Муҳокимаи парвандаи ҳалокати Фирдавс Раҳматов дар артиш

Акси Фирдавс Раҳматов

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд муҳокимаи парвандаи марги сарбози 22 сола - Фирдавс Раҳматовро идома дод, ки аввали моҳи майи соли равон ба хидмати ҳарбӣ даъват шуд ва баъди як моҳ ҷасади ӯро ба Хуҷанд фиристоданд.

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд баррасии парвандаи марги сарбози 22 сола - Фирдавс Раҳматовро идома дод, ки аввали моҳи майи соли равон ба як қисми низомӣ дра Конибодом ба хидмати ҳарбӣ даъват шуд ва баъди як моҳ ҷасади ӯро ба Хуҷанд фиристоданд. Додситонии ҳарбии Суғд пас аз таҳқиқи аввалия 3 кӯҳнасарбози ҳамхидмати Раҳматовро дар лату кӯб ва марги вай айбдор донист ва парванди ҷиноӣ боз кард. Дар курсии айбдории додгоҳи ҳарбӣ 3 ҳамхидмати Фирдавс Раҳматов: ду сержант - Комрон Раҳимов, Раббонӣ Сулаймонов ва аскари қаторӣ Айём Назаров нишастаанд. Тафтишот мегӯяд, ин низомиён Фирдавс Раҳматовро то мурданаш латту кӯб кардаанд. Ин се нафар аз замони тафтиш дар аввалҳои моҳи июни соли равон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Аз хонаводаи Фирдавс Раҳматов дар ин қазия ду вакили дифои созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳвандӣ” – Дилафрӯз Самадова ва Дилшод Ҷӯраев ҳимоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, 6 сарбози дигари қисми ҳарбии Фирдавс Раҳматов, ки низ аз ҷониби кӯҳнасарбозон лату кӯб шудаанд, ҳоло ба ҳайси ҷабридида дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок доранд. Ҳамчунин дар ҷараёни таҳқиқи парванда додситонии ҳарбӣ 3 афсари қисми низомии 04080, воқеъ дар ноҳияи Конибодомро, ки Фирдавс Раҳматов дар он хидмат мекард, дар робита ба марги ин наваскар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидааст. Ин афрод сардорони бахшҳои низомӣ - Раҷаб Маҳмадов, Обидҷон Ҳомидов ва Ҳабибулло Ҳакимов буда, ба “хунукназарӣ” айбдор шудаанд.

Дилафрӯз Самдова, вакили дифои Фирдавс Раҳматов рӯзи 15 сентябр дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳи ҳарбӣ дар давоми 2 рӯз айбдоршавандҳо ва бархе ҷабрдидаҳоро бозпурсӣ кардааст. Ба гуфтаи хонум Самадова, ҳоло айбдоршавандҳо гуноҳро қисман бар дӯш гирифта, гуфтанд, ки фақат як рӯз наваскаронро лату кӯб кардаанд. Аммо дар рӯзҳои дигари лату кӯби наваскарон дар машқгоҳи ҳарбӣ, ки аз зарбу лат Фирдавс фавтид, онҳо даст надоштаанд. Вале ба гуфтаи вакилони дифои Фирдавс Раҳматов, даст доштани онҳоро дар марги Фирдавс бозпурсии шоҳидони ҳодиса маълум хоҳад кард.

Мақомот дар бораи марги Раҳматов (навор аз 11 июни соли 2015)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Боздошти се сарбози тоҷик барои куштани ҳамхидматашон

Дилором Раҳматова, модари Фирдавс Раҳматов рӯзи 15 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки 2 ҳамхидмати писараш дар толори додгоҳи ҳарбӣ дар бораи рӯзи марги Фирдавс ва латту кӯб шудани наваскарон аз ҷониби 2 командири худ шаҳодат доданд. Онҳо гуфтаанд, ки сержантҳо дар машқгоҳ наваскаронро бе иҷозаи афсарон то 100 метр дур бурда, саф оростанд. Баъдан яке бо мушт ва дуюмӣ бо дастаи аслиҳа ба қафаси синаву гулӯи сарбозон зарба заданд. Як сарбоз аз зарби онҳо беҳуш ба замин афтид.

Муҳокимаи парвандаи марги сарбоз Фирдавс Раҳматов ҳарчанд бояд боз баргузор шавад, додгоҳи ҳарбӣ дар рӯзи аввали мурофиа иҷоза надод, ки хабарнигорони телевизионҳои маҳаллӣ вориди толор шаванд ва навор бардоранд. Фирдавс Раҳматов, ҷавони 22-сола аз шаҳри Хуҷанд 7 маи соли равон ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафт, вале пас аз як моҳ, 7 июн ҷасади ӯро аз қисми ҳарбӣ ба волидайнаш супурданд.

Волидонаш дар ҷисми вай нишонаҳои зарбу латро мушоҳида карданд ва аз болои мақомот ба додгоҳ шикоят карданд. Мурофиаи ин қазия бояд 4 сентябр оғоз меёфт, вале бинобар ҳозир нашудани афсарони айбдоршаванда ба сабаби эълони вазъи омодабош дар қисми ҳарбии мазкур додгоҳ ба таъхир афтод.

Дар ду соли ахир чандин мавриди бадрафтории кӯҳнасарбозон дар баробари аксарони навдаъватшуда дар артиши Тоҷикистон сабт шуда волидонеро, ки фарзандонашон ба синни аскарӣ расидаанд, нигарон мекунад. Агарчи мақомоти низомӣ бахше аз ин парвандаҳоро то додгоҳ бурда муҷримоноро ба солҳои тӯлонӣ ҳабс карданд ва сӯҳбатҳои тарбиявиро бо аскарон ба роҳ мондаанд, ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, решакан шудани падидаи меҳтарсолорӣ ё дедовшина кори сахт аст.

Волидон: Фирдавс аз зарбу лат фавтидааст (навор аз 11 июн)

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Фирдавс аз зарбулат фавтидааст