"Сарбозони бесилоҳ" - қиссаи пурфоҷеаи 45 ҳазор тоҷик дар Урал

Як пажуҳишгар ва коргардони тоҷик филмеро бо номи “Сарбозони бесилоҳ“ таҳия кардааст, ки дар бораи тақдири 45 ҳазор тоҷиконе, ки дар оғози ҶБВ ба минтақаи Урал ирсол шуданд, қисса мекунад.

Сайёд Муҳаммедов, пажуҳишгар ва коргардони тоҷик филми ҳуҷҷатиеро бо номи “Сарбозони бе силоҳ“ таҳия кардааст, ки дар бораи тақдири 45 ҳазор нафар тоҷиконе, ки дар оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба минтақаи Урали Русия фиристода шуданд қисса мекунад.

Сайёд Муҳаммедов, унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Урали Русия мегӯяд, мавзӯи тадқиқоти илмиаш “Саҳми тоҷикон дар ақибгоҳ” буд ва пас аз оғози пажӯҳиши ин мавзӯъ ба натиҷае расид, ки дар бораи корномаи тоҷикон дар корхонаҳои саноативу ҳарбии Урал як филми ҳуҷҷатие таҳия кунад.

Вай афзуд: “Як омиле, ки маро ба таҳияи ин филм завқ дод, ин аст, ки имрӯзҳо бархе аз тоифаҳои миллатгаро дар Русия саҳми миллатҳои ғайрирусро дар ба даст овардани ғалаба нодида мегиранд, муҳоҷирони моро имрӯзҳо азият мекунанд. Ман мехоҳам ин филми ҳуҷҷатиро дар аксар шаҳрҳои Русия нишон диҳам ва исбот кунам, ки саҳми миллатҳои дигар, аз ҷумла тоҷикон ҳам дар ин ин ғалаба кам набуд.”

Сайёд Муҳаммедов.

Муҳаммедов қабл аз наворбардории ин филми ҳуҷаттӣ муддатҳои зиёд аз бойгониҳои шаҳрҳои Екатеринбург, Нижний Тагил ва Челябинск дар мавриди тоҷиконе, ки дар ҳайати ба истилоҳ “баталёнҳои корӣ” дар ин минтақа заҳмат кашидаанд, маълумот ҷамъ кардааст. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ аз рӯзгори сахт ва пурмашаққати тоҷикон дар коргоҳҳои саноатии минтақаи Урал шаҳодат медиҳанд.

Вай мегӯяд: “Аввалин поезди тоҷикон моҳи октябри соли 1942 ба Екатеринбург рафта расид. Аммо мардуми тоҷик бо шалвори сафед, яктагӣ ва тоқӣ ба Екатеринбург рафта мерасанд, дар ҳоле, ки ҳаво 30 дараҷа сард буд. Дар он ҷо мегӯянд, ки бояд дар Тоҷикистон ба шумо либос медоданд. Аз ин рӯ, бисёре аз тоҷикон бо либоси тунук дар ҳавои сарди ин минтақаҳои барояшон ноошно тоб наоварда мефавтанд.”

Муҳаммедов мегӯяд, тоҷикон натанҳо аз сардиҳои Русия, кори пурмашаққат ва шароити сахти зиндагӣ азият мекашиданд, балки урфу одатҳои миллӣ ва мазҳабии истеъмоли таом барояшон иҷозат намедод, ки ба серӣ хӯрок хуранд ва каме ҳам бошад тану ҷони худро аз сардӣ наҷот бидиҳанд: “Ман аз бойгонӣ ҳуҷҷатеро пайдо кардам, ки дар он омадааст, тоҷиконе, ки дар корхонаҳои саноатӣ ва сохтмонҳо кор мекарданд, натанҳо хӯрокҳои аз гӯшти хук омодашударо нахӯрдаанд, балки аз истеъмоли ғизоҳое, ки бо караму картошка омода шудааст “ин хӯроки русҳо аст “гуфта аз истеъмоли он рӯ тофтаанд.”

Ба таъкиди Муҳаммедов, бисёре аз тоҷикон аз камбуди ғизо ба сардӣ тоб наоварда ҳалок шудаанд ва нозирон бо навиштани як гузориш аз ин гуна вазъият, аз сарфармондеҳи нерӯҳои коргарӣ дархост мекунанд, ки иҷозат диҳад барои тоҷикон хӯрокҳои миллӣ омода карда шавад. Танҳо пас аз ин дархост ва фавти садҳо тоҷикон дар дохили коргоҳи Уралстрой, як чойхона хосса барои тоҷикон бунёд кардаанд, ки дар он хӯрокҳои миллии тоҷикӣ омода мешуд.

Муҳаммедов ин филми ҳуҷҷатиро бо кумаки чанде аз ширкатҳо ва тоҷирони саховатманди тоҷик ва маблағҳои худаш ба навор гирифтааст, аммо мегӯяд, барои пурра анҷом додани кори илмиаш, ба сармояи бештар ниёз дорад: “Сафар ба Русия ва дастрас кардани ҳуҷҷатҳо аз онҳо хеле гарон аст. Ман ҳоло шароити молие надорам, ки ба ин кор идома диҳам. Бо даст додани имонияти молӣ, ба ин корам идома хоҳам дод.”

Ин муҳаққиқ ва коргардони тоҷик мегӯяд, ҳанӯз ин саҳифаи пурфоҷеаи таърихи начандон дури тоҷикон ба пуррагӣ омӯхта нашудааст ва ҳанӯз ҳам маълум нест, ки аз 45 ҳазор нафар тоҷиконе, ки ба корзҳои вазнин ба Урал бурда шудаанд, чанде аз онҳо зиндаву саломат ба хона баргаштаанд.

Муҳаммедов бо таассуф изҳор медорад, ки дигар мардумони кишварҳои Осиёи Миёна, узбакҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ва ҳатто немисҳову венгерҳо дар ин маконҳо ҳалок шуданд, дар сари мазорҳояшон санги ёдгорӣ гузошта шудааст. Аммо дар сари мазори тоҷикон, ки бештар аз дигар миллатҳо дар он ҷо фавтидаанд, инак бо гузашти 71 сол аз он рӯзҳо, лавҳае ва ё санге бо навиштаҷот гузошта нашудааст,

Зимнан, Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум бар замми ин 45 ҳазор нафар, беш аз 300 ҳазор фарзандонашро ба сафи Артиши Сурх сафарбар кардааст, ки аз онҳо ҳудуди 100 ҳазорашон дар ҷангҳо ҷон бохтаанд.

ҚИСМАТЕ АЗ ФИЛМИ "САРБОЗОНИ БЕСИЛОҲ"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тоҷикони солҳои ҶБВ дар Урал