Беш аз 10 сол аст вай дар саҳнаҳои мухталифи ҳунарии Аврупову Амрикои Лотин дар жанри "босанова" овозхонӣ мекунад. Тайи ин муддат вай чандин албоми таронаҳои худро дар Ҷумҳурии Чех ба чоп расонида, маъмулан дар клубҳои маъруфи ҷази шаҳри Прага ҳунарнамоӣ мекунад. Дар рӯзи Иди занон - 8 март хонум Весна меҳмони бахши тоҷикии радиои Озодӣ шуд.
Бо ӯ тасодуфан дар як тарабхонаи хурди мусиқӣ шинос шудем. Зани миёнақади зардинамӯ, бо садои нарму ором аз нигоҳи аввал ба ҳунарпешаву овозхонҳои маъмулии хушлибос монанд набуд: либоси вай хеле оддӣ буду ҳаракоташ ҳам бештар як омӯзгори оддии мактабро ба ёд меовард. Аммо вақте ин оҳанг аз забони ӯ садо дод, дарк кардам, ки чӣ дунёи ғаниву пурмаъние дорад овозхони ҷаз Весна Касерес.
Весна дар Хорватия, Югославияи собиқ дар хонаводаи падари чех ва модари испаниасле, ки дар Словения бузург шудааст, ба воя расидааст. Дар наврасӣ, мегӯяд вай, дар баробари мактаби миёна ҳамчунин дар мактаби мусиқӣ дар риштаи оҳангҳои классикӣ ва операхонӣ таҳсил кардааст. "Аммо хоҳиши ман ба машғулияти мусиқӣ чунон зиёд буд, ки қарор кардам баъди мактаб ба коллеҷи мусиқии Прага омада таҳсили олиро идома диҳам", - мегӯяд Весна.
Вай соли 1990 ба Прага меояду баъди як ду соли таҳсил дар коллеҷ эҳсос мекунад, ки бояд дар риштаи ҷаз фаъолияти худро идома диҳад. Баъди шаш соли таҳсил дар коллеҷ вай барои омӯхтани ҳунари ҷаз, шансон ва мюзикл ба консерваторияи ҷази Ярослав Ежеки шаҳри Прага дохил мешавад.
Вай меафзояд, "мисли ҳама ман аввал ба эҷодиёти овозхонҳои бузурги ҷаз мисли Свинг, Билли Ҳолидей, Элла Фитсҷералд, Сара Ҳоган ва мусиқии алтернативии мисли поп ва этно-стайл таваҷҷӯҳи зиёд доштам, аммо рӯзе аз ҳамаи мусиқии Амрикои шимолӣ, ба истилоҳ, сер шудаму ба ҷази Амрикои Лотинӣ рӯ овардам. Пеш аз ҳама ин мусиқии мардуми Куба ва Бразилия, стайли "босанова" буд, ки баякбор маро ба худ кашид".
Босанова ҷази мардуми Амрикои Лотинӣ аст, ки дар солҳои 60-уми қарни гузашта рушд карда баъдан аз ҷониби ҳунармандони аслии Амрикои Шимолӣ ҳам эътироф шудааст. Ин навъи мусиқӣ бисёр орому нарм аст ва ритми хуби рақсӣ дорад, ки ба ман хеле муносиб аст, мегӯяд хонум Весна.
Муҳаббати зиёд ба мусиқии босанова вайро водор ба омӯзиши забони португалӣ мекунад. Қаблан, ба хотири модар ва шавҳари аввалаш, ки зодаи Чили будааст, забони испаниро аз худ мекунад. Зимнан, вай донандаи забонҳои дигари мисли беларусӣ, чехӣ ва англисӣ ҳам ҳаст, ки барояш дар кору зиндагӣ зиёд кӯмак кардааст. Аз ӯ пурсидам, новобаста ба ин ки оҳангҳои вай ба забони мухталифи хориҷӣ иҷро мешавад, эҷодиёти вайро миллату қавмиятҳои мухталиф мепазиранд.
Весна гуфт, "шунавандаҳои ман ҳам атфоли хурдсол ҳам солхӯрдаҳо мебошанд. Ва аммо дар масъалаи оҳанг - на танҳо оҳангҳои лотин, балки оҳангҳои дигар ҳам ба забони чехӣ ё англисӣ агар хуб буданд дили шунавандаро мекашанд. Вақте ман бо оҳанге кор мекунам, кӯшиш мекунам, ки қалби худро боз карда онро пурра дарк ва қабул кунам. Ва баъд ҳамонтавре, ки онро эҳсос мекунам, месароям. Ҳатто вақте оҳангҳои Куба, Бразилия, ҷази Амрикои Шимолӣ ва ё сурудҳои чехиро мехонам, ба он саҳми зиёди худро мегузорам"
Весна Касерес мегӯяд, ба ҳамин хотир, вай оҳангҳое эҷод мекунад, ки побанди як фарҳанг ва ё забони мушаххас нест, он барои бахшҳои мухталифи мардум қобили қабул аст. Весна Касерес чаҳор барномаи мусиқӣ дорад, ки дар он оҳангҳои мухталиф аз рӯи завқу салиқаи шунаванда гирдоварӣ шудааст ва барои иҷрои он бо гурӯҳҳои мусиқии чехиву бразилиягӣ ҳамкорӣ мекунад.
Вай мегӯяд, ки дар моҳи оянда албоми нави сурудҳояш дар ҳамдастӣ бо навозандаҳои бразилиягӣ ба бозор арза мешавад. Вай мегӯяд, ки ҳаёти бисёр хоксоронаро ҳамроҳи шавҳар ва писараш дар Прага пеш мебарад, ва тамоми даромадҳои вай аз овозхониву нашри албомҳои мусиқӣ, ва ҳунарнамойӣ дар ҷашну чорабиниҳои мухталиф дар пешбурди зиндагӣ кифоят мекунад.
То имрӯз вай ҳашт СД-и таронаҳои худро ба нашр расонида, мегӯяд, ки барои тавлиди як албом дар Ҷумҳурии Чех дар шароити кунунӣ чизе бештар аз 100 ҳазор крон, яъне беш аз 6000 доллар лозим мешавад. Аммо ҳамаи ин боздеҳи хуб дорад, мегӯяд вай.
Весна Касерес мегӯяд, ки дар оянда ҳам ният дорад, ба ҳамин тарз кору зиндагии худро идома диҳад, ва танҳо дар фикри эҷоду мусиқӣ бошад. "Мардум назар ба гузашта бештар ба консертҳои зинда мераванд, ки хеле хуб аст", мегӯяд вай. "Ва онҳо синну соли мухталиф доранду дар айни замон, пайрави чандин жанри мусиқӣ ҳастанд - онҳое, ки ҷазро дӯст медоранд, рэпро ҳам гӯш мекунанду мусиқии классикиро ҳам.
Дар ниҳоияти сӯҳбат овозхони ҷаз Весна Касерес хост бо ҷашни 8 март кулли бонувони Тоҷикистонро табрик кунад. Вай гуфт, "ман хеле шодам, ки як рӯзи вижа барои таҷлили иди модарон, барои таҳияи ғизоҳои хубу шунидани мусиқии ширин мавҷуд аст. Ман барои ҳама занҳои тоҷик орзу мекунам, ки хушбахт бошанд. Ҳаминки субҳ бедор шуданд, ба оина нигоҳ карда ба худ бигӯянд: "Ман зебо ҳастам"! Худро қадр кунед ва дӯст доред".