Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши солонаи худ дар робита ба пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон зикр намудааст, ки имсол дар ин ҷумҳурӣ фазои тиҷорат нисбат ба соли гузашта беҳтар будаааст. Тоҷикистон дар миёни 183 кишвар дар мавқеи 139-ум қарор дорад, ки нисбат ба соли гузашта даҳ зина боло рафтааст.
Дар ин замина Андреа Далл Олио, иқтисоддони аршади Бонки Ҷаҳонӣ дар гуфтугӯ бо РО ба ин суол, ки чи иқдоми давлат боис шуд, ки Тоҷикистон имсол 10 зина болотар рейтинг ё маҳбубият касб кард, гуфт, "аввалан ин рейтинги Тоҷикистон нисбӣ аст ва танҳо аз ҳисоби аз 25 фоиз то 15 фоиз поин овардани андози корпоративи ё идорӣ ва роҳандозии панҷараи воҳид дар номнавис кардани тиҷорату соҳибкори ин даҳ зинаро убур кардааст. Табиист, ки 10 зина боло рафтан аз мавқеи 149-ум то 139-ум осонтар аз он аст, ки аз мавқеи 50 ба 40 бирасӣ. Ба ин далел мо мегӯем, ки ин пешрафт дар ҷамъи мушкилоти мавҷуда дар тиҷорат нисбӣ аст".
Суол: -Ахиран коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва СБП аз фазои номусоиди тиҷорат дар Тоҷикистон интиқод карда гуфта буданд, ки ҳудуди 90 дарсади бахши хусусӣ бо бонкҳо робита надоранд. Дар ҳоле, ки бахши хусусӣ беш аз 48 дарсади ҳаҷми иқтисоди Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ва дар кишваре, ки бахши аслии даромад ба будҷааш аз ҳисоби ситонидани андозҳо аст оё имкон дорад, ки 90 дарсади бахши хусусӣ бидуни робита бо бонкҳо фаъолият кунад?
Посух: -Мо хуб медонем, ки дар ин ҷумҳурӣ дар дастёбии бахши хусусӣ ба бонкҳо ва дарёфти сармоя мушкилоти зиёде вуҷуд дорад. Мушкили аввал бастагӣ дорад ба ҳаҷми қарза ё пронсенти қарздиҳӣ, ки дар Тоҷикистон фавқулодда баланд аст ва тоҷир тавони бо ин фоизи боло гирифтани қарзу баргардонидани онро надорад. Ин мушкили аслии тиҷорат ва монеа дар рушди бахши хусусӣ аст. Вале аз сӯи дигар, ба Тоҷикистон арзи зиёди хориҷӣ тавассути муҳоҷирони корӣ ворид мешавад, ки як бахши онро метавон дар бахши хусусӣ сармоягузорӣ кард ва аз он оидоти зиёде ба даст овард. Одатан ин пулҳо дар Тоҷикистон барои корҳои камарзиш истифода мешавад. Барои истифодаи босамари ин пулҳо давлат бояд барои мардум ва тиҷорати онҳо фазои мусоид эҷод кунад, то мардум ба масрафи босамари ин пулҳо эътимод пайдо кунанд. Дар сурати ғайр мардум ин пулҳоро барои рӯзгор масраф карда сармоягузорӣ намекунанд.
Суол: -Ба назари Бонки Ҷаҳонӣ системаи андозситонӣ ва ё сиёсати андозбандии давлати Тоҷикистон барои эҷоди фазои мусоиди тиҷорат ва рушди бахши хусусӣ ва ё давлатӣ мусоидат мекунад дар ҳоле, ки қарзи корхонаҳои калони давлатӣ ва хусусӣ аз андоз сол ба сол зам шуда ҳоло ҳудуди 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад ва ба далели сангинии пардохти он, даҳҳо ширкати давлативу хусусӣ рӯ ба муфлисшавӣ ниҳодааст?
Посух: -Дар мавриди андозҳо ба назари шумо мувофиқам. Дар ин бахш мушкилиҳои зиёде вуҷуд дорад ва дар ин ҷода давлатро зарур аст корҳои зиёдеро анҷом диҳад. Навъҳои андозбандӣ воқеан дар Тоҷикистон зиёд аст, агарчи арзишашон ночиз бошад низ, сармоягузорро метарсонад. Дар дигар кишварҳо теъдодашон кам аст ва коғазбозиву даводавӣ ва ташвиш низ камтар аст. Ба ин далел, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар кишварҳои кӯмакрасони Тоҷикистон дар ин бора талош доранд то ин андозбандиҳо ба мардуми оддӣ дастрас бошад. Мушкили дигар ин аст, ки механизми пардохти андозҳо дар кодекс дарҷ нашудааст ва бесарусомони ва мушкил аз ҳамин ҷост. Бо вуҷуди ин, ба назари ман андозҳо зиёд бошанд низ дар муқоиса ба дигар кишварҳо пули пардохти он камтар аст.
Суол: -Модом, ки пардохти андоз дар Тоҷикистон дар қиёс ба дигар кишварҳо сангин нест, пас чаро бахши хусусии хориҷӣ бо сармояи худ вориди Тоҷикистон намешавад?
Посух: -Набояд солҳо ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро фаромӯш кард. Вақте, ки тоҷир ва ё сармоядор мехоҳад вориди Тоҷикистоон шавад, вай аввал ба вазъи амниятӣ ва субот менигарад, аз ҷумла суботу ҳифзи сармояаш дар ин ҷумҳурӣ, ки ба қавли созмонҳои байналмиллалӣ, фасодзада аст. Вақте, ки дар бораи сармоягузории калон меандешед, бидуни суботу амният ин кор иҷро нашуданист ва ба ин далел сармоягузор аз ворид шудан ба Тоҷикистон ҳазар мекунад. Аз сӯи дигар Тоҷикистон бозори хурд аст на мисли Қазоқистон, ки захираҳои фаровони нафту газ дорад ва сармояро ҷалб мекунад.
Суол: -Бонки ҷаҳонӣ аз ин ба баъд чӢ корҳоро дар роҳи содда сохтани фазои тиҷорат ва бозаргонӣ дар Тоҷикистон анҷом доданист?
Посух: -Корҳои зиёде дар пеш аст аз ҷумла ман имрӯз ба баррасии масъалаи додани муҷаввиз ё литсензия барои сохтмон машғул хоҳам шуд, зеро сохтмон як бахши муҳими иқтисод ва иҷтимоӣ Тоҷикистон аст ва аз ин баъд низ барномаҳоеро дар роҳи эҷоди фазои мусоиди тиҷорату бозаргони идома медиҳем.