Тоҷиддин Пирзода ба “Тоҷиксодиротбонк” баргашт

Тоҷиддин Пирзода (Пиров)

Тоҷиддин Пирзода (Пиров)​, раиси пешини "Тоҷиксодиротбонк", дубора ба раёсати ин бонк бозгаштааст. Пирзода дар моҳи майи имсол бинобар вазъи бӯҳронии ин бонк, бо як дастури Бонки миллӣ аз раёсати "Тоҷиксодиротбонк" ба таври муваққатӣ канор гузошта шуда буд.

Як ҳайати Бонки миллӣ баъд аз хотимаи мӯҳлати мудирии раёсати муваққатӣ дар ин бонк, рӯзи 13 декабр Тоҷиддин Пирзодаро ба ҳайси раҳбари ин бонк дубора ба аҳли кормандон муаррифӣ кардааст. Дар ҷаласаи муаррифӣ гуфта шудааст, ки масъалаи пурра баргардондани қарзи муштариён, вазифаи асосии маъмурияти нав хоҳад буд.

Тоҷиддин Пиров мегӯяд, ки масъалаи пурра баргардонидани қарзи муштариён, аз вазифаҳои асосии маъмурияти нав хоҳад буд."

Тоҷиддин Пирзода рӯзи 13 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло бо ҳайати бонк ва қарздорон сӯҳбат анҷом дода ва шеваи баргардондани пули онҳоро мушаххас мекунанд. Ӯ афзуд, ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита маблағ ҷудо кардааст ва бо такя ба он, пули муштариён баргардонда мешавад.

Тоҷиддин Пирзода хабарҳо дар мавриди кумаки бонкҳои хориҷӣ ба "Тоҷиксодиротбонк"-ро рад кард ва гуфт, танҳо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон чунин ёриро дарёфт намудаанд. Раиси "Тоҷиксодиротбонк" гуфт, феълан танҳо ӯ ҳамчун раиси бонк ба вазифааш баргаштааст, вале масъалаи бозгашти кормандони дигаре, ки он замон бо пеш омадани мушкил аз бонк рафта буданд, баррасӣ хоҳад шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳи майи соли равон як гурӯҳро барои мудирияти муваққатии "Тоҷиксодиротбонк" таъин кард, ки масъалаи мушкили молӣ домангири бонк шуда буд. Мирҳаёт Ёқубов, раҳбари ин гурӯҳ, ба ҷои Тоҷиддин Пирзода (Пиров), ба таври муваққат раҳбарии "Тоҷиксодиротбонк"-ро бар ӯҳда гирифта буд.

Дафтари марказии "Тоҷиксодиротбонк" дар шаҳри Душанбе.

Бонки миллӣ он замон бо пахши як хабарнома гуфт, кори раҳбарияти муваққатӣ дар "Тоҷиксодиротбонк" то 3 моҳ идома карда, ин гурӯҳ муваззаф шудааст, ки барои беҳтар намудани вазъи молии ин бонк чора биандешад. Баъд аз поёни давраи семоҳа, Бонки миллӣ фаъолияти ин гурӯҳро барои чанд моҳи дигар тамдид кард.

Тоҷиддин Пирзода аз соли 2007 узви Шӯрои нозирон ва аз соли 2012 то моҳи майи соли 2016, раҳбари "Тоҷиксодиротбонк" буд.

Аввали моҳи март лимити гирифтани пулро аз бонкоматҳо дар як рӯз “Тоҷиксодиротбонк” то 200 сомонӣ поин бурд. Бонк эълон кард, ки аз 10 то 25­ март аз як низоми пардохт ба дигар мегузарад ва пул гирифтан аз кортҳои бонкиаш имконнопазир хоҳад буд. Дертар ин бонк аксари кулли кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристод.