Ӯ 11 сол дорад ва тоза ба синфи сеюм гузашт. Бахтиёр Усмонов, як тифли тоҷик, ки ду рӯзи охир исмаш дар садри нашрияву вебсайтҳои хабарӣ чоп мешавад, зоҳиран ба ин шӯҳрат ҳеҷ ниёзе надорад. Дар сӯҳтаи телефонӣ бо Радиои Озодӣ истиҳола мекунад, шарм медорад ва падараш ҳам аз дур истода илова мекунад, ки писараш “мисли ҳама бачаҳои дигари тоҷик хоксор аст”.
Вале ҳамин кӯдаки лоғар дар яке аз рӯзҳои моҳи май тавонист ҷони ҳамсолашро аз марг наҷот диҳад. Бахтиёр Усмонов дар шарҳи ҳодисаҳои рӯзи 27 май кӯтоҳ гуфт, ки он рӯз аз як кӯчаи хилвати шаҳри Хабаровск ҳамроҳ бо дӯсти русаш Слава мегузаштанд. Ногаҳон Слава ба чоҳи оби ҷӯш афтод. Бахтиёр мегӯяд:
“Хона мерафтем. Аз назди гаражҳо мегузаштем. Ногаҳон вай ғалтид. Баъд ман кашида баровардамаш”. Ба савол дар бораи ин ки то куҷо аз дохили чоҳ берун кашидани дӯсташ мушкил буд, гуфт: “ҷӯраам вазнин набуд”. Бахтиёр Усмонов гуфт, ки дар ин ҳодиса пойҳои рафиқаш сахт сӯхт, вале баъди даъвати ёрии таъҷилӣ бо кӯмаки як зани раҳгузар дар панҷ дақиқа табибон расида омаданд. “Ҳоло рафиқам (аз шӯъбаи эҳёгарӣ) ба палата гузарад, баъд ба хабаргириаш меравам”, гуфт Бахтиёр Усмонов.
Полиси вилояти Хабаровск ба як нашрияи маҳаллӣ гуфтааст, ки рӯзи 11 июн дар мактаби рақами 23 ба Бахтиёр Усмонов ҷоиза барои наҷоти инсон тақдим мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шогирди ифтихории мактаби русӣ
Бахтиёр фарзанди чоруми оилаи Рустам Усмонови 45-сола аст, ки аз ноҳияи Рӯдакии Тоҷикистон ба вилояти Хабаровски Русия рафта кору зиндагӣ ихтиёр кардааст. Рустам Усмонов гуфт, ки дар як фурӯшгоҳи маҳаллӣ ба ҳайси посбон кор ва аз ҳамин ҳисоб оилаи иборат аз 5 фарзандашро таъмин мекунад. Ӯ гуфт, ки ҳамсараш баъди таваллуди духтарчаи хурдӣ ва панҷум ба Тоҷикистон рафт ва ҳоло ин мард бо ду писари 19 ва 11-солааш дар Хабаровск ба сар мебарад.
Вале Бахтиёр сентябри соли 2018 тоза ба Русия рафт ва бо хости падар ба мактаби кадетӣ ё низомиёни хурдсоли шаҳри Хабаровск пазируфта шуд. Таҳсил ба забони русӣ барои Бахтиёр нав ва сахт буд, вале ҳоло, ба қавли муаллимаш, яке аз шогирдони пешқадам аст.
Любов Никифоренок, раҳбари синфи Бахтиёр гуфт, ки ин кӯдак яке аз шогирдони ифтихории ӯст ва бо ин ки камтар аз як сол пеш таҳсил ба забони русиро шурӯъ кард, хеле пешрафт кардаву аз лиҳози хислатҳои инсонӣ ҳам намунаи ибрат шудааст.
Марина Пименова, раҳбари мактаби рақами 23-и шаҳри Хабаровск рӯзи 7 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Бахтиёр дар синфи кадет ё низомӣ таҳсил мекунад ва вокуниши сареи ӯ ба ҳолати ногаҳонӣ як бахши таълимоти мактабӣ мебошад. Пименова ҳам аз Бахтиёр Усмонов ситоиш кард ва гуфт, ки рафтори ин кӯдак “як амали ватандӯстона аст, чунки ӯ зиёд фикр накарда ба кӯмакаш шитофт. Агар ин кӯдак сари вақт ёрӣ намекард, дӯсташ пурра ба чоҳи оби ҷӯш меафтод. Дар ин ҳолат танҳо 40 дарсади бадан, яъне пойҳои тифл сӯхтааст”.
Дар ҳоле, ки корнамоии Бахтиёрро нашрияҳои зиёд навишта ӯро маъруф кардаанд, худи ин кӯдак зиёд дар фикри ин чизҳо нест. Дар сӯҳбати мухтасараш бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мактаби кадетӣ хонда, мехоҳад як генерали низомӣ шавад, вале, зоҳиран аз он ки ин мактабро падараш интихоб кардааст, орзуи кӯдаконаи худро ҳам фаромӯш накардааст. Гуфт, “мехоҳам духтур шавам. Аввал генерал мешавам, баъд духтур”. Ба саволи ин ки чаро мехоҳад духтур шавад, хеле содда гуфт: “Модарам бемор мешавад, ӯро табобат мекунам. Дили модарам баъзан дард мекунад”, гуфт Бахтиёр.
Рустам Усмонов бовар дорад, ки таҳсил дар Русия барои ба мақсад расидани фарзандонаш кӯмаки зиёд хоҳад кард.
Ин хонавода яке аз ҳазорҳо муҳоҷирони тоҷик аст, ки дар Русия ба сар мебаранд. Ба иттилои Шамсиддин Зардӣ, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск, ки минтақаи Сибир ва Шарқи Дурро зери назар дорад, дар вилояти Хабаровск тахминан 15-20 ҳазор муҳоҷири тоҷик ба сар мебаранд. Аксари онҳо дар сохтмон, бозору тиҷорат, марказҳои савдо ва ҳам дар бахши коммуналӣ кор мекунанд.
Русия бо мафҳуми муҳоҷирати корӣ бештар дар солҳои баъди касби истиқлолияти ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ ошно шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки дар ин ҷомеа ба сабаби бархӯрди бештар манфии ҳукумат ва мақомдорони давлатӣ ба коргарони хориҷиву корҷӯёни ғайрирус, дар матбуоти ин кишвар ҳам симои муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирон аз Осиёи Марказиву Тоҷикистон бештар манфӣ талаққӣ мешавад.
Ҳодисаҳои корнамоиву азхудгузаштагии муҳоҷирон зиёд ба матбуот роҳ намеёбад. Дар бархе ҳолатҳо, исми муҳоҷир зикр шавад ҳам, шаҳрвандиаш пинҳон мемонад, мисли корнамоии Алиназар Баҳодурови 21-сола, ки дар ҷони худро дар хатар гузошта, барои боздошти як марди мусаллаҳ кумак расонд. Алиназар Баҳодурови 21-сола рӯзи 4-уми апрел аз намояндаи Вазорати умури дохилии Русия сипосномаи расмӣ бо номи “Пулис аз Шумо миннатдор аст” гирифт. Хабари Вазорати умури дохилии Русияро расонаҳои гуногуни ин кишвар нашр кардаанд, вале дар ин миён аз кадом кишвар ва намояндаи кадом миллат будани ҷавон "фаромӯш" шудааст.
Ҳодисаи маъруфи дигар ба қаҳрамонии Собир Хаспаллаев рабт дорад. Дар як ҳодисаи 5 декабри соли 2017 Собир шоҳиди ба дарё рафтани мошини сабукраве шуд ва зиёд фикр накарда, худро ба дарё андохту ронандаи ин мошинро, ки зан будааст, аз мурдан наҷот дод. Маъмурони наҷот аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба Собир ташаккур гуфтанд, вале ончӣ ки Собирро маъюс кард, рафтори матбуоти Русия буд, ки дар наҷоти ҷони ин зан як муҳоҷири тоҷик бо номи Собир Хаспаллаев даст дорад.
Моҳи феврали соли ҷорӣ баъди ҳунарнамоии фавқулоддаи пианинанавози тоҷик Самир Абдураззоқов дар як барномаи телевизиони “Первый канал” маълумот дар бораи тоҷик будани ин кӯдак ҳазф шуд ва боиси нороҳатии мухлисон гардид.
Вале дар мисоли сӯхтори маркази тиҷоратии “Зимняя вишня” дар Кемерово корнамоиҳои Фарзон Салимовро худи раиси Кумитаи тафтишотии Русия қадрдонӣ карда буд. Фарзон Салимов, як зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия, ки марти соли 2018 барои наҷоти даҳҳо нафар аз сӯхторе дар маркази тиҷоратии "Зимняя вишня"-и Кемерово кумак карда буд, аз ҷониби Александр Бастрикин – раҳбари Кумитаи тафтишотии Русия қадрдонӣ шуд. бастрикин ин амали ӯро “қаҳрамонӣ” унвон карда буд.
Бархе мунаққидон мегӯянд, ки дар ҳолатҳои ҷудогона пинҳон мондани корнамоиҳои муҳоҷирон ба манфиати бархе гурӯҳҳои сиёсӣ аст, ки дар сиёҳу дастнигар нишон додани нирӯи азими коргарони хориҷӣ аз кишварҳои мисли Тоҷикистон манфиатҳои сиёсӣ мебинанд. Муҳоҷирони корӣ дар Русия дар давоми беш аз ду даҳсолаи ахир ба як василаи фишор ва муомилаҳои сиёсии Кремл бо Душанбе табдил шудааст.