Салом Юнусов замоне як шахси хушному сарбаланде буд: аз бригадири пешқадам то депутати маҷлиси Тоҷикистони шӯравӣ - ӯро бисёриҳо на танҳо дар зодгоҳаш – ноҳияи Ҳамадонӣ, балки дар қаламрави ҷумҳурӣ мешинохтанд. Имрӯз ӯ ҳеҷ баҳонае барои ифтихору сарбаландӣ надорад – ду писараш дар майдонҳои ҷанг кушта шудаанд: Исломиддин дар як амалиёти алайҳи гурӯҳи зиддиҳукуматии Раҳмон Сангинов (Раҳмон Гитлер) дар соли 2001-ум ва Саидбеки 32-сола соли 2015 дар сафи ҷангиёни ДИИШ дар Сурия. Вай мегӯяд, агар марги Исломиддинро, ки ба ҳайси низомии артиши ҳукуматӣ дарк карда тавонад, сарнавишти Саидбекро “як фоҷеа” меномад: “Яке барои ватан қурбон шуд, дигаре моро қурбон кард”.
Хабари марги Саидбек баъди се моҳи ворид шуданаш ба Сурия расид. Баъди марги писар дар қаламравҳои барои Салом Юнусов дуру дастнораси Сурия духтару келин ва 7 наберааш он ҷо мондаанд. Аз сарнавишти онҳо, аз ҷумла аз домодаш ҳам ҳеҷ хабаре нест ва аз тасаввури ин ки баъди сари писар бо онҳо чӣ шуд, ӯро ба даҳшат меорад.
Салом Юнусов мегӯяд, аз тарси ин ки писараш қурбони қочоқбарон мешавад, ӯро соли 2008 ба Русия, ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристод. Вале ҳоло мегӯяд, “беҳтар буд” қурбони марги сафед мешуд, то бо дастони худаш писарро дафн мекард. Фикри сарнавишти кӯдакони нимаятиму духтару келини хонадон ӯро бемори қалб ва сари забони мардум кардааст.
Шерхон Матхолови 70-сола қудои Салом Юнусов ва падари Муродбеки домоди ӯ аст, ки ҳамчунин дар Сурия қарор дорад. Ӯ мегӯяд, фарзанди бузургаш, ки табиб аст, бо зану фарзандаш аввал ба Миср барои кор ва аз он ҷо ба Ироқ сафар карда, ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваст ва додараш Назирбекро наздаш хонд. Ду моҳ баъд дар яке аз рӯзҳои соли 2015 Назирбек ҳам кушта шуд.
Дар маҷмӯъ танҳо аз деҳаи ба номи Саидқул Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ 15 нафар, аз ҷумла 6 марду 2 зан ва 7 кӯдак ба Сурия рафтаанд. Ин деҳаи иборат аз 500 аҳолӣ, ҳаммарз бо Афғонистон аст ва бархе сокинона бо гумони қочоқи маводи мухаддир дар зиндон қарор доранд.
Хонаводаи Саидбек Юнусов аз ҷумлаи ҳамон 43 оилае аст, ки аз Тоҷикистон ба Сурия ҳамроҳ бо аъзои хонаводаашон рафтаанд. Аз ин шумор 47 зан бо 23 фарзанди ноболиғи худ, ба қавли хешовандон, зери фишори мардони хонавода рафтаанд. Дар маҷмӯъ Тоҷикистонро бо қасди Сурияву Ироқ аз соли 2013-14 ба ин сӯ 1100 нафар тарк кардаанд, марги беш аз 300 нафари онҳо тасдиқ шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад