Маълумоти пинҳони Тоҷикистон

Рӯзноманигорони тоҷик зимни як мизи гирд дастрасӣ ба иттилоотро сангинтарин мушкили рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Ин мизи гирд дар Душанбе бо ибтикори Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри 21» бо ширкати намояндагони марказҳои матбуотии ниҳодҳои зиддахли Тоҷикистон ва кормандони ВАО сурат гирифт.

Сафо Сафаров, мудири масъули Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри 21», мегӯяд, феълан дастрасии рӯзноманигорон ба иттилоот аз сӯи мақомоти давлатӣ тадриҷан маҳдуд мешавад ва онҳо аз додани иттилоот ба рӯзноманигорон худдорӣ меварзанд. Оқои Сафаров ҳадаф аз ташкили ин мизи гирдро тақвият бахшидании ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ бо рӯзноманигорон ҷиҳати дастарасии бештар ба иттилоъ арзёбӣ кард.

Аммо Маҳмудхон Сараев, масъули идораи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ташкили марказҳои матбуотӣ дар ниҳодҳои давлатӣ мушкили дастрасии рӯзноманигорон ба иттилоотро осон кардааст.

Вале рӯзноманигорон мегуянд, ки марказҳои матбуотӣ вазифаи худро дуруст иҷро намекунанд. Аваз Юлдошов, хабарнигори оҷонсии «Азия-плюс», гуфт, ҳарчанд марказҳои матбуотӣ барои робитаи мақомот бо васоити ахбори омма таъсис ёфтаанд, вале аксарвақт бо ҳар баҳона суолҳои рӯзноманигоронро беҷавоб мегузоранд. Вай гуфт, кор ба ҷое расида, ки ниҳодҳои масъули давлатӣ аз додани иттилоот дар мавриди он ки Тоҷикистон чанд тонна карам ё шалғамро ба хориҷа содир мекунад, сирри давлатӣ месозанд ва бо ин баҳона ба рӯзноманигорон иттилоъ намедиҳанд.

Нуралӣ Давлат, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, котибони матбуоти вазоратҳо ва идороти давлатӣ аз додани итилооти фаврӣ худдорӣ мекунанд ва аз рӯзноманигорон талаб мекунанд, ки аз идораи нашрия ё оҷонсӣ унвонии вазирон ва роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ нома ирсол бикунанд, баъд онҳо иттилоот медиҳанд. Оқои Давлат афзуд, ин худ нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон аз сӯи масъулин аст ва гузашта аз ин агар рӯзноманигор муроҷиати хаттӣ ҳам омода кунад, мақомот ба суоли вай баъд аз як ё ду ҳафта посух медиҳанд, ки дар он замон ин иттилоъ аҳамияти худро гум мекунад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, дар ҳоле дар бораи ҳаводиси ахири корхонаи арзизи Тоҷикистон ва воқеъаи Ҳасан Саъдулоев, раиси Ориёнбонк ва додараруси раисҷумҳур Раҳмон, овозаҳо ба тамоми дунё паҳн шуданду мақомот ақалан нишасти матбуотие доир накарданд, то ба мардум иттилооти дуруст бирасад, вазъи дастрасӣ ба иттилоотро наметавон мусбат арзёбӣ кард. Оқои Каршибоев афзуд, барои он ки мушкили дастрасӣ ба иттилоот осон шавад, алъон ба мансабдорони тоҷик омӯхтани аҳамияти пахши иттилоот зарур шудааст.

Дастандаркорони ин нишаст қарор аст, натоиҷи ин мизи гирдро рӯи як санад гирд оварда, ҷиҳати ҳали мушкили дастрасии рӯзноманигорон ба иттилоот унвонии ҳукумати Тоҷикистон ирсол намоянд.