа ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки сокини 39-солаи кӯчаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб Муҳаммадӣ Кенҷаев худро ба ҷабрдидаҳо ҳамчун мансабдор ва корманди Оҷонсии зидди фасод муаррифӣ намуда ва барои таҳияи намудани ҳуҷҷатҳо аз онҳо пул ба даст меовардааст.

​Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла Муҳаммадӣ Кенҷаев, соли равон ба Мирзоев Сайдмудин, сокини шаҳри Кӯлоб ваъда додааст, ки барояш дар мудати кӯтоҳ ҳуҷҷати ронандагӣ мекунад. Ҳамин тавр Муҳаммадӣ Кенҷаев аз ин сокини Кӯлоб маблағи 2600 сомонӣ дарёфт намуда ва ҳуҷҷате барои ӯ дуруст накардааст ва пулашро ҳам барнагардонидааст. Ӯ ҳамчунин ба боварии Маснавихон Сатторова, сокини ноҳияи Қумсангир даромада ва ба ӯ даромад ваъда додааст, ки барояш ҳуҷҷати нафақа дуруст мекунад ва аз ӯ 200 сомонӣ гирифта, ғайб задааст.

Пулиси шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамакнун алайҳӣ Муҳаммадӣ Кенҷаев, тибқи моддаи 247 қисми 2, бандҳои “а”, “в” Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, яъне қаллобӣ, тасарруфи амволи ғайр, ба даст овардани амволи ғайр бо сӯистифода аз бовар, парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Ба иттилои пулиси шаҳри Қӯрғонтеппа, Муҳаммадӣ Кенҷаев дар ҷое кор намекардааст ва дар гузашта низ ду маротиба бо ҳамин ҷурм ба муддати яксолӣ, зиндонӣ будааст.