Имкони ташдиди таҳримҳо бар зидди Эрон

Мақомоти ИМА эълом доштанд, ки Шӯрои Амнияти СММ ба ҷуз ташдиди таҳримҳо алайҳи Теҳрон роҳи дигар надорад.

Ба гуфтаи намояндаи ҳайати Амрико дар СММ Ричард Гренел, равшан гардид, ки Эрон бо дархости ҷомеъаи байнулмилалӣ барои қатъи ғанисозии ураниум мувофиқ нест ва барои иҷрои он кӯшише ба харҷ надодааст. Ӯ афзуд, ки акнун Шӯрои Амнияти СММ чорае дигар надорад ва бояд таҳримҳо болои Теҳронро тақвият бахшад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки мӯҳлати посухи Эрон ба пешниҳоди гурӯҳи “шашгона”, яъне панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ - Амрико, Бритониё, Фаронса, Чин, Русия ба изофаи Олмон рӯзи 2-уми август хотима ёфт.

Теҳрон ба пешниходи гурӯҳи шашгона расман ҷавоб надод, бо вуҷуди ин раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи шанбе, 2-уми август, эълом намуд, ки дар мубоҳисот роҷеъ ба барномаҳои зиддунақизи ҳастаии худ Эрон як зарра ақибнишинӣ нахоҳад кард.

Вай ба вижа гуфт, “дар ҳар музокирае, ки ширкат мекунем ва ҳар мавзӯъеро, ки матраҳ мекунем, қатъан дар ҷиҳати тасбити ҳаққи ҳастаи Эрон аст ва миллати Эрон сари сузане аз ҳуқуқи худ ақибнишини нахоҳад кард”. Ба ин нукта Маҳмуди Аҳмадинажод дирӯз дар музокирот бо Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия ҳам ишора кард.

Дар нишасти хабарии муштарак бо Аҳмадинажод дар Теҳрон, Башор Асад ҳам нақши кишвараш дар қазияи барномаи ҳастаии Эронро равшан кард. Вай гуфт, ба ҷумҳурии исломӣ ҳамчун миёнарав ё фиристода сафар накардааст ва аз ҳеҷ раҳбари ғарбие ба Теҳрон паём наовардааст. Қаблан Башор Асад гуфта буд, раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ аз ӯ хостааст, дар нармиши мавқеъи Эрон саҳм бигирад.

Ғарб Эронро дар он муттаҳам мекунад, ки зери пушиши барномаи тавлиди нерӯи барқ талоши тавлиди силоҳи ҳастаиро дорад. Сухангӯи раиси бахши сиёсати хориҷаи Иттиҳоди Аврупо Ҳовиер Солано дар Брусел иттилоъ дод, ки Солано ва музокиракунандаи аршади Эрон Сайд Чалилй пешниҳоди гурӯҳи шашгонаро дар зуддтарин фурсат аз тариқи телефон баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳадс зада мешавад, ки ҳайати Амрико дар СММ барои аз сар гирифтани баррасии мавзӯъи барномаи ҳастаии Эрон дар Созмони Миллал пофишорй кунад. Гуфта мешавад, ки айни ҳол дипломатҳои 14 кишвари узви Шӯрои Амният дар мавриди шурӯъи дубораи баҳси барномаи ҳастаии Эрон ва эъломи таҳримҳои нави иқтисодй алайҳи Теҳрон бетафовутӣ зоҳир мекунанд.

Ба гуфтаи коршиносон, ин гуна мавзеъгирии дипломатҳо бо интихоботи раёсатчумҳурии Амрико дар моҳи ноябр бастагӣ дорад ва онҳо мехоҳанд бубинанд, ки интихобот ба сиёсати Амрико дар баробари Эрон таъсире хоҳад гузошт ё на.