40 соли манъи вуруд ба Русия. ВИДЕО

Одил Бобоқулов, падари панҷ фарзандро мақомоти рус ба мӯҳлати 40 сол аз ҳақи вуруд ба Русия маҳрум карданд

Як шаҳрванди Тоҷикистонро мақомоти Русия ба муддати 40 сол аз ҳақи вуруд ба ин кишвар маҳрум карданд.

Одил Бобоқулов замоне боздошт шуд, ки мехост корти муҳоҷирати худро тамдид кунад, вале бар иваз ӯро хабардор карданд, ки то 40 соли дигар аз ҳақи вуруд ба хоки Русия маҳрум шудааст. Одил Бобоқулов дар Русия зану панҷ фарзанд дорад. Моҷарое, ки ин марди тоҷик бо он дучор шудааст, саволҳои зиёди беҷавоб дорад.

Ӯ соҳиби 5 фарзанд аст, касеро озор намедиҳад. Ҳамсарашро дӯст медорад, фарзандонаш серу таъмин ҳастанд. Охир боз чӣ метавон гуфт?

Мушкилоти Бобоқулов, як сокини Саратов ва шаҳрванди Тоҷикистон соли ҷорӣ шурӯъ шуд. Мақомоти рус ӯро нахуст танҳо дар як иттиҳом – талоши убури ғайриқонуни марз айбдор карданд.

Валерий Сартаков, як намояндаи марзбонии Русия гуфт, ки Бобоқулов ҳангоме боздошт шуд, ки талош дошт ғайриқонунӣ марзи Русияро убур кунад.

Ду моҳ Бобоқуловро дар як боздоштгоҳи шаҳри Саратов нигаҳ доштанд ва ӯ баъди пардохти ҷубронпулӣ ба озодӣ баромад. Аммо мақомоти интизомӣ бо ин иктифо накарданд. Ирина Бобоқулова, ҳамсари ин марди тоҷик саргузаштҳои худро чунин нақл кард:

«Ростӣ, мо аз он ҷо бо як азоб берун шудем. Вакили дифоъ ба мо занг заду гуфт, ки тамоми шаҳр шуморо ҷустуҷӯ дорад ва кадом гуноҳеро боз мехоҳанд ба ӯ бор кунанд. Ӯ гуфт, ки шуморо аз шаҳр берун рафтан намегузоранд. Мо як илоҷ карда худро бо мошинҳои роҳ то вилояти Тамбов расондем. Баъдан ба бародараш занг задем ва ӯ моро бо мошинаш бурд».

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳоҷири тоҷик барои 40 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шуд

Мӯҳри манъи вуруд ба Русия

Азбаски дар санади Одил Бобоқулов мӯҳри «манъи вуруд ба Русия» гузошта шуд, дар оила ба чунин хулоса омаданд, ки падари хонадон бояд ба Туркия биравад ва ҳамсараш мушкилоти манъи вуруди ӯро тариқи додгоҳ ҳал кунад. Аммо дар Туркия низ ин муҳоҷирро напазируфтанд ва ӯро дубора ба Русия фиристоданд.

Ирина Бобоқулова гуфт, мушкилоти аслӣ баъди бозгардони дубораи ҳамсараш ба Русия шурӯъ шуд. Ӯ гуфт: «Марзбонҳо ӯро роҳ надоданд, ба Тоҷикистон ҳам ба баҳонаи он ки парвози мустақим надоранд, нафиристоданд. Ба ӯ хӯрок намедоданд, чунки ҳеҷ як ширкати ҳавоӣ масъулияти ӯро ба гардан намегирифт. Ӯ дар кадом утоқе маҳкам буд».

Ба қавли вакили дифои Бобоқулов, ин мардро дар фурудгоҳ гурусна ва дар шароити тоқатфаро нигаҳ медоштанд. Билохира ӯ маҷбур шуд, ки фирор кунад. Одил дасти худро захмӣ кард ва ӯро ба беморхона бурданд. Аз он ҷо ӯ фирор намуд.

Як вакили дифои Бобоқулов Фирӯза Камолова гуфт, кори ӯ дар амри ҳимояти ҳуқуқи Бобоқулов бештар расмӣ аст, на воқеӣ: «Масъулияти ман бештар як расмиёт аст. Ман бояд ҳимоя кунам, аммо аз чӣ? ФСБ вуруди ӯро то 40 сол манъ кард. Мо, вакилонро, ҳатто барои шиносоӣ бо мавод роҳ надоданд”.

Таҳдиди панҷ соли зиндон

Бо гузашти чанд рӯз падари серфарзандро дубора дастгир ва дар як боздоштгоҳ андохтанд. Ин дафъа ӯро ба истифодаи хушунат нисбати кормандон ҳангоми иҷрои вазифа муттаҳам намуданд. Акнун ба ӯ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Модарарӯси Бобоқулов – Галина Карташова гуфт: «Ӯ соҳиби 5 фарзанд аст, касеро озор намедиҳад. Ҳамсарашро дӯст медорад, фарзандонаш серу таъмин ҳастанд. Охир боз чӣ метавон гуфт? Агар ӯ одами бад мебуд, ман чунин суханонро дар ҳаққаш намегуфтам. Хеле дилам гирифта аст».

Худи муҳоҷири тоҷик ҳам намедонад, ки барои чӣ вуруди ӯро манъ карданд. Парвандаро махфӣ намуданд. Пайвандон низ ҳайронанд, ки чаро ӯро маҳз ба мӯҳлати 40 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардаанд. Вакилони дифоъ ва хешовандонаш мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ гуноҳе надорад, дар хилофкориҳои сиёсӣ ҳам дида нашудааст ва дар гузашта ҳеҷ мушкиле бо қонунҳои Русия надошт.