Ташриф: "Худкушии модару кӯдаконашро мисли фоҷеаи азизони худ қабул кардам"

Ташриф Халилов

“Вақте шунидам, ки боз модаре бо кӯдаконаш худро ба дарё андохт, ростӣ, гулӯям баста шуд. Чӣ гуна як модар тавонист фарзандонашро соати 5-и субҳ аз хоб бедор кунаду ба дарё андозад. Шояд ҳазорҳо орзу дошт...”

Садои Ташриф Халилов, хаҷвнигори шинохтаи тоҷик, ки ҳамеша бо лабханд сӯҳбат мекунад, ҳангоми ёд овардани ин ҳодиса меларзад. Ӯ аз камтарин мардонест, ки хабари худкушии занон дар ҷомеаро ошкоро

Бояд коргоҳҳои хурд барои бо кор таъмин кардани занон таъсис шуда, ҳамзамон хона-интернатҳо бештар шавад, чун зан тавонад дар вақти тангдастӣ на ба сӯиқасди худу кудаконашон даст зананд, балки онҳоро то гузашти буҳрони равониву молӣ ба онҷо супорад

маҳкум мекунад. Вай рӯзи 10-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳар хабари худкушии занону кӯдаконро чун дарди азизони худ қабул мекунад.

Ин ҳаҷвнигор чанд рӯзи пеш ҳам тавассути як паёми видеоӣ аз макони ғарқшавии ду духтари ҷавон дар назди дарёи Сурхоб гуфт, марги тасодуфии ду духтари саропо аз орзу маҷбураш кард ба ноҳияи Рашт равад ва ба наздикони онҳо тасаллият гӯяд.

Дар як сӯҳбате бо Радиои Озодӣ ӯ рӯзи 10-уми май гуфт, марги ҷавондухтарҳову худкушиҳои занон бо кӯдаконашон ба як тамоюли нигаронкунанда дар ҷомеаи Тоҷикистон табдил шудааст ва ӯ шахсан наметавонад ин хабарҳоро ба осонӣ таҳаммул кунад. Ҳар ҳодисаи мудҳиш дар зеҳни ӯ суолу пурсишҳои зиёде эҷод мекунад:

"Шояд мушкиле доранд? Агар не, пас кӣ мехоҳад ба ҷони худу кудакони ноболиғаш ҷабр кунад? Ё агар ин зане, ки хонаводааш мегӯянд “як зани Қуръонхон” буд, пас метавонад дидаву дониста худро бикушад?" -мепурсад ӯ (ишора ба худкушии эҳтимолии Сайрам Холова ва ду фарзандаш дар ноҳияи Ҳисор, рӯзи 7 май).

"Қиссаи Парвина чашмонамро пури об мекунад"

Ӯ аз қасди худкушии Парвина Абдуллоева – сокини ноҳияи Ёвон дар ду соли пеш ҳам ёд кард, ки 4 фарзанди ноболиғашро гирифта худро ба дарё андохт ва риштаи умри ҳама дар они воҳид канда шуд. "Вақте аз онҳо сӯҳбат мекунам, бовар намекунед, чашмонам пури об мешавад".

Ташриф Халилови 42-сола, ки худ падар аст, бетарафии ҷомеа, бемасъулиятиву бемеҳрии бархе мардон дар баробари ҳамсарон ва вуҷуди хушунат дар оиларо падидаи нигаронкунанда ва ҳам сабабгори чунин фоҷеаҳо меномад.

Дарёи Кофарниҳонро хешовандон макони охирати Сайраму ду писараш медонанд

Дар ҳамин ҳол, бо гузашти се рӯз аз фоҷеа дар деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор ҷустуҷӯи ҷасади модару ду кӯдак - Сайрам Холоваи 23-сола ва писаронаш Неъматуллои 2 ва Суҳбатуллои 4-сола ҳамоно идома дорад. Бовари хешовандон ин аст, ки зану кӯдакон худро ба дарёи Кофарниҳон андохтанд. Онҳо мегӯянд, фарзияи нопадидшавӣ ва ё фирори ин се нафарро қабул надоранд, чунки ҷустуҷӯҳои онҳо аз субҳи барвақти 7-уми май то ба ҳол ҳеҷ натиҷа надодааст. Мақомот мегуянд, бо гузашти се руз аз ҷасадҳо дараке нест ва ҷустуҷуи онҳо бо 20 қаиқ дар дарёи Кофарниҳон идома дорад.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол сабаби воқеии худкушии эҳтимолии зан рӯшан нашудааст. Миҷгона Каримова, раҳбари бахши занони ноҳияи Ҳисор рузи 10-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти дахлдор қазияро таҳти назар доранд. Ӯ аз Сайрам Холова ба ҳайси як зани орому ботамкин ном бурд ва гуфт онҳое, ки ӯро мешинохтанд, бовар надоранд, ки ӯ қасди ҷони худ карда бошад.

Масъалаи худкуширо созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон хеле ҷиддӣ ва нигаронкунанда меноманд ва мегӯянд, дар ҳолатҳои зиёд хушунати хонаводагӣ сабаби ин ҳодисаҳо мешавад.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик, мушкили иқтисодиву иҷтимоиро аз иллатҳои аслие медонад, ки дар ин авохир занонро ба қасди ҷони худ ва фарзандонашон андохтааст. Аз суи дигар, ба гуфтаи ӯ, сохторҳои давлатӣ набояд дунболи масоили зоҳирии мисли “муайян кардани сару либоси занон”, балки аз паи роҳҳалҳои коҳиши хушунат дар оила ва кӯмаки равонӣ ба осебдидаҳои ин мушкилот шаванд.

Ойниҳол Бобоназарова

Ӯ мегӯяд: “Бояд коргоҳҳои хурд барои бо кор таъмин кардани занон таъсис шуда, ҳамзамон хона-интернатҳо бештар шавад, чун зан тавонад дар вақти тангдастӣ на ба сӯиқасди худу кудаконашон даст зананд, балки онҳоро то гузашти буҳрони равониву молӣ ба онҷо супорад”.

Ӯ бо ишора ба ҷанбаи дигари ин мушкилот гуфт, масъалаи муҳими дигар муҷозот нашудани афроде аст, ки занонро ба ин амал таҳрик медиҳанд. Онҳо бояд ҳатман ҷазои худро бигиранд: “Ҳодисаеро худам шоҳид будам, ки дар пайи ҷанҷоли хонаводагӣ зане худро оташ зад. Вақте ба ӯ гуфтанд, ки шавҳаратро суд кунанд, кудаконат бесоҳиб мемонанд, ӯ дар ҷавоб гуфт ки аслан қасди худсузӣ надошт ва ҳодиса ногаҳонӣ рух дод. На адолати судӣ асту на чизи дигар”.

Вале бархе равоншиносон мегӯянд, инсонҳое, ки даст ба худкушӣ мезананд, зинаҳои зиёдеро мегузаранд, то ба ин тасмим бирасанд. Барои мисол, дардҳои ҷисмонӣ, эҳсосӣ ва ақлӣ дар охир фикри инсонро вайрон мекунанд. Аз сӯи дигар, ба ин мушкилот вазъи нохуби иҷтимоӣ зам мешавад.

Маҳмадулло Давлатов, равоншиноси тоҷик мегӯяд, дар ҳар ҳолат зани батангомада бояд пеш аз даст задан ба фоҷеа фикр кунад, ки “бо чӣ мақсад зиндагӣ мекунад? Чаро фарзанд бузург мекунад”. Ба гуфтаи ин равоншинос, дар ҳолатҳои зиёд мешавад аз роҳи таҳлилу бозбинӣ ва сабр дар қабули қарор аз фоҷеа ҷилавгирӣ кард. Равоншиносони аврупоӣ дар чунин ҳолат машварат медиҳанд, ки беҳтар аст зан хонаи шавҳарро тарк карда зиндагии мустақилонаро шурӯъ кунад ва ба ҳеҷ сурат даст ба худкушӣ ё куштор назанад.

Маҳмадулло Давлатов

Худкушӣ ё қасди худкушӣ дар Тоҷикистон тамоюли нав нест ва сол ба сол шеваҳои такондиҳандаро касб мекунад. Ва ин мушкил дар як соли ахир мисли беморие сироят меёбад. Дар чор соли ахир ҳафт ҳолати талоши худкушии занон аз роҳи ба дарё андохтан сабт шудааст. Дар ин ҳодисаҳо се зан ҳамроҳ бо ҳафт кӯдак ба ҳалокат расидаанд. Дар ду ҳолати дигар занҳо наҷот ёфтааанд, вале шаш фарзанди онҳо ҳангоми ғарқ шудан ҳалок шудаанд. Дар ду ҳолати дигар занҳо бо кӯдаконашон қабл аз худро ғарқ кардан наҷот дода шудаанд.

Аммо бо ин ҳама даҳшаташ баъд аз муддате хабари худкушӣ ҳам ба гушаи фаромушӣ меравад. Фаромӯшие, ки ба қавли Ташриф Халилов, нобахшиданӣ аст.