Умре дар орзуи падар ва бозгашт ба Тоҷикистон

Фирӯз Қосимов ё Чимит Тсиренжапов

Ҷавони 31-солае аз Русия бо кӯмаки муҳоҷири тоҷик ва радиои Озодӣ хешовандони падарашро дар ноҳияи Айнӣ пайдо кард.

Чимит Тсиренжапов ё Фирӯз Қосимов, ки соли 1984 дар як рустои дурдасти Ҷумҳурии Бурятия аз падари тоҷик ва модари бурят таваллуд шудааст, тамоми умр дар дил як орзу дошт – падари худро дар Тоҷикистон пайдо карда, дубора ӯро ба оғӯш кашад. Рӯзе бо нияти пайдо кардани падар ин ҷавон дари фурӯшгоҳи тоҷиконро дар шаҳри Улан-Удэ боз ва дар бораи тоҷику дар орзуи падар буданаш ба муҳоҷирон нақл кард. Ҷавоне бо исми Воиз Шокиров баъдан дархости ин ҷавонро дар номае ба унвонии радиои Озодӣ ирсол кард ва дар муддати кӯтоҳ хешовандони ин ҷавон пайдо шуданд.

Хонаводаи Қосимовҳо, мисли ҳамон 30 соли пеш ҳам, дар деҳаи Айнии ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба сар мебаранд. Раиси ҷамоати Айнӣ Шоира Бобоева, ки бо радиои Озодӣ ҳамсӯҳбат шуд, гуфт, падари Фирӯз – Фарҳод Қосимов писари холаи ӯ буда, дар бораи сарнавишти Фирӯз ва фоҷеаи хонадонаи онҳо бахубӣ огаҳ аст. Қиссаи таваллуди Фирӯз ё Чимит ба солҳои шӯравӣ бармегардад. Донишҷӯи донишгоҳи шаҳри Хуҷанд Фарҳод Қосимов дар як сафар ба шаҳри Ленинград дар охири солҳои 1970-ум бо духтари бурят Надежда шинос шуд. Ишқ бар миллату мазҳаб ғалаба кард ва баъди бозгашти Фарҳод аз хизмати сарбозӣ, ҳарду оила барпо карданд. Вале хушбахтии онҳо дер напоид.

Ба нақли Шоира Бобоева ва ҳам модари Фарҳод Қосимов – хонум Моҳзода Сайфиддиноваи 81-сола, писари ҳушёру хушсурат ва ошиқи зиндагиаш аз артиш бо нишонаҳои бемории асаб баргашт. Дар ин хонавода мегӯянд, писари онҳо қурбони хушунат ё дедовшина дар артиш

Фирӯз Қосимов бо бибиву бобои бурятии худ дар кӯдакӣ

шуд ва осеби равонии бардоштаи ӯ тамоми зиндагиашро ба ҳам зад. Баъди якчанд соли ҳамзистӣ дар рустои Айнӣ ва таваллуди Фирӯз, зиндагӣ барои ҳама ба даҳшат табдил шуд. Мушкили равонии падар авҷ гирифт ва амнияти аъзои хонаводаро ба ҳам зад.

Арӯсу кӯдак маҷбур шуданд барои ҳамешагӣ ба Бурятия, назди волидони Надежда баргарданд. “Модарам мегуфт, ки баъди таваллуд шудани ман дар рустои Сосновозерское (200-километрии шаҳри Улан-Удэ) маро ба Айнӣ, ба хонаи падарам бурд. Дар “моҳи асал” падарам модарамро ба тамошои Самарқанду Бухоро, соҳилҳои баҳри Каспий бурдааст. Ман дар Айнӣ то дусолагӣ зиндагӣ кардам. Модарам мегӯяд, ки падари ман ҳамеша меҳрубону ғамхор буд, ҳеҷ ҳарфи баде ба забон намеовард. Падарам мегуфт, ки ман нусхаи худи ӯ ҳастам ва номи маро ҳам Фирӯз гузошта буд. Ман ҳеҷ вақт нашунидаам, ки модарам аз падарам ранҷида ва ё озурда бошад.

Вай танҳо мегуфт, ки ман хеле зиёд бемор мешудам ва эҳтимолан иқлими Тоҷикистон ба ман нофорам буд ва ӯ қарор кард маро аз он ҷо берун барад”, - гуфт Фирӯз дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ аз Улан-Удэ. Аз рӯи шаҳодати хешовандон, Надежда солҳои аввал ба шавҳараш номаҳо мефиристод, гоҳо дархости кӯмак мекард. Фирӯз ёд дорад, ки чӣ тавр бо падар дар Бурятия дидор кардааст.

“Ман хеле хуб ёд дорам, ки дар синфи шашум мехондам ва падарам ба дидани ман омад. Дидори хеле хубу гарме доштем. Падарам ваъда дод, ки вақте ман мактабро хатм кардам, дар синни 18-солагӣ омада маро ҳамроҳаш ба Тоҷикистон мебарад. Ин соли 1996 буд. Вале дигар ман дараки ӯро наёфтам. Мо на тамоси телефонӣ доштем, на дигар ба дидори ҳамдигар расидем. Вале ман ҳамеша чашм ба роҳ будам ва орзу доштам, ки рӯзе падарам бармегардад ва мо ҳамроҳ ба назди хешовандонамон ба Айнӣ меравем”, гуфт писар.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як умр дар орзуи падар

Фирӯз мегӯяд, дарди бепадарӣ хеле сангин аст ва ӯро танҳо умеди дидор бо падар, мариз ҳам бошад, ҳамеша дилгарм нигоҳ медорад. Вай мегӯяд, ҳамеша ёд дорад, ки тоҷик ва писари тоҷик аст, ҳарчанд забонро намедонад, талош мекунад дар бораи расму оинҳои падар огаҳ бошад. Вай гуфт, бо ҳамин ният ҳам бо муҳоҷирони тоҷик дӯстӣ барқарор кардааст. Шоира Бобоева мегӯяд, солиёни охир холабачааш Фарҳод Қосимовро таҳти назари табибон дар бемористони амрози рӯҳии Исфара нигоҳ медоранд ва ӯ соле як бор ба аёдаташ меравад.

Вазъи бади писар ба саломатии модараш ҳам таъсир кард – Моҳзода Сайфиддинова мегӯяд, дар ин 30 соли охир “обу адо шудааст”, чунки тамоми фикру хаёл, даромад ва ҳушу ёдаш бо Фарҳоди маризаш банд аст. Писарҳои дигари ӯ даргузашта охирин фарзандаш Фурқат дар “кадом шаҳри Русия дар муҳоҷират аст”. Радиои Озодӣ бо хоҳиши ҳарду ҷониб Фирӯз ва хонум Шоира Бобоеваро аз шаҳри Улан-Удэ ва ноҳияи Айнӣ бори нахуст телефонӣ бо ҳам пайваст. Хонум Шоира Фирӯзро ба Тоҷикистон ва ноҳияи Айнӣ даъват кард, ваъда дод, ки бо ҳама хешовандон шинос мекунад ва ба аёдати падар ҳам мебарад.

Фирӯз, ки дар лаҳзаҳои аввали сӯҳбат каме ҳаяҷонзада буд, дар охир бо иродати тамом ваъда дод, ки тобистони имсол ҳамроҳ бо дӯстони тоҷикаш ба Тоҷикистон меравад. “Ман меравам, ҳатман меравам, падарам ва бибиамро дидан мехоҳам”, гуфт ӯ. Зимнан, на Фарҳод Қосимов ва на Надежда баъди азҳампошии оилаашон дигар ҳеҷ гоҳ оиладор нашуданд. Надежда ҳамроҳ бо модару хоҳараш ҳоло дар хонаи Фирӯз зиндагӣ мекунанд.