Шодии таронасаро ва маъюб донишҷӯ шуд

Шодӣ Қурбонов.

Шодӣ Қурбонов, ҷавони 18-солаи маъюби квасфурӯш донишҷӯи Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода гардид.

Шодӣ Қурбонов -- ин ҷавони маъюб дар як сӯҳбати видиоӣ дар ду моҳи пеш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳарчанд ба квасфурӯшӣ машғул аст, аммо дар дил орзуи ҳунарманд шудан ва овозхонӣ дар саҳнаҳои бузургро дорад.

Ин ҷавон рӯзи душанбеи 25 август ба Радиои Озодӣ омад ва зимни сипосгузорӣ ба аҳли кормандони "Озодӣ" дар бораи донишҷӯ шуданаш дар Донишкадаи санъат ба номи Мирзо Турсунзода хушхабар дод. Шодӣ гуфт, ки маҳз дастгирии Радиои Озодӣ боиси он гардид, ки Шамсиддин Орумбеков, вазир фарҳанги Тоҷикистонро ӯро ба ҳузур пазируфт ва ваъдаи кӯмаку мусоидат барои донишҷӯ шӯданаш дар Донишкадаи санъат ба номи Мирзо Турсунзодаро кард.

Ин буд, ки ба гуфтаи Шодӣ зимни супоридани имтиҳонҳо дар Маркази миллии тестӣ 574 хол ба даст овард ва аз ин 300 холаш барои маъюбии вай будааст. Ба ин тартиб, Шодӣ ба ихтисоси кори осорхона ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар Донишкадаи санъат ба номи Мирзо Турсунзода қабул гардид.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шодӣ Қурбонов донишҷӯи Донишкадаи санъат шуд

Шодӣ имсол мактаби миёнаи рақами 11 шаҳри Душанберо хатм кард. Вай маъюби гурӯҳ 2-юм аст. Тавре худаш мегӯяд, дар хурдӣ ба бемории фалаҷи кӯдак гирифтор шудааст ва чашмаш ҳам дигар хуб намебинад. Ба гуфтаи Шодӣ, падараш савдогари майдафурӯш ва модараш хонашин аст. Зиндагиашон оддист ва кори ӯ низ дар буҷаи оилаашон саҳме мешавад. Дар ҳоле, ки хамсолони Шодӣ саргарми бозиҳои компютерӣ ва сурудҳои репанд, ин ҷавон ҳаводори сурудҳои классикист ва ба забони модариаш эҳтироми хоссае дорад. Шодӣ ҳам дар хона ва ҳам дар кӯча бо як забони шевои адабӣ ҳарф мезанад. Шуғли дигари ӯ тоза кардани атроф аз партовҳост, яъне «Гринпис»-и тоҷикӣ дар симои як нафар.

Ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳои калони консертӣ ва муаррифии санъати тоҷик ба чаҳониён аз маъниҳое ҳастанд, ки Шодӣ ҳар рӯз дар бораашон фикр мекунад. Аммо дар ҳоли ҳозир, ки ҳама фақат дар орзуҳои Шодӣ мечарханд, ин ҷавони 18-сола бо умеди расидан ба чунин як рӯз дар назди дӯкони квасфурӯшиаш сурудхои ҳунарманди зиндаёд Зафари Нозимро замзама мекунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Овозхонии Шодӣ дар кӯча