Интиқоди Буш ва Браун аз Эрон

Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ва сарвазири Бритониё Гордон Браун дар Вашингтон

Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ва сарвазири Бритониё Гордон Браун гуфтанд, барои пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ якҷоя талош хоҳанд кард.

>>>>: selected article -->

Дар суханронии худ дар нишасти якҷояи хабарӣ дар Кохи Сафеди Вошингтон, Буш гуфт, агар Эрон дар ғанисозии ураниум маҳорат пайдо кунад, ин дониш метавонад дар таҳияи бомби ҳастаӣ корбаст шавад: "Онҳо, яъне Эрон, худро нишон доданд, ки ғайриқобили эътимоданд. Ва чашм пӯшидан аз ину иҷозаи ғанисозӣ додан ва фикр кардан, ки ин барнома ва донишҳо ба барномаҳои ҳарбӣ интиқол дода нахоҳад шуд, ба қазовати ман, содалавҳӣ мебошад."

Дар навбати худ, Браун пешниҳод кард, ки таҳримҳои Аврупо зидди Эрон тақвият дода шавад. Вале ҳукумати Эрон талош ба силоҳи ҳастаиро рад мекунад.