Ахиран мақомоти Беларус дастур доданд, ки 10 дипломати амрикоӣ аз қаламрави ин кишвар берун шаванд. То кунун Вашингтон ба ин иқдоми фақат посухи лафзӣ додааст. Дар сӯҳбати хос бо радиои Озодӣ ёвари муовини котиби давлатии ИМА дар умури Русия, Украина ва Беларус Дейвид Меркел бо ишора ба вазъи ногувори ҳуқуқи башар дар Беларус изҳор намуд, ки шояд Вашингтон таҳрими Беларусро афзоиш диҳад.
Ба қавли Дейвид Меркел, Вашингтон возеҳ намуд, ки ихроҷи 10 дипломати амрикоӣ аз Беларус амали ноодилона аст, вале Вашингтон онро иҷро хоҳад кард. Ӯ меафзояд, ки ҳоло ИМА ҷавоби муносиб ба ин амалро арзёбӣ дорад. Вай гуфт, "мо ҳамаи интихобҳоро баҳс мекунем. Аммо наметавон гуфт, ки он ҳисоббаробаркунӣ хоҳад буд. Ин ҷониби Беларус аст, ки доимо дар паи маҳдудсозии имкони пуштибонии сафорати ИМА аз дастгирии кӯшишҳои озодихоҳии беларусиҳо ва иҷрои корҳои рӯзмарраи дипломатӣ мебошад."
Дейвид Меркел илова мекунад, ки иқдомҳои ИМА дар ҳамоҳангӣ бо муттафиқони аврупоӣ амалӣ мешаванд. Ӯ меафзояд, ки 28 март Иттиҳодияи Аврупо бастани суратҳисобҳои бонкӣ ва манъи вуруди мансабдорони Беларус ба қаламрави Иттиҳодияро барои як соли дигар тамдид кард. Ҷои ёдоварист, ки ИМА суратҳисоби бонкии ширкати Белнефтехимро мунҷамид кардааст ва соҳибкорони амрикоӣ ҳақ надоранд бо ин ширкат ҳамкорӣ намоянд.
Ёвари муовини котиби давлатии ИМА изҳори таассуф мекунад, ки президенти Беларус Александр Лукашенко аз мухолифинаш хавф дошта, фақат бо роҳи боздошту ҳабс бо онҳо мубориза мебарад. Меркел мегӯяд, ҷурми маҳбуси сиёсӣ Алексанр Казулин танҳо ин буд, ки мехост дар гирдиҳамоӣ шаръияти интихоботи президентӣ ва пирӯзии Лукашенкоро зери суол гузорад ва ин ҳамон ҳарфест, ки аҳли олам мегӯяд.
Дейвид Меркел илова мекунад, ки ахиран мақомоти Беларус ҷавони бистсола Андрей Кимро ҳам бо ҷурми ширкат дар ҷамъомади ғайриқонунии соҳибкорон аз озодӣ маҳрум карданд. Ӯ меафзояд, "мақомоти Беларус кишварро боз ҳам дар инзивои бештар қарор медиҳанд. Ва ба ақидаи ман, мардуми Беларус ба монанди мардуми Аврупо, ИМА ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, мехоҳанд имкон дошта бошанд, ки дар умури аврупоӣ ширкат варзанд, озодиҳояшон бештар шаванд. имкон дошта бошанд, ки раҳбаронашонро интихоб кунанд ва тавонанд, ки бидуни хатари боздошту ҳабс дар бораи масъалаҳои мавриди нигаронияшон сӯҳбат кунанд".
Дар поёни сӯҳбат бо радиои Озодӣ мансабдори амрикоӣ хотирнишон кард, ки аксари маҳбусони сиёсӣ ва мухолифини режими Лукашенко ҷавонон мебошанд ва онҳо мефаҳманд, ки ин режим дар шакли кунунӣ кишварро то ҷое намерасонад.