Ута Шиллинг - доиранавозе аз Олмон. ВИДЕО

Ута Шиллинг як зани олмонитабор 15 сол аст, ки доираи тоҷикӣ менавозад ва дар зодгоҳаш Берлин ҳаводорони зиёд дорад. На, ӯ ҳунарманд ё мусиқишинос нест. Ӯ як шарқшиносест, ки кори илмиву таҳқиқоти ҷиддӣ мекунад, вале дар лаҳзаҳои фориғ аз кору таҳқиқот, бо доиранавозӣ машғул аст.

Ӯ мегӯяд, дар оғози солҳои 2000-ум дарк кард, ки доираи тоҷикӣ ҳамон асбобест, ки зарбҳои дили ӯро бароварда месозад.

Вай чанде пеш дар шабнишиние ҳунари доиранавозиашро дар як маҳфил ба намоиш гузошт. Ута Шиллинг ҳоло на танҳо навохтани як доира, балки ба пайравӣ аз устодони тоҷикаш, се доираро дар як вақт истифода мекунад. Дар шабнишиние, ки шоми 10 декабр дар як толори хурди консертии Берлин дар ҳузури 60 тамошобин барпо шуд, доиранавози олмонӣ ҳамроҳ бо Хайрулло Дадобоев аз Тоҷикистон барномае тақдим кард.

Вай мегӯяд, “Намоиши имрӯза идеяи якҷояи ману Хайруллоҷон буд. Мо як сол пеш ҳамкориро шурӯъ кардем ва дар Душанбе низ навохтани шаш доираро ба намоиш гузошта будем. Ман ӯро ба Берлин даъват кардам ва ҳамин маҳфилро доир кардем”.

Ута мегӯяд, шавқи навохтани асбобҳои зарбӣ дар дили ӯ ҳанӯз дар 12-солагӣ роҳ ёфт, вале танҳо дар синни донишҷӯӣ тавонист дар ин кор муваффақ шавад. Вай бо баъзе дӯстдорони мусиқии шарқӣ робита барқарор карда, гурӯҳи мусиқиеро бо номи “Чилтан” таъсис дод ва барои омӯзиш ва ҳам намоиши ҳунар ба Душанбе рафт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ута Шиллинг - доиранавозе аз Олмон

Вай мегӯяд, аввалин устоди тоҷики дарси доираи ӯ Файзулло Ӯлмасов буд. «Баъди он як муддат дар Тошканд бо ин сози мусиқӣ ошноӣ пайдо кардам, вале асосан бароям навохтанро Саттор Фозилов омухтааст. Аммо ман мутриб нестам, ихтисосам шарқшинос аст ва унвони номзади илмро дорам. Барои ҳамин байни омӯзиши ман фосилаи зиёд аст, ки ин барои навозандаи касбӣ будан мувофиқ нест».

Дар ин маҳфил бо шеваи бадахшонии тоҷикӣ суруд хондани Ута аҳли толорро ба ваҷд овард. Вай ҳарчанд забони тоҷикиро балад несту муошираташ бо устодони тоҷик ба русӣ мегузарад, вале 15 суруди тоҷикиро аз ёд кардааст: “Вақте аввалин бор сурудхонии Шакарбек Одиловро бо забони помирӣ гуш кардам, маро хеле мафтун кард. Баъд аз он ҳамеша кӯшиш мекунам суруди тоҷикиро хонам. Панҷшанбе Ҷорубов ва Шавқмамад низ ба ман хондани сурудҳои помириро омухтаанд. Ҳоло ман ҳар лаҳзаи холигиамро ёбам, фақат пайи азхудкунии сурудҳо мешавам”.

Дар ин шабнишинӣ агар садои доира барои тоҷикони муқими Олмон навои ватанро ба ёд меовард, вале барои аврупоиён, ки танҳо асбобҳои зарбии африқоиву ҳиндиро шунида буданд, лаззати дигар дошт.

Лука Урбания, як тамошобини ин консерт мегӯяд: “Ба ман ҳунари доиранавозҳо бисёр писанд омад. Ҳамаи оҳангҳо бо таблу доира, бо дасту ва ҳам чӯб иҷро шуд. Ба фикри ман доира бисёр муҳим аст, чун шумо тамоми оҳангҳои Осиёву Араб, Ховари Миёна ва Баҳри Миёназамин, Испанияву Португалия ва Бразилияро пайдо мекунед. Фавқулодда зебо буд».

Хайрулло Дадобоев, дойиранавози тоҷик, ки ташаббускори аслии ин маҳфилҳост, мегӯяд, ташкил кардани давраҳои махсус ба хоҳишмандони омӯхтани созҳои зарбӣ аз барномаи дигари онҳост ва ин шабнишиниҳоро дар шаҳрҳои дигари Олмон баргузор хоҳанд кард: «Бисёр мехоҳам, ки сози мусиқии тоҷикиро дар гӯшаҳои дунё муаррифӣ намоям ва бигзор ҳамин дойираи тоҷик ҷаҳонӣ бошад».

Ута Шиллинг мегӯяд, дар баробари навозандагӣ дар паи нашри китобе дар бораи доираи тоҷикӣ бо забонҳои русиву англисӣ ва олмонӣ аст. Вай мегӯяд, дарсе, ки аз устодони тоҷикаш гирифтааст, хеле арзишманд аст ва умедвор аст, ки тамоми маводи дар ин солҳо ҷамъовардааш барои шавқмандони мусиқии шарқ муфид хоҳад буд.

Зимнан, исми духтари Ута ҳам бо меҳр ба фарҳанги тоҷикӣ Таманно гузошта шудааст. Таманно, ягона духтари Ута 7 сол дорад ва ӯ ҳам ошиқи садои доираи тоҷикӣ шудааст.