"Ман кай сиҳат мешавам?" -- суоли ҳамешагии кӯдакони олуда ба ВИЧ аз волидон. ВИДЕО

Соли гузашта дар Тоҷикистон 60 кӯдак бо вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) ба дунё омадааст. Ба гуфтаи мақомот, дар ҳоли ҳозир 700 кӯдаки то 18-сола дар саросари кишвар гирифтори ин беморӣ мебошанд.

"Розҳо"-и Наргиси 9-сола

Наргис 9 cол дорад, вале мисли бузургсолон ӯ ҳам як асрореро дорад. Ӯ наметавонад дар баъзе мавзӯъҳо бо дугонаҳояш ошкор сӯҳбат кунад ва вақте модараш дар соатҳои муайян Наргисро ба хона даъват мекунад, танҳо ӯ мефаҳмад, ки вақти истеъмоли дору расидааст.

Тибқи омори расмӣ, наздики 8 ҳазор мубталои вируси норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон сабт шуда, аз ин шумор то кунун наздики 1600 тан фавтидааст.

"Вақте модарам мегӯяд рав об нӯш, мефаҳмаму мераваму доруямро мегирам. Чаро ба дигарон дар бораи доруҳоят чизе намегӯи? Охир айб аст. Чаро фикр мекунӣ айб аст? Чунки баъд ҳамроҳат касе бозӣ намекунад, мегӯянд ту касалӣ."

Наргис аз ҷумлаи 372 кӯдакест, ки аз лаҳзаи таваллуд мубтало ба вируси норасоии масъунияти бадан аст. Дар бораи бемориаш то ҷое маълумот дорад, медонад, ки дар хунаш як вируси хатарноке дорад ва бояд хеле эҳтиёт кунад. Аммо бо хости модар дар кӯча дар ин бора лаб намекушояд.

Наргис ва бародари ӯ аз модари худ сироят ёфтаанд. Фариза -- модари онҳо мегӯяд, вақте ду фарзандро таваллуд кард, ҳанӯз аз вуҷуди вируси норасоии масъунияти бадан дар хуни худ огоҳ набуд. Шавҳари нашъаманд ба ӯ ин вирус ва ду фарзанди беморро мерос гузошту рафт.

Модар рози бемории фарзандонро рӯйпуш намекунад

Фариза, модари Наргис.

Фариза, агарчанде бемории писар ва духтари навраси худро аз атрофиён ва мактаб пинҳон медорад, аммо мегӯяд, мисли дигар волидони кӯдакони олуда ба ВИЧ аз фарзандон бемор будани онҳоро рӯйпӯш намекунад. Онҳоро ба қабули ин ҳақиқат омода мекунад. Ӯ ошкор ба онҳо мегӯяд, доруҳое, ки онҳо ҳамеша истеъмол мекунанд, витамин нест.

"Ман ягон бор онҳоро дурӯғ намегӯям, ки ин витамин аст, хӯред, калон мешаведу космонавт мешавед. Мегӯям, ки дар хуни шумо вирус аст, аммо ин чӣ намуд вирус аст, то ба ҳол ба онҳо нагуфтаам. 2-3 моҳ пеш писарам гуфт, оча, ман дигар намехӯрам, безор шудам. Гуфт, чаро дӯстони ман, намехӯранд, ман мехӯрам? Ба ин савол ман посух наёфтам."

Фариза барои ошкор кардани бемории фарзандон, ба худи онҳо дар чандин давраҳои омӯзишӣ ширкат кардааст. Ҳоло писараш 10 сол дорад ва мегӯяд, ки то 12 солагӣ бояд ба ӯ рӯшан бигӯяд, ки ӯ ба вируси норасоии масъунияти бадан гирифтор аст. Ҳарчанд мегӯяд, ӯ ин кори осон нест. "Метарсам, ки дилашон аз зиндагӣ мемонад, шояд маро гунаҳкор мекунанд, ки ман онҳоро сироят кардаам."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Ман кай сиҳат мешавам?" -- суоли ҳамешагии кӯдакони олуда ба ВИЧ аз волидон

700 кӯдаки гирифтори ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон

Соли 2017 дар Тоҷикистон 60 кӯдак аз модар бо вируси норасоии масъунияти бадан ба дунё омадааст ва дар маҷмӯъ бино ба иттилои расмӣ ҳоло беш аз 700 кӯдаки то 18 сола бо ин вирус ба сар мебаранд. Мутахассисони мегӯянд, ин кӯдакон аз 6 то 12 солагӣ бояд аз ҷониби волидон огоҳ карда шаванд, ки олуда ба вирусанд.

Аммо як пажӯҳиши ахири созмони "Гули Сурх" миёни волидон муайян кардааст, ки 80 дарсад намедонанд чӣ тавр ба фарзанд бемор будани ӯро бигӯянд. Метарсанд, ки бо ошкорсозии беморӣ ба равони кӯдакони худ зарба мезананад. Сайёҳат Назриева, як корманди созмони Гули Сурх, ки бо кӯдакони сироятёфта кор мебарад, мегӯяд, худдории волидон маъмулан ба зарари фарзандон анҷом меёбад.

Сайёҳат Назриева мегӯяд, ҳолатҳое ҳаст, ки кӯдак 15-16 сола мешавад, аммо аз бемории худ огоҳ нест. Ба гуфтаи ӯ, дар таҷрибаи кориаш нафаре буд, ки дар ҳамин син бемориашро фаҳмид ва бо чашмони пур аз ашк гуфт, ки аллакай дӯстдошта дорад ва зиндагиашро дигар хел тасаввур мекард ва вақте фаҳмид, дунё дар назараш торик шуд. Сурайё Назриева мегӯяд, ки агар кӯдакон аз хурдӣ барои дарки ин бемории худ омода шаванд, осонтар қабул мекунанд.

Сайёҳат Назриева, корманди созмони "Гули Сурх"

"Духтарам бо айби табибон олуда ба ВИЧ шуд"

“Ман кай сиҳат мешавам?” Посух гуфтан ба ин суоли духтари 8-солааш барои Сарвиноз Алиева -- модаре аз ноҳияи Турсунзода, хеле сахт аст. Ба гуфтаи ин модар, суолҳои духтараш рӯз то рӯз зиёд мешавад. Мушкилтарин суолаш ҳам ин аст, ки мехоҳад бидонад, кай билохира ӯ дигар аз назорати духтурон берун ва аз доруву даво халос мешавад ва чаро атрофиён аз ӯ дурӣ меҷӯянд. Модар росташро гуфтан намехоҳад, вале намедонад ба ӯ чӣ бигӯяд.

"Мепурсад, ки то кай ман дору мехӯрам, то кай маро нигоҳубини махсус мекунӣ. Худашро бо хоҳараш муқоиса карда мегӯяд, чаро агар ягон ҷойи ӯ хун шавад, наметарсед мебандеду тамом, вале аз ман, ки хун шуд, датспӯш мепушеду тайёрӣ мебинед. Ман ба ӯ мегӯям, ки иммунитети ту суст аст ва бояд эҳтиёт кунем, ки ба ҷисмат микроб нагузарад."

Ба иддаои Сарвиноз, духтари ӯ дар якунимсолагӣ бо айби духтурон олуда ба ВИЧ шуд. Чанд сол боз ин модар мехоҳад тавассути додгоҳ табибон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, аммо ҳанӯз ба ҳадаф нарасидааст. Мегӯяд, ҳар бор дар охирин лаҳза парванда қатъ карда мешавад.

Зимнан, дар Барномаи миллии муқовимат ба эпидемияи вируси масунияти бадан, ки барои солҳои 2017-2020, тасвиб шудааст, аз афзоиши гирифтории кӯдакон ба ин вирус аз роҳҳои номаълум изҳори нигаронӣ шудааст. Тибқи омори соли 2017, сабаби сироят ёфтани беш аз 300 кӯдаки тоҷик дақиқ нест.

Ҳоло тарси Сарвиноз ва аксар модарони дигари атфоли олуда ба ВИЧ аз он аст, ки фардо вақте фарзандон аз бемории худ пурра огоҳ мешаванд, эҳтимол дорад аз модар домангир шаванд ва онҳоро гунаҳгор кунанд, ки натавонистаанд тифли худро ҳифз намоянд.

Беморони СПИД дар ҷомеаи муҳофизакори тоҷик

Аз сӯйи дигар дар ҷомеаи тоҷик, хабари бемор будани инсон ва ҳам гирифторӣ ба як касалии сироятӣ дуруст қабул намешавад. Ноогоҳӣ иҷоза намедиҳад, ки ба инсон рафтори ботаҳаммул дошта бошанд. Ба ин хотир ҳам, модарон аксаран ин мавзӯъро табу ё сензура мекунанд, то фарзандони онҳо байни дигар афтол роҳат таҳсилу бозӣ кунанд. Фариза мегӯяд, "ҷомеа ҳам ҳоло ба қабули ин беморӣ омода нест. Як ду нафар шояд дарк кунад, дигарон фикр мекунанд, ки тамом. Ин ба сӯҳбату шиштану якҷо хӯрдан ҳам мегузарад."

Масъулини созмонҳои кор бо кӯдакони мубтало ба ин беморӣ мегӯянд, барои кӯдакони олуда ба ин вирус, бояд барномаву усулҳои вижае ба роҳ монда шавад, то онҳоро бо бемории худ ва бо зиндагии дигар, зиндагие, ки то ҷое аз ҳамсолони дигарашон фарқ дорад, омода созанд. Тавассути чунин лоиҳаҳо кӯдакон бояд дарк кунанд, ки танҳо нестанд ва умедашон ба оянда бештар бошад.

Бунёди атфоли кӯдакони СММ чанд соли ахир дар ҳамкори бо созмонҳои иҷтимоӣ дар доираи як лоиҳа ва бо роҳандозии лагерҳои фароғатӣ ин кӯдаконро бо ҳам ошно ва ҳамзамон онҳоро аз вуҷуди беморӣ дар ҷисмашон огоҳ мекард. Ҳоло гуфта мешавад ин лоиҳа ҳам ба поён расидааст. Тибқи омори расмӣ наздики 8 ҳазор мубталои вируси норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон сабт шуда, аз ин шумор то кунун наздики 1600 тан фавтидааст.