Боздошти дубораи "генерал-майор"

Оҷонсии зидди фасод шахсеро, ки худро "генерал-майор" муаррифӣ намуда ва аз тариқи қаллобӣ пулҳои мардумро аз худ менамуд, боздошт кардааст. Ин фард барои бори дувум бо ин иттиҳом боздошт мешавад.

Оҷонсии зидди фасод аз боздошти Маҳмадалӣ Давлатшоев -- сокини 35 -солаи ҷамоати "Заргар"-и ноҳияи Бохтар хабар дод, ки худро генерал-майори Кумитаи федеролии мубориза бо фасоди Русия муаррифӣ карда ва аз сокинони минтақа маблағҳои калон ба даст меовардааст.

Азизулло Қурбонов, сардори шӯъбаи тафтишоти Оҷонсии зидди фасоди Хатлон рӯзи 2 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Маҳмадалӣ Давлатшоев дар таърихи 10-уми сентябр ва тибқи шикояти 8 нафар аз сокинони вилоят боздошт шудааст. Манбаъ гуфт, ки пули ба таври қаллобӣ рӯёнидаи Маҳмадалӣ Давлатшоев аз 8 сокини вилояти Хатлон 15 ҳазор доллар амрикоиро ташкил медиҳад.

Оқои Қурбонов афзуд, ки ҳамакнун алайҳи Маҳмадалӣ Давлатшоев тибқи моддаи марбут ба қаллобӣ, тасарруфи амволи ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба амволи ғайр бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварии Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз намуда ва тафтишот идома дорад.

Дар сурати исбот шудани иттиҳом алайҳи Маҳмадалӣ Давлатшоев, қонун барои ӯ ҷарима дар ҳадди аз 500 то 800 андозаи маоши ҳадди ақал ва ё то се сол маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Маҳмадалӣ Давлатшоев барои бори дувум аст, ки барои қаллобӣ боздошт мешавад. Ӯ ҳанӯз дар моҳи марти соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони пулиси ноҳияи Бохтар боздошт шуда буд. Он замон Маҳмадалӣ Давлатшоев худро корманди Оҷонси зидди фасоди вилояти Хатлон муаррифӣ намуда ва бо ваъдаи додани қитъаи замин, аз ниёзмандон аз 3 то 20 ҳазор доллар гирифтааст. Маблағи рӯёнидаи ӯ ҳудуди 400 ҳазор сомониро ташкил дода буд.

Гуфта мешавад, он замон пас аз ҷарима ва ҷуброн кардани пулҳо аз мардум гирифтааш ӯ афв шуда буд. Вале маълум нест, ки ин фард чӣ гуна санади "генерал-майорӣ"-ро ба даст овардааст ва ҳамин тавр чигуна мардум ба ин содагӣ ба доми ӯ афтодаанд.

Як манбаи дигар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Маҳмадалӣ Давлатшоев корманди Комиссияи ҷамъиятии зидди фасод умумирусиягӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа будааст.