Иддае аз коршиносон бар ду мушкил, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ишорат мекунанд. Иддаи дигар мегӯянд, мушкил дар сохтори омӯзиш ва адами сарфу наҳви анъанавии забони тоҷикӣ маҳфуз аст, ки ҳатто худи соҳибзабонон бо забони модарӣ дуруст ҳарф зада наметавонанд.
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, тайи 19 соли тасвиби Қонуни забон сатҳи забондонии бар асари даврони Шӯравӣ коҳишёфтаи тоҷикон ба он хотир беҳ нашуд, ки иқтисоди Тоҷикистон рушд накард. Вай афзуд, гап дар сари на сармоягузориҳои давлат ба рушди забон, балки манфиатдории иқтисодии омӯзиши як забон меравад: «Бубинед, ки чаро англисиву русӣ мехонанд? Барои он ки бо ин забонҳо ба Амрикову Русия мераванд, дар ягон корхонаи хориҷӣ кор мекунанд ва фоида ба даст меоранд».
Оқои Мирзо афзуд, ҳоло дар Тоҷикистон бештар онҳое кӯшиши омӯхтани забони тоҷикӣ мекунанд, ки мехоҳанд ягон мансаб гиранд, ё манфиати иқтисодӣ бинанд.
Қонуни забон ҳанӯз 19 сол қабл аз сӯйи собиқ Шӯрои Олии Тоҷикистон ба тасвиб расида буд. Тоҷикистон аввалин кишвари собиқ Шӯравӣ буд, ки забони миллиро давлатӣ эълом дошт. Аммо коршиносон мегӯянд, бо тағйири ҳукумати онвақта ва ҷанги шаҳрвандӣ рушди мавриди назари забони тоҷикӣ таҳти суол қарор гирифт. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар кишварҳои дигар забонҳои миллӣ мавқеъи худро хеле мустаҳкам карданд. Аз ҷумла, дар Қирғизистон ва Қазоқистон донистани забони давлатӣ барои номзад ба мақоми раисҷумҳурӣ ҳатмист. Ва дар Озарбойҷон барои соҳиби кор шудан ҳатто намояндагони васоити ахбори умум аз забони озарӣ имтиҳон месупоранд.
Иддае аз коршиносон мегӯянд, дар замони ҳукумати Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, забони тоҷикӣ дар қиёс бо даврони Шӯравӣ бамаротиб рушд кардааст. Онҳо забондонии худи раисҷумҳурро мисол меоранд. Аммо иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, ба таври умум дар ҷомеъаи Тоҷикистон рушди қобили таваҷҷӯҳи забони тоҷикӣ ба назар намерасад ва аммо ин мушкили моливу сиёсӣ нест ва агар ба сиёсатҳои давлат рабт дорад, кам аз сармоягузориҳояш вобаста аст.
Қосими Бекмуҳаммад, коршинос дар умури сиёсӣ, мегӯяд, мушкили аслии Тоҷикистон фосила миёни гӯйиши мардум ва забони адабӣ аст. Вай афзуд, тоҷикон аслан дар ҷойбаҷогузории мубтадову хабару дигар аъзои ҷумла иштибоҳ намекунанд: «Иштибоҳ дар тафовути миёни гӯйиши мардум ва забони адабӣ аст. Замоне сарфу наҳви русиро ба забони мо бор карданд ва ҳоло мо бо калка сӯҳбат мекунем. Калимаҳо тоҷикӣ - грамматика русӣ».
Оқои Бекмуҳаммад афзуд, тоҷикон бояд ба сарфу наҳви анъанавии забони тоҷикӣ баргарданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки бозгашт ба хати форсӣ сурат гирад.
Баҳсҳо рӯйи бозгашт ба хати форсӣ дар Тоҷикистон аз чанд моҳ ба ин сӯ идома доранд. Ахиран Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷашни Иди забон эълом дошт, ки ҳеҷ заруратеро барои бозгашт ба хати форсӣ намебинад.
Иддае дигар аз коршиносон ба он ишора мекунанд, ки омӯзиши забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон ба далели фосилаи гӯйиши мардумӣ аз забони адабӣ барои ғайритоҷикони кишвар низ мушкил гардидааст. Онҳо мегӯянд, ҳатто мӯҳлате барои як ҳамзабони эрониву афғонистонӣ зарур аст, то бо лаҳҷаи Тоҷикистон ошноӣ пайдо кунад ва тоҷикиро фаҳмад.
Наталия Ямлиханова, як хонуми руси муқими Душанбе, ки дар як созмони хориҷӣ кор мекунад, мегӯяд, аз хурдӣ миёни тоҷикон зиста, забони тоҷикиро омӯхтааст. Вай афзуд, аммо барои ӯ зарур омадааст, ки боз забони адабиро омӯзад: «Лаҳҷаҳои маҳаллӣ аз забони адабӣ фарқ мекунанд. Қаблан забони тоҷикӣ соддатар буд. Забони кӯча ба забони матбуоту телевизион наздиктар буд. Акнун калимаҳои нав ворид шудаанд. Ман як қатор калимаҳоро дар телевизиону матбуот вомехӯрам, ки ҳатто онҳоро дар луғати калони тоҷикӣ-русӣ пайдо карда наметавонам. Ман бояд аз нав тоҷикиро омӯзам. Хуб мешуд, агар ҳукумат барои мо ва ҳатто худи тоҷикон курсҳои махсус ташкил кунад. Ман чанд шиноси тоҷик дорам, ки онҳо ҳам тоҷикиро намедонанд. Агар курсҳо бошанд, мо метавонем равему забони тоҷикиро омӯзем».
Коршиносон мегӯянд, дар ҳоли идома пайдо кардани ин раванд, касодии иқтисод ва афзойиши солонаи теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ беҳбуд ёфтани вазъи забони тоҷикӣ низ таҳти суол хоҳад рафт. Онҳо мегӯянд, ин мушкил дар кул мушкили омӯзиши забонҳои дигар, бахусус русиро барои муҳоҷирон пеш овардааст, ки яке аз далоили поён рафтани эътибору эҳтироми онҳо ва дар маҷмӯъ тоҷикон дар Русия шудааст.