Саёҳате, ки 10 сол тӯл кашид. Ё чӣ тавр Салими африқоӣ сокини Хуҷанд шуд

Дар миёни 15-16 фарде, ки дар як парваришгоҳи афроди бесарпаноҳи шаҳри Хуҷанд маскун шудаанд, ҷавони 28-солае аз кишвари африқоии Кения ҳам маскун шудааст.

Ин ҷавон, ки худро Салим Абдул меномаду бо атрофиён асосан бо

Ба ман одамони нек ва чанд дӯсти дар Душанбе пайдо кардаам бо ғизову манзил ёрӣ мерасониданд

забони русӣ гуфтугӯ мекунад, мегӯяд, набуди шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташ ӯро дар ҳолати номуайянӣ қарор додааст. Ҳоло ҳамин сарпаноҳ танҳо макони зисту зиндагии Салим Абдул шудааст.

Бо ин ки санҷидани дурустии ҳарфҳои ин ҷавони африқоӣ имкон надорад, худи ӯ мегӯяд, ҳудуди даҳ сол пеш ватанашро тарк кард ва баъди сарсониву саргардониҳои зиёд дар кишварҳои гуногун, дар хонаи бесарпаноҳони шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон маскун шуд.

Кения-Русия-Тоҷикистон

Ба нақли худи Салим Абдул, зодгоҳи ӯ пойтахти Кения шаҳри Найробӣ аст. Тахминан даҳ сол пеш волидон ва ватанро тарк карда ба ҳайси ходими як сирки сайёр то Русияву Қазоқистон ва ҳам Душанбе расид. Ба гуфтаи ӯ, дар як ҳодисаи шаш соли пеш дар Душанбе бору бағоҷ, аз ҷумла шиносномаашро гум кард ва баъди ин бе ҳуҷҷат монд. Чандин бор ба сохторҳои ҳифзи қонуни Тоҷикистон ба хотири гирифтани ҳуҷҷате муроҷиат кард. Вале то ҳол ин масъала ҳалли худро наёфтааст ва ҳоло ӯ дар чордевори муассисаи нигаҳдории афроди бесарпаноҳ ба сар мебарад:

“Фақат мушкилам ин ки ҳуҷҷат надорам. Бе шиноснома ҳозир мустақилона зиндагиву кор карда наметавонам. Бо санад ҳамчун инсон зиндагӣ кардан мумкин аст.”

Ба гуфтаи ӯ, дар ин муддат каме забони тоҷикиро ҳам ёд гирифт. Мегӯяд, аз дини ислом пайравӣ мекунад ва дар ин саргардониҳояш англисиву русӣ ва узбекиро ҳам омӯхтааст.

“Ба ман одамони нек ва чанд дӯсти дар Душанбе пайдо кардаам бо ғизову манзил ёрӣ мерасониданд. Дар сохтмон кор мекардем ва сарпаноҳу рӯзӣ ба даст меовардам”, – мегӯяд ӯ.

Ӯ мегӯяд, аз он ки дар ҳолати сангин ба ӯ мардуми хайрхоҳи тоҷик кӯмак кардаанд, миннатдор аст.

Бе хешу табор

Салим Абдул мегӯяд, дар мактаби миёнаи зодгоҳаш дар шаҳри Найробӣ дарс хонда падараш барвақт ва модару ягона хоҳараш замони муҳоҷирати ӯ вафот кардаанд. Ба гуфтааш, дигар дар ватан ҳеҷ хешу пайванде надорад. Чанд ҷавони ҳамшаҳриаш дар суҳбатҳои интернетӣ гуфтаанд, нодоранд ва тавони ёрии молӣ расонидан ба Салимро надоранд.

Вай мегӯяд, бисёриҳо дар Кения дар фақру нодорӣ зиндагӣ мекунанд ва аз ин хотир, касеву ҷои дигаре надорад, ки барои кӯмак муроҷиат кунад.

Муасисаи давлатии “Хона - парваришгоҳи бесарпаноҳон” дар Хуҷанд соли 2004 боз шудааст. Ин муасиса табиб ва равоншиноси худро низ дорад. Ҳудуди 2 сол пеш ин муассиса ба ҷои нав ба канори Хуҷанд кӯчид ва сохтмонаш ҳанӯз ба итмом нарасидааст.

Бидуни шиноснома ҳаракат маҳдуд аст

Рӯзи 16-уми март, ки ба ин паноҳгоҳи навбунёд рафтем, Салиму ҳамроҳонаш саргарми кор буданд. Онҳо назди даромадгоҳи утоқи маъмурияти ин паноҳгоҳро семент мекарданд.

Лола Ашӯрова, мудири “Хона - парваришгоҳи бесарпаноҳон” дар Хуҷанд мегӯяд, ин муассиса ба афроди бехонаву дар, ки бархе бо оворагардиву гадоӣ рӯз мегузаронанд, бо тавсия ё мувофиқаи пулис сарпаноҳ ва ёрӣ медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар ин ҷо мисли Салим Абдул ҳудуди 15 марду зан сарпаноҳ ёфтаанд, ки бархеи онҳо шиноснома надоранд. Мушкили умдаи ин афрод надоштани шиноснома ва дигар ҳуҷҷати нишондиҳандаи шахсият аст. Хонум Ашӯрова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Ин ҷо шаҳрвандони дигар кишварҳо ҳам ҳастанд, масалан Сайдулло аз Узбекистон аст. Инҳо шиноснома надоранд. Мақсади мо ин ки шахсияти инҳоро маълум карда, шиноснома гирифта, соҳиби кор кунем. То ки зиндагиашонро пеш бурда ва оила барпо карда тавонанд.”

Салим Абдул мегӯяд, дуо мекунад, ки мушкилаш ҳал гардад ва билохира соҳиби шиноснома гардад ва ба зиндагии озодона шурӯъ кунад. Ӯ Лола Ашӯрова, мудири сарпаноҳро бо меҳр модархонди худ меномад, ки ба мушкилоти ӯву рафиқонаш расидагӣ мекунад. Меҳре, ки ин ҷавони африқоиро ба Тоҷикистон дилбаста карда ва мегӯяд, ин кишварро барои зиндагӣ баргузидааст.