Муҳоҷирони тоҷик дар Укроин мегуянд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар аз сӯи пулис таъқиб намешаванд ва дар дарёфти сабти иқомат ва дарёфти дигар асноди зарурӣ барои кор дар ин кишвар ба мушкиле рӯ ба рӯ нестанд.
Муқарраб, як муҳоҷири тоҷик, ки дар шаҳри Харкови Укроин ба ҳайси соҳибкор фаъолият дорад, дар ин бора мегуяд: “Ман дар маркази тиҷории Барабашови шаҳри Харкови Укроин ба ҳайси соҳибкор фаъоият мекунам. Дар ҳоли ҳозир корамон каме мушкил шудааст. Ва ин тавр аст, ки мардуми ин ҷо мисли мардуми Маскав пули зиёд надоранд. Аммо дар инҷо иҷораи хона ва зиндагӣ арзон аст. Баъд ин ҷо боз як хубии дигар ин аст, ки ҳуқуқи инсонро дар ин кишвар риоят мекунанд. Барои мисол, пулиси ин кишвар аз дунболи ҳар мардуми ғайри укроинӣ намегардад. Ҳамчунин мардуми ин кишвар низ бе ниҳоят хуб ва меҳмондустдор ҳастанд. Вақте ки муҳоҷир вориди ин кишвар мешавад, ӯ барои худ асноди иҷозаи кор баъдан сабти иқомат мегирад. Ва пас аз ин ӯ метавонад, ба роҳати кор кунад. Гирифтани ҳамаи ин аснод кори осон аст.”
Вай ҳамчунин афзуд, ки барои фаъолияти муҳоҷирон дар ин кишвар шароит муҳайё шудааст. Муқарраб мегуяд, аксари муҳоҷирони тоҷик дар Укроин дар бозорҳо кор мекунанд ва теъдоди ками муҳоҷирони тоҷик дар сохтмонҳои ин кишвар фаолият мекунанд. Вай ҳамчунин гуфт, аксари муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар бо хонаводаҳои худ зиндагӣ мекунанд:
“Бархе аз муҳоҷирони тоҷик аз бонкҳо қарз гирифта хона харидаанд. Ва тақрибан ҳамаи муҳоҷирони тоҷик дар Укроин соҳиби хона ҳастанд. Кори муҳоҷирон низ дар ин хуб аст. Аксари муҳоҷирони тоҷик дар бозорҳои ин кишвар кор мекунанд, теъдоди ками онҳо дар сохтмонҳо фаолият мекунанд. Ҳамчунин тоҷикон дар Укрон дар корхонаҳои давлати низ кор мекунанд.”
Дар Укроин муҳоҷирони тоҷик зиёд ҳастанд, аммо ба мисли муҳоҷирони Русия аз ҷамъияту созмонҳои худ бархурдор нестанд. Шаҳоб Саъдуллоев, як муҳоҷири тоҷик, мегуяд онҳо як замоне умеди як ҷамъияти фарҳангӣ сохтанро доштанд, аммо мутаассифона бо сабабҳои гуногун онҳо аз ташкили чунин ҷаъмият даст кашиданд. Оқои Шаҳоб далели ташкил нашудани ин ҷаъмиятро чунин тавзеҳ дод:
“Ҳадафи мо барои ташкили ҷамиятъ дар он буд, ки мардуми Тоҷикистонро ба мардуми ин кишвар ошно кунем. Ва мардуми тоҷик дар Укроин чуноне, ки дар Русия бо номи «Равшан»-у «Ҷамшуд» масхара мешавад, ёд нашавад. Кӯшишҳои мо барои он буд, ки мардум, таърих, фарҳанги миллати моро мардуми ин кишвар бишиносанд. Мо аз ҷаъмияти «Пайванд»-и Тоҷикистон кӯмак хостем, аммо вақте, ки занг мезадем, он ҷо як нафар гуширо гирифта, худро ҷонишин муаррифӣ кард ва гуфт, шумо бояд худро дар Укроин нишон бидиҳед ва баъдан мо ба шумо кӯмак хоҳем кард. Вақте ки мо дидем, ки дар ин масъала ҳар як инсон тамаъ дорад, барои ҳамин мо аз ин кор дилсард шудем ва ин корро дигар то ахир давом надодем”.
Ба гуфтаи Шаҳоб Саъдуллоев, дар Укроин муҳоҷири тоҷик бо муҳри сарҳад метавонад то се моҳ бе сабтиномшавӣ ба сар барад ва асноди худро барои кор ва зиндагӣ дар ин кишвар дуруст кунад. Муҳоҷирони тоҷики муқими Укроин мегуянд, ҳоло дар ин кишвар пул пайдо кардан каме мушкил аст, аммо ба ҳар ҳол шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар торафт бештар мешавад.