Подполковник барои писари "ҷиҳодӣ"-аш аз вазифа озод шуд

Мақомот дар шаҳри Сарбанд тасдиқ карданд, ки як подполковники Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хотири ширкати писараш дар ҷанги Сурия, аз мақомаш барканор шудааст.

Мақомоти шаҳри Сарбанд, дар ҷануби Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки барканории подполковник Дилшод Каримов аз вазифаи сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ин шаҳр, ба хотири ҳузури писараш дар ҷангҳои Сурия будааст. Як манбаъ дар шаҳрдории Сарбанд, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, рӯзи 2 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте мақомот огоҳ шуданд, ки писари Дилшод Каримов дар Сурия будааст, ӯро шабона аз вазифааш озод намудаанд.

Овозаҳое ҳам шунида мешавад, ки гӯё Дилшод Каримов пули фиристодаи писараш Раҷабалӣ Каримови 20-соларо аз як бонки маҳаллӣ қабул кардааст. Манбаи "Озодӣ" гуфт, ки ин шахс мехостааст, ки дарёфти ин пулро аз мақомот пинҳон дорад. Тибқи иттилои расмӣ, алайҳи Дилшод Каримов парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, аммо маълумотнома дар мавриди ҳузури писараш Раҷабалӣ Каримов, ки гуфта мешавад дар Сурия ҳаст, ба мақомот расидааст.

Дилшод Каримов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳузури писараш дар Сурияро тасдиқ намуд, аммо гуфт, ки сабаби аз вазифа рафтанаш, расидан ба сини нафақа будааст, на чизи дигар. Подполковник Каримов дарёфти пул аз писарашро низ рад кард. Вай гуфт, ки 6 фарзанд дорад ва писараш Раҷабалӣ Каримов дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам таҳсил мекард ва баъди як озмун дар миёни 74 нафар, барои таҳсил ба Ҷумҳурии Мисри Араб фиристода шудааст.

Аввали соли равон Қарахон Чилазода, шаҳрдори Сарбанд дар як сӯҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ки аз ин шаҳр ду нафар донишҷӯёни Донишгоҳи исломии Тоҷикистон -- Раҷабалӣ Каримов ва Ҳоҷимуҳаммадзодаи Муҳаммад ба Сурия рафтаанд. Ҷаноби Чилазода он замон гуфта буд, ки дар пайвастани ин ду ҷавони донишҷӯ ба гурӯҳҳои ифротӣ, волидайнашон гунаҳгоранд, ки онҳоро аз Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ва ба Донишкадаи исломӣ интиқол додаанд.

Ҳоҷимуҳаммадзодаи Муҳаммад, ҷавони дигаре, ки дар ҷанги Сурия ҳузур дорад, аз ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”-и шаҳри Сарбанд буда, фарзанди як рӯҳонии саршинос мебошад. Ба иттилои расмӣ, шумораи ҷавонони хатлонӣ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ба 50 нафар мерасад. Мақомот мегӯянд, ки ҳудуди 400 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳузур доранд.