Ба навиштаи «Таймс»-и Ландан, Русия аз ҳамла ба Гурҷистон барои худ манфиат дарёфт нахоҳад кард. Рӯзнома навиштааст, таҳоҷуми Русия ба Гурҷистон ҳеҷ гуна далели сафедкунӣ надорад ва ба қавл аз изҳороти намояндагони мақомоти Бритониё овардааст, ки мо пас аз ин ҳодисаҳо боз ҳам бештар аз шомилшавии Гурҷистон ба ин созмони низомӣ пуштибонӣ хоҳем кард.
Нашрияи «Ди Тсайд»-и Олмон навиштааст, пас аз бӯҳрони Қафқоз Иттиҳодияи Аврупо гирифтори ихтилофи назарҳо шуда ва баръакс Маскав миёни кишварҳои узви ин иттиҳодия ихтилоф барангехта ҳукумат меронад. Ва рӯзнома афзудааст, Маскав баъд аз пирӯзӣ ба Гурҷистон бешубҳа стротегияи геополитикии худро идома хоҳад дод. Ба қавли рӯзнома ҳадафи стротегияи Русия тартиботи замони шӯравиро дар ҳудуди хориҷаи наздики худ роҳандозӣ кардан аст.
«Уол стрит ҷорнел»-и амрикоӣ менависад, ҳамлаи Русия ба Гурҷистон маҷбур мекунад, ки сари он бояд андешид, ки чӣ гуна Ғарб метавонад дигар кишварҳои собиқ шӯравиро аз хашми дубора нерӯмандшудаи Кремл ҳифз кунад. Ба навиштаи рӯзнома дар ҳоле ки Русияро дар «хориҷи наздикаш» бовар кардан намешавад, эътимод ба Маскав дар масъалаи Шарқи наздик, ба вижа барномаи ҳастаии Эрон маънӣ надорад. Рӯзнома мутмаин аст, ки равобити Маскав бо Теҳрон аз қабл бояд Иттиҳодияи Аврупоро мӯътақид месохт, ки Русия аҳдофи Итиҳодияи Аврупо дар масъалаи барномаи ҳастаии Эронро пуштибонӣ намекунад. Ва рӯзнома суол гузоштааст, ки агар чунин аст пас далели бунёд кардани нирӯгоҳи атомӣ дар Ирон ва ба ин кишвар интиқоли мушакҳои муосир аз сӯи Русияро чӣ гуна мешавад ташреҳ кард?
«Либерасион»-и Фаронса хабар додааст, ки бӯҳрони Қафқоз шурӯъи дубораи даргириҳо миёни раҳбарони Укроин, кишвари дигари собиқ шӯравиро ба бор овардааст. Ба навиштаи рӯзнома, раисиҷумҳури Укроин сарвазири кишварашро дар иқдомҳои русигароӣ муттаҳам кардааст. Рӯзнома афзудааст, чаҳор сол қабл Юлия Тимошенко бо Виктор Юшенко дар Майдони Киев китф дар ҳам истода бар зидди режими Русия мубориза мекарданд, аммо имрӯз котиботи Виктор Юшенко, сарвазир Тимошенкоро дар хиёнат ба давлат ва фасоди молӣ муттаҳам мекунад.
Ва «Хералд трибюн»-и амрикоӣ ба қавл аз назари таҳлилгарон навиштааст, Иёлоти Муттаҳида қудрати назорат бар обҳои арктикиро аз даст медиҳад. Рӯзнома афзудааст, тамринҳои Русия дар Арктика Қасри сафедро маҷбур сохтааст, ки дар ин минтақа аз сиёсати нави амниятӣ кор бигирад, ки қарор аст дар наздиктарин фурсат эълом шавад. Ба эътиқоди рӯзнома пурзур кардани назорат ба Арктика аз Иёлоти Муттаҳида тавлиди киштиҳои навро тақозо мекунад.