Додгоҳи вилояти Хатлон як духтури собиқадори ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро баъди 18 соли содир шудани ҷиноят ба 24 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Қарори додгоҳи вилоятӣ нисбати Бегмат Кулобиеви 66-сола ҳафтаи гузашта содир шуд ва ҳанӯз ба ҳукми иҷро надаромадааст. Вале хешутабораш аллакай аз болои ин ҳукм ба нишони норизоият шикоят бурдаанд.
Тибқи иттилои додгоҳи вилояти Хатлон, Кӯлобиев бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии кишвар, яъне “куштори ду нафар ё аз ин ҳам зиёд”, “таҳдиди куштор ва расонидани зарар” ва “одамрабоӣ” айбдор дониста шуд. Ҷарроҳ ва сардухтури собиқи бемористони ноҳиявии Шамсиддини Шоҳин мӯҳлати зиндонро дар маҳбаси низомаш сангини шаҳри Қӯрғонтеппа сипарӣ хоҳад кард. Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, ки ин духтури маъруф дар ноҳия ба 30 соли зиндон маҳкум шавад.
Темур Бойзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 19 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди ба иҷро даромадани ҳукми додгоҳ омода мешавад ин қазияро шарҳ диҳад.
Як манбаъи дигар аз додгоҳи вилояти Хатлон ба шарти набурдани номаш рӯзи 19 сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Бегмат Кӯлобиев солҳои 1998 ва 2000 “чанд ҷиноят содир кардааст, вале то чанд соли пеш ҷиноятҳои содиркардааш ошкор нашуда буд”. Яке аз ин ҷиноятҳо, ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамроҳ бо Саттор Абдулхайров, сардори собиқи Идораи амнияти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин содир шудааст. Ба қавли додгоҳ, Бегмат Кӯлобиев соли 1998 бо Саттор Абдулхайров, роҳбари идораи амният дар ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистони Шамсиддини Шоҳин буд, дар бемористони шинос шуд. Абдулхайров дар миёни мардум бо лақаби “Кӯри Саттор” маъруф буд. Дар як ҳодиса баъди аз қочоқбарони афғон ҷароҳат бардоштан, Кӯлобиев ӯро чарроҳӣ карда баъди ин дӯстони наздик шуданд ва гӯё чанд ҷиноятро ҳамроҳ содир кардаанд.
Гуфта мешавад, ки Кӯлобиев ва Абдулхайров соли 2000 ба манзили падару писар Шеровҳо, ки гӯе ба қочоқбарони афғон ҳамкорӣ доштаанд, ворид шуда, аввал падар ва сипас писарро куштаанд. Додгоҳ гуфтааст, ки тирро ба пешонии писари Шеров худи Кӯлобиев шилик додааст. Дар додгоҳи вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо назардошти ин ки Бегмат Кӯлобив дар гузашта 5 сол зиндонӣ шудааст, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳои содиркардааш барои 24 сол равонаи зиндон шуд.
Низомиддин Яқубов, вакили Бекмат Кӯлобиев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо аз ҳукми баровардаи додгоҳ розӣ набуда, ба додгоҳи болоӣ ариза навиштаанд, ки парвандаро дигарбора баррасӣ кунад. Ҷаноби Яқубов гуфт, ки зерҳимояи ӯ ҳеҷ гуноҳе надорад. “Зерҳимояи ман кори баде накардааст, ба одамрабоӣ ва куштор даст назадааст, - гуфт адвокат. - Дар баъзе мавридҳо ҳамчун духтур, хусусан дар ҳамон куштор дар соли 2000 ширкат кардааст, вале ҳоло ӯро гунаҳгор медонад. Мо аз руи ҳукми додгоҳ шикоят кардем ва ҳоло натиҷаашро интизор ҳастем”.
Ин аввали ҳукми додгоҳии духтур Кулобиев нест. Моҳи январи соли 2013 радиои Озодӣ дар бораи ҳукми сафеди Бегмад Кӯлобиев хабар дода буд, ки он замон вазифаҳои сардухтури беморхонаи ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддини Шоҳин) ва вакили маҳаллиро дошт. Ҳукми сафеди ӯ баъди он содир шуд, ки додгоҳҳои маҳаллӣ Кӯлобиевро бо се моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз “ғайримақсаднок истифода бурдани амволи давлатӣ”, “пешниҳоди пора ба додситони Шӯрообод” ва “истифода аз мақоми хидматӣ” гунаҳкор дониста буданд.
Дар марҳиллаи аввалӣ додгоҳи Кӯлоб ин пизишкро ба 12 соли зиндон маҳкум кард, аммо додгоҳи минтақавӣ ин ҳукмро ба ҷарима иваз кард. Аммо Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро комилан бегуноҳ донист. Он замон Бегмад Кӯлобиев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки боздошти ӯро «одамони ғаразнок» ва ҳадафи “қассосгирӣ” ташкил карда буданд. Вай гуфт, ки интиқодҳои пайвастаи ӯ аз тарзи нодурусти истифодаи маблағҳои соҳаи тандурустӣ дар маҷлисҳои ҳукуматӣ ба бисёриҳо писанд набуд. Он замон вакили ӯ Низомиддин Ёқубов гуфта буд, ки баъди 100 рӯзи боздошт ва исботи бегуноҳиаш Кӯлобиев ба суди Кӯлоб барои барқарор кардани зарари моливу ахлоқии расида ариза дод.
Дар паи ин шикоятҳо Ғиёсиддин Умаров, додситони Шӯрообод, ки нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карда буд, худ барои гирифтани ришва аз як гумонбаршудаи қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми 3 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт шуд. Инчунин, Ғазалшоҳ Мазориев, як муфаттиши Додситонии минтақаи Кӯлоб, бо ҷурми гирифтани пора дар ҳаҷми 300 доллари амрикоӣ аз худи Кӯлобиев «барои мусоидат дар сафед шуданаш», боздошт шуда буд.
Шафқати Бегмадзод, писари Кӯлобиев ба Озодӣ баъди боздошти дуюмбораи падараш дар соли 2014 гуфта буд, ки баъди раҳоӣ аз зиндон ин ду муфаттиш аз болои Кӯлобиев шикояти нав карда, ин навбат дар содир кардани ҷиноятҳои сангини мисли одамрабоӣ ва куштор муттаҳам карданд. Ҳоло додгоҳ мегӯяд, ки ҷинояти содиркардаи духтур Бегмат Кӯлобиев, ки солҳои пеш содир шудааст, аз ҷониби муфатишон борҳо санҷида ва исбот шудааст ва худи ӯ аз декабри соли 2014 дар боздошт қарор дорад.
Бегмат Кӯлобиев, ки солҳо дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар беморхонаи маркази кор мекард ва пеш аз боздошташ бознишаста шуда буд. Ӯ соҳиби шаш фарзанд буда, дар миёни аҳолӣ ҳамчун як табибу ҷарроҳӣ касбӣ ном баровардааст.