Ман аз ҳамаи тамошобинон мехоҳам, ки ин филмро аз интернет бигиранд ва паҳн кунанд, то ки мақомот пеши роҳи пахши онро гирифта натавонанд, гуфтааст Валерий Балаян, муаллифи филми “Ҳуизмистерпутин” (Ҷаноби Путин кист?”).
Мустанад дар бораи сари қудрат омадани Владимир Путин ва ҳамроҳ бо ӯ зимоми ҳокимиятро дар даст гирифтани гурӯҳи кормандони амниятиву гурӯҳҳои ҷиноии шарики онҳо, бори аввал рӯзи 29 декабр дар шаҳри Киев намоиш дода шуд.
Мансабдори шаҳрдории Санкт-Петербург ибтидои солҳои 90-ум нақшаи табдили захираҳои муҳими стратегӣ ба маводи озуқа барои шаҳри он замон гуруснаро таҳия кард. Филми мустанади Валерий Балаян аз ҳамин қазия шурӯъ мешавад, ки он солҳо ба тафтишаш комиссиюни Марина Салие машғул шуда буд. Бино ба нақшаи Путин, ба ивази маводи озуқа барои аз Русия бурдани металл ба маблағи 93 миллион доллар иҷоза дода шуд. Аммо баъд аз интиқоли металл маводи озуқаи аврупоӣ дар мағозаҳои Петербург пайдо нашуд.
Вале ин фақат яке аз сужаҳои филми “Ҳуизмистерпутин” аст. Мусоҳибони таҳиягар – кормандони пешини шаҳрдорӣ, ки Владимир Путинро хуб мешиносанд, муфаттише, ки ба тафтиши парвандаи фасоди густурда дар Петербург машғул буд, ва коршиносону хабарнигоронанд, ки ҳамроҳ бо ӯ талоши боз кардани гиреҳи маҳкаму чигили муносибат миёни мансабдорону олами ҷиноӣ дар ин шаҳр дар солҳои 90-умро кардаанд.
Валерий Балаян мегӯяд, ҳадафаш таҳияи филми илмиву оммавӣ буд, ки тавассути он ба мардум чизҳои хело оддиро фаҳмонад. Фаҳмонад, ки Путин роҳ ба маснади волоро аз дуздӣ дар Ленинград ва Петербург шурӯъ карда буд ва имрӯз ҳам ӯ тағйир наёфтааст. Кор то ҷое расидааст, ки Русияро корпоратсияи кормандони КГБ ва намояндагони олами ҷиноӣ соҳибӣ кардаанд, меафзояд Валерий Балаян.
Ба гуфтаи таҳиягар, чаҳор узви гурӯҳи эҷодӣ созиш карда буданд, ки дар бораи филм дар ягон ҷо, ҳатто дар мукотиба аз тариқи интернет лаб во намекунанд, зеро мефаҳмиданд, ки навори филм дар ин мавзӯъ чӣ паёмаде метавонад дошта бошад. Тайи ҳашт моҳ тавонистем, ки ҳадафи таҳияи филмро махфӣ нигаҳ дорем, меафзояд Валерий Балаян. Шояд ба ҳамин хотир, навори бахши аъзами филм бидуни мушкил сурат гирифт. Аммо вақте, ки онҳо барои наворбардорӣ ба бӯстонсарои “Озеро” омаданд, вазъ тағйир ёфт. “Моро бо дурбинҳо навор гирифтанд, рақамҳои мошини моро ҳам сабт карданд. Онҳо ба куҷое телефон мекарданд ва гузоришҳое медоданд”, мегӯяд таҳиягар.
Дар филм дар бораи кооперативи Путин ва бӯстонсарои «Озеро» подполковники адлия Андрей Зиков, корманди собиқи Кумитаи тафтишоти вазоарти умури дохилаи Русия дар Ҳавзаи федеролии шимолу ғарб сӯҳбат кардааст. Ӯ яке аз муфаттишони парвандаи 144128 маъруф ба “Парвандаи Путин” буд, ки баъди сари қудрат омадани Владимир Путин онро Додситонии кулл баст. Созишҳои муҳим маҳз дар ҳамин кооперативи “Озеро” имзо мешуданд, мегӯяд Андрей Зиков.
Владимир Смирнов, ки раҳбари СПАК ва ширкати маводи сӯхти Петербург буд, Шамалов, Якунин, ки раиси ширкати Роҳи оҳани Русия буду ҳоло истеъфо додааст, аъзои кооператив буданд. Ба ин ҷо аз афроди саршинос Татяна Дяченко, духтари раисиҷумҳур Борис Елтсин, меомад, дар ин ҷо ҷаноби Бастрикинро ҳам дида буданд, яъне ҳама афроди наздик ба Путин ба ин ҷо омада буданд. Мо ҳасд мезанем, ки ин бӯстонсаро ҳамчун ришват аз сӯи ширкати “Трести бистум” бунёд шудааст, мегӯяд Андрей Зиков.
Владимир Иванидзе, хабарнигори маҳаллӣ ҳам дар филм мегӯяд, ки он солҳо равобити аз ҳама қавии бюрократҳову олами ҷиноӣ дар Санкт-Петербург буд. Шакку шубҳа дар бораи робитаи Путин бо ҷинояткории муташаккил солҳо боз зеҳнҳоро машғул медорад ва аммо ҳафтаҳои ахир онҳо боз ҳам бештар шудаанд, мегӯянд муаллифони филм.
Зимнан, дар ин филм як пора аз таронаи шаҳрванди Тоҷикистон Толибҷон Қурбонхонов дар васфи Путин -- "ВВП" ҳам оварда шудааст, ки соли 2011 сару садои зиёде барангехта буд.
Валерий Балаян муаллифи беш аз 60 филми мустанад, аз ҷумла, "Лев Копелев", "Виктор Некрасов", "Владимир Войнович", "Илтимос, маро дӯст доред», «Марги империя», "Санҳое, ки роҳро бастаанд», барандаи ҷоизаҳои ҷашнвораҳои синамо дар Русия ва дар хориҷи кишвар аст.