Давлат Назриев, сухангӯйи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, гуфт, сарвари Чин аввалин нафари баландмақоме хоҳад буд, ки дар «Кохи миллат» рӯзи 27 август бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мулоқот хоҳад кард. Вай афзуд, дар ҳамин қаср рӯзи 29 август раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев мулоқот хоҳад кард.
Оқои Назриев гуфт, мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Кохи Сомони бӯстонсарои ҳукуматӣ баргузор мешавад.
Сохтмони Кохи Миллат, ки дар маркази шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон қомат афрохтааст, соли 2002 шурӯъ шудааст. Қаблан дар ин маҳалл фирқаи 201-уми пиёданизоми Русия мустақар буд. Корҳои сохтмонии «Кохи миллат»-ро ширкати сохтмонии Итолиё мавсум ба СОДEST ба анҷом мерасонад.
Ҳазинаи ин сохтмон то ба ҳол дақиқ нашудааст. Мақомоти масъули ҳукумати Тоҷикистон аз қабл ба ин сӯ дар мавриди маблағи умумии ин иншоот иттилоъи дурусте пешниҳод накардаанд. Аммо тибқи манобеъи ғайрирасмӣ, ҳазинаи ин сохтмон миллионҳо доллари амрикоиро ташкил мекунад. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон қашшоқтарин кишвари фазои собиқ Шӯравӣ ба шумор меояд.