Вале ҳамзамон мехоҳад кишварҳои мисли дафъаҳои гузашта дар таҳлука уфтодаи Аврупоро итминони хотир диҳад, ки ин иқдоми Газпром асобате ба онҳо нахоҳад кард. Ширкати давлатии Газпром, бузугтарин ширкати тавлидкунанда ва фурӯшандаи гази Русия, Украинаро дар напардохтани 600 миллион доллар қарзи ҷамъшудааш аз ин ширкат айбдор карда, ибтидо содироти газ ба Украинаро 25 ва то поёни рӯз 35 дарсад коҳиш дод.
Газпром мегӯяд, ин 600 миллион доллар пули наздики 2 миллиард метри мукааб газест, ки Украина истифода бурда, вале пулашро напардохтааст. Сухангӯи Газпром Сергей Куприянов вақте тасмими 25 дарсад коҳиш додани интиқоли газ ба Украинаро эълон мекард, аз ҷумла гуфт, истифодаи расминошудаи газ дар Украина идома дорад. То ҳол қарордоде ҳам имзо нашуда, ки тартиби ҳамкории минбаъда дар риштаи газро таъйин кунад. Дар чунин шароит, Газпром ба хотири таъмини манфиатҳои иқтисодии худ интиқоли газ ба харидорон дар Украинаро аз соати 10-и рӯзи душанбе 25 дарсад коҳиш дод.
Баъди чанд соат сухангӯи ширкати Нафтогази Украина Юрий Королчук гуфт, ба онҳо хабар расида, ки интиқоли газ аз ҷониби Газпром боз 10 дарсади дигар коҳиш ёфтааст. Вай афзуд, аз шарҳе, ки намояндаи Газпром дод, бармеояд, ки ба эътиқоди онҳо, Украина то ҳанӯз қарзҳояшро напардохтааст, вале Украина қарзҳои соли 2007-ро пардохт кардааст. Чизе ки ҳалношуда боқӣ мемонад, маблағи баҳсиест миёни Нафтогаз ва ширкати миёнҷии УкрГазЭнерго.
УкрГазЭнерго корхонаи муштаракест, ки ширкати Нафтогаз ҳамроҳ бо РосУкрЭнерго, миёнҷии дуввум дар тиҷорати газ байни Газпром ва Украина, таъсис додаанд. Ҳарду ширкати миёнҷӣ аз ҳисоби ба ҳам омехтани гази русӣ бо гази Осиёи Марказӣ ва ба Украина фурӯхтани он фоида ба даст меоварданд. Аммо сарвазири Украина Юлия Тимошенко, мулаққаб ба маликаи гази Украина, ки собиқаи тӯлонии баҳс бо ширкати Газпромро дорад, аз замони дубора нишастанаш ба раёсати кобинаи вазирон дар моҳи декабр шадидан мухолифи ҳузур ва дахолати ҳар навъ ширкатҳои миёнҷӣ дар тиҷорати гази байни Русия ва Украина аст.
Тимошенко ширкатҳои назири УкрГазЭнерго ва РосУкрЭнергоро ҷузъе аз сиёсатҳои фасодзада ва бемағзона мешумурад. Ҷолиб ин аст, ки рӯзи 1 март Тимошенко эълон кард, ки ширкати УкрГазЭнерго дигар ҳаққи фаъолият дар Украинаро надорад ва аз ин ба баъд гази Русия ба Украина тавассути танҳо ширкати давлатии Нафтогаз ворид мешавад. Аммо ҳамагӣ ду рӯз баъд аз ин эъломияи пурсарусадои маликаи гази Украина Газпром дигарбора қарзҳои Киевро ба ёд овард ва лӯлаи гази Украинаро 35 дарсад маҳкам кард.