Додситонии шаҳри Сарбанд паёмадҳои як фоҷеаро таҳқиқ мекунанд, ки бо ишқи пуршӯри ду ҷавон шурӯъ шуда, бо марги писару модар анҷомид.
Муфаттишони додситонии шаҳри Сарбанд қазияи марги фоҷеабори Исматуллои 18-сола ва модари 49-солаи ӯ Ҳуснигул Акобироваро таҳқиқ мекунанд, ки рӯзи 5 октябр бар асари сӯхтор ҷони худро аз даст доданд. Хулосаҳои муқаддамотии тафтишот ин аст, ки Исматулло Акобиров дар ғояти рашки шадид худро оташ зад ва модаре, ки барои наҷоти ҷони писараш шитофт, аз алангаи ин оташ осеб дида ҳамчунин ба коми оташ рафт.
Ишқи нобаробар
Ривояти ҳодисае, ки онро ҳарду ҷониби қазия мегӯянд, ин аст, ки ишқи гарму пурҷӯши Исматулло Акобиров ба як ҷавонзани 24-солаи маҳаллӣ – Рухшона Салимова ва мушкилоти равобити онҳо боиси сар задани моҷаро шудааст. Исматулло ошиқи Рухшона, як раққосаи тарабхонаи маҳаллии "Эрес" будааст, ки маъмулан то сеи шаб кор карда, аз ҳамин ҳисоб зиндагии худро пеш мебурдааст. Хешовандони Исматулло мегӯянд, ки баъди нисфи шаб ба хона баргаштани Рухшона ва машғулиятҳои рақси ӯ ҳамеша боиси рашку нороҳатиҳои Исматулло будааст. Ҷавонзан, ки маъмулан баъди бозгашти дер ба хона то нисфирӯзӣ истироҳат мекардааст, рӯзи 5 октябр дарро ба рӯи дилдодааш боз накард. Исматулло, эҳтимолан аз гумони бад ва рашк, ба хонаи модар баргашта худро оташ зад ва дар ниҳоят, ин оташ модари ӯро ҳам қурбони фоҷеа кард.
"Исматуллоро рашк ба ин ҳол овард"
Ҳоло фарзияи аслии тафтишот ҳам ин аст, ки фоҷеа бо сабаби рашки писар рух додааст. Хуршед Саъдизода, муфаттиши додситонии шаҳри Сарбанд рӯзи панҷшанбеи 7 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҷавон ошиқ шудааст. Духтар раққоса буда ва кораш ҳамин будааст. Вале ин ҷавон рашк карда ва худашро куштааст. Па саз ин ҳодиса бозпурсиҳо анҷом додем, муайян кардем, ки сабабаш рашк аст. Пеш аз ҳамин ҳодиса ин ҷавон пеши духтар меравад, вале дарашро боз намекунад ва ба хона бармегардад, ки ин ҳодиса мешавад".
Дар ҳамин ҳол чанд сокини шаҳри Сарбанд Рухшона Салимова, ҷавонзани раққосаро дар марги Исматулло ва модари ӯ гунаҳгор медонанд. Фарҳод Акобиров, бародари Исматулло низ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: "Исматулло, бародарам, барои ҳамин раққоса худашро куштааст. Бародарам 18-сола буд, модарам 49 сол дошт ва ҳарду фавтиданд".
Вале Рухшона Салимова ҳам, ки мегӯяд мотам дорад, гуфт, аслан фикри баде надошт ва ҳеҷ гоҳ тасаввур намекард, ки муносибати наздику хуби онҳо бо чунин фоҷеа меанҷомад. Рухшона мегӯяд, ки Исматуллоро дӯст медошт, умедвор буд, ки рӯзе арӯси ӯ мешавад, вале хешовандони ҷавон мухолифи муносибатҳои наздики онҳо буданд. Дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ Рухшона гуфт, ки ҳатто дар як ҳодиса хешовандонаш Исматуллоро барои равобиташ бо ин духтари раққоса латукӯб карда буданд.
Рухшона: Хешовандонаш мухолифи ишқи мо буданд
Рухшона гуфт: "Хонаводаашон мехост, ки аз ман ҷудо шавад. Ман гуфтам, ки агар хонаводаатон нахоҳанд, набояд мулоқот кунем. Борҳо ба ман таҳдид карданд, ки мулоқот накунед. Исматулло маро нағз медид ва ман ҳам ӯро дӯст медоштам. Фикр мекунам, ки хонаводаашон гунаҳгор ҳастанд, чун хонаводаашон ба ӯ фишор меовард".
Рухшона мегӯяд, ки рашки Исматулло бештар барои раққоса буданаш будааст. Хонаводаи Рухшона бар ин назаранд, ки агар пайвандони Исматулло барои издивоҷи ин ду ҷавон иҷоза медоданд, рашки беасос ҳам ба миён намеомад ва ин ҳодиса ҳам намешуд. Сабаби дигари мухолифати наздикони Исматулло дар синни бузургтари духтар ва ҳам як дафъа издивоҷ карда ҷудо шудани ӯ будааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки хулосаҳои тафтишот чӣ мешавад ва оё касе аз рӯи ин қазия ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ё на. Як манбаъ дар додситонии Сарбанд гуфт, ки «агар рашк будани сабаби аслии худкушии Исматулло исбот шавад, парванда баста мешавад. Марги модараш ҳам як тасодуфи бад будааст».
Ҳоло Рухшона мегӯяд, ки баъди марги Исматулло аз ӯ як нишона мондааст, ки он ҳам духтарчаи ҳафтмоҳаи онҳо аст.
Ихтилофҳои синнусолии волидону фарзандон
Дар миёни мардуми суннатии Тоҷикистон маъмулан издивоҷи писар бо зани шавҳардида чандон роиҷ нест ва дар бисёр ҳолатҳо, агар ҷавонҳо ошиқи ҳамдигар бошанд, дар ҳолати азияту таҳти фишори хешовандон ва ҷомеа қарор мегиранд. Дар ҳолатҳои начандон зиёд ҷавонҳо ба шикастани қолабҳо розӣ мешаванд ва зиндагии якҷояро шурӯъ мекунанд.
Дар солҳои охир матбуот аз чандин ҳодисаи ишқи нокоми ҷавонҳо дар манотиқи дигари Тоҷикистон ҳам хабар дода будааст, ки бо фоҷеа анҷомид. Дар як ҳодисаи охир моҳи июн радиои Озодӣ хабар дод, ки дар ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликӯли собиқ) дар вилояти Хатлон ду дилдодаи ҷавон - Фарҳод Рустамови 20-солаи рустои Пахтакор ва амакдухтари 16-солааш Моҳрӯ Рустамова, ки дар ҳамсоядеҳаи Умед ба сар мебурд, худро аз як ҷарии баланд партофтанд. Тафтишот ҳам гуфт, ки ин ҷавонон дилдодаи ҳам буданд ва бо сабаби рад шудани тасмими издивоҷашон даст ба ин амал заданд.
Коршиносон мегӯянд, ки солҳои охир фосилаи миёни насли ҷавон ва волидони миёнасоли суннатии онҳо афзоиш меёбад ва дар бисёр ҳолатҳо ҷавонҳо ба саволу нигарониҳои худ посух пайдо накарда, аз зиндагӣ дилсард мешаванд.